Бар асари ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои артиши Афғонистон ба мадраса дар минтақаи Дашти Арчии вилояти Кундуз, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, даҳҳо нафар ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад CA-News бо истинод ба шабакаи телевизионии Tolonews.
Бино ба маълумоти шӯрои вилоят, дар натиҷаи ин ҳамла ҳудуди 50 нафар кушта шудаанд, ки аксарашон толибон ва сокинони маҳаллӣ мебошанд.
Тибқи маълумоти хабаргузории Pajhwok, ҳадди ақал 20 нафар захмишудагон ба беморхонаи маҳаллӣ мунтақил шудаанд.
Гуфта мешавад, замони ҳамла дар бинои мадраса 200 нафар ҳузур доштаанд, аз ҷумла яке аз аъзои шӯрои олии «Толибон» - "Шӯрои Кувейта", ки қароргоҳаш дар шаҳри Кувейта воқеъ аст. Бар асари ҳамла бинои мадраса вайрон шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Сафири Эрон: “Амрикову Исроил мехостанд давоми 48 соат Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо Эрон ин нақшаро вайрон кард”
“Фаластини озод” ва “Таблиғи ҷанг дар мактабҳои Русия”. Кадом филмҳо ҷоизаи "Оскар-2026" гирифтанд ва чӣ паём доштанд?
Талоши Трамп барои “бозкушоии тангаи Ҳурмуз” ва идомаи ҳамлаи тарафҳо. Ду рӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Набард ва пирӯзии Адолат. Чӣ тавр зани тоҷик девори қолаб шикаст ва ширкати худро сохт?
Сардори Раёсати тандурустии Суғд, ки ба ришвагирӣ гумонбар буд, бо пардохти ҷарима аз ҳабс озод шудааст
Як бунёди аврупоӣ ба ширкати “Шоҳин Эйрлайнз” беш аз $200 млн сармоягузорӣ мекунад
Ҳушдори мақомот ба роҳбарони бозорҳои пойтахт барои қимат фурӯхтани маҳсулот дар иди Рамазон
Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 47
Расонаҳо: Куштори як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қундузи Афғонистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста