Блогерони тоҷик бо мақсади кумак ба ҳазорон шаҳрванди Мянмар, ки дар пайи таъқибу куштори мусалмонҳои Роҳинҷа ба ҳамсоякишвар фирор карда буданд, ба Бангладеш рафтанд.

Парвиз Иброҳимов, ки дар YouTube саҳифаи “Путь к Добру” (Роҳ ба сӯйи некӣ)-ро гардон мекунад, айни ҳол дар Бангладеш қарор дорад. Ӯ дар суҳбат бо Asia-Plus мақсади ба он ҷо рафтанашро ёрӣ расонидан ба гурезагон ва нишон додани фарқи зиндагии онҳо бо ҳаёти аҳолии Тоҷикистон унвон кард.

“Ҳадафи ба сарҳади Бангладеш ва Мянмар омадани мо кумак ба бародарони мусалмон аст, ки дар азобанд. Ду сол пеш вақте инҳоро мекуштанду азият медоданд, ҳама дар Интернет менавиштанд ё мегуфтанд: “Мо барои кумак омодаем. Чизе аз дастамон ояд, дареғ намедорем”. Аз байн 2 сол гузашт, аммо ягон нафар ба ин ҷо сафар накард ва кумак ҳам нафиристод. Тасмим гирифтам, ба ин ҷо оям ва аз ҳаёти фирориён гузоришҳо омода намоям”, - иброз дошт Парвиз.

Ба гуфтаи ӯ, вақте ба назди гурезагон рафтанд, аксари мардуми маҳаллӣ хоҳиш мекарданд, то кумакашон намоянд.

Мақсади асосии блогерони тоҷик нишон додани фарқи зиндагии тоҷикон бо фирориёни Роҳинҷа будааст: “Қисме аз ҳамватанони мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз зиндагии худ шикоят мекунанд. Шароитамон вазнин, ба мо ёрӣ расонед ва монанди инҳо. Замоне ин ҷо омадам, бо чашми сар дидам, ки мардум дар кадом шароит зиндагӣ доранд. Хостам бо гузоришу видеоҳои худ ба мардуми Тоҷикистон расонам, ки ҳарчанд қисми зиёди сокинони мо дар муҳоҷиратанд, беҳтарин зиндагиро ба сар мебарем. Мехоҳам дар видеоҳои худ ҳақиқатро нишон диҳам, то каме ҳам бошад, мардуми камбағали Тоҷикистонро шод гардонам, ки онҳо беҳтар аз ин мардум зиндагӣ мекунанд”.
1/3

Маблағҳои кумакпулӣ ва хароҷоти роҳи блогерони тоҷикро сармоягузорон ва бинандагони саҳифаашон пардохт мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, ашхоси наворҳои онҳоро тамошо мекарда занг зада, мегӯянд, барои сохтани ин ё он иншоот мо сармоягузорӣ мекунем.

“Аз сабаби он ки қисми зиёди тамошобинон муҳоҷиронанд, мо лоиҳаи “Ганҷи муҳоҷир”-ро роҳандозӣ кардем. Агар ин ҷо қубури обкашӣ месозем ё ҷоеро таъмир мекунем, ҳатман нишонае аз Тоҷикистон – парчами кишварамон ва номи лоиҳаи “Ганҷи муҳоҷир”-ро мемонем”, - афзуд Парвиз.

Айни замон онҳо кандани 20 чоҳи обкашӣ, таъмири чанд хона ва як мадрасаро дар нақша доранд. Инчунин ба зиёда аз 100 нафар кӯдакони ятиму бепарастор либос харида, ҳадя кардаанд.

Сипас онҳо нақша доранд, ки ба Арабистони Саудӣ, Туркия ва ё Дубай рафта, дар бораи зиндагии мардуми он шаҳру кишварҳо низ барои тоҷикистониён гузоришҳо омода кунанд. Зимнан муайян кардаву нишон доданиянд, ки бештар кадом қишри аҳолӣ ба Худованд шукргузорӣ мекунад – мардуми камбизоат ё сарватманд.


Парвиз Иброҳимов мегӯяд, на дар ҳама ҷойи кишварамон ҷоҳи об канда мешавад: “Дар Тоҷикистон он ҷойҳое, ки метавон чоҳ канд, мардум худашон об баровардаанд. Дар баъзе минтақаҳо ҳатто агар чоҳ биканӣ, об намебарояд. Барои об гузарондан маблағи калон лозим аст, ки мо надорем. Дар ин ҷо барои сохтани як қубури обкашӣ барои мо 100-150 доллар басанда аст. Фарқ байни ин ҷо ва Тоҷикистон аз замин то осмон аст”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.