Табиби 41-сола аз Ӯзбекистон кормандони бонки хусусиро дар Анталияи Туркия гаравгон гирифт.

Тавре Podrobno.uz хабар медиҳад, зимнан ӯ ба онҳо бо таппончаи бозичагӣ таҳдид кардааст.

Шаҳрванди Ӯзбекистон тахминан соатҳои 9:45 дақиқаи рӯзи 17-уми декабр ба ин бонк меояд. Ӯ мили таппочаро ба сӯйи кормандон рост карда, огоҳ мекунад, ки маводи тарканда дорад (минбаъд ин тасдиқ намешавад). Сипас ӯ ҳамаи мизоҷони бонк ва занони корманди бонкро раҳо карда, танҳо мардонро гаравгон мегирад.

Бино ба маълумоти нашрияи туркии Haberler, воҳидҳои пулис ва хадамоти таъиноти махсус таъҷилан ба ҷойи ҳодиса  даъват шуда, зимни гуфтушунидҳо табибро муътақид месозанд, ки таслим шавад.

Маълум шудааст, ки шаҳрванди Ӯзбекистонро ба ин амал фиреб аз ҷониби бонк водор кардааст. Айни замон ӯ ба ҳабс гирифта шуда, тафтишоти ҳодиса идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.