Раҳбарони ИМА ва Украина - Доналд Трамп ва Владимир Зеленский дар шаҳри Ню-Йорк мулоқот карданд. Ин нахустин мулоқоти расмии раҳбарони ду кишвар аст.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Зеленский пеш аз оғози вохӯрӣ гуфтааст, вазифаи аввалиндараҷаи ҳукумати ӯ мубориза бо коррупсия, барқарории тамомияти арзии Украина ва қатъи даргириҳо дар шарқи ин кишвар аст. Вай ҳамчунин аз таъсиси додгоҳи зидди фасод дар Украина хабар дод.
Трамп дар навбати худ изҳор доштааст, ки Русия нимҷазираи Қримро дар давраи маъмурияти президенти пешини ИМА Барак Обама ишғол кард. Ӯ талошҳои Зеленскийро барои пирӯзӣ ба коррупсия дар Украина ситоиш кард ва хабар дод, ки ИМА интиқоли силоҳ ба Украинаро оғоз намуд.
Трамп изҳори умед кардааст, ки раҳбарони Русия ва Украина бо ҳам мулоқот ва мушкилиҳои мавҷударо баррасӣ хоҳанд кард. Ба гуфтаи ӯ, чунин гуфтугӯҳо дастоварди бузурге хоҳанд буд.
Зеленский низ изҳор доштааст, ки Украина дар сиёсати дохилии ИМА дахолат карданӣ нест. Ӯ гуфт, ба ИМА на барои кумак, балки барои дастгирӣ рафтааст.
Президенти Украина дар шарҳи суҳбати телефонии ахираш бо Трамп, ки баҳсҳоеро ба вуҷуд овардааст, гуфтаас, ҳангоми суҳбат ҳеч гуна фишореро аз сӯи президенти ИМА эҳсос накардааст ва ваъдае ҳам надодааст.
Сухан аз дархости Трамп дар бораи таҳқиқи фаъолияти писари муовини пешини президенти ИМА Ҷо Байден дар Украина меравад. Президенти ИМА гӯиё дар ин суҳбат аз ҳамтои украиниаш хостааст, ки зидди писари рақиби сиёсияш дубора тафтишотро оғоз кунанд.
Бештари демократҳои Амрико "дархост"-и Трампро берун рафтан аз доираи ваколатҳои худ ва асос барои таҳқиқи фаъолияти ӯ медонанд, ки эҳтимол аст, бо изҳори нобоварӣ ба вай бианҷомад.
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ ба буҷет пардохт кардаанд
Кор дар Қатар. Хадамоти муҳоҷират бори дигар хоҳишмандонро барои кор ба ин кишвари арабӣ даъват кард
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Мижгона Самадова то даври чаҳорякниҳоӣ расид
Имсол “Наврӯз” дар Тоҷикистон кай фаро мерасад?
Дабири кулли СММ Тоҷикистону Қирғизистонро бо имзои созишномаи таърихӣ табрик кард
Арзиши хидматрасониҳои муассисаҳои хусусии томактабии Тоҷикистон пасттарин дар Осиёи Марказӣ аст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2025
Гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон: харита ва реҷаи кори онҳо
Пагоҳ сокинони Тоҷикистон гирифти Моҳро мушоҳида карда метавонанд?
Маош ва мақоми омӯзгорон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ гуна аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста