Ба консерни Boeing аз рӯйи натиҷаҳои соли 2019 дар ҳаҷми 636 млн доллар зиёни соф расидааст. Дар ин бора дар ҳисоботи ширкат сухан меравад, ки ба он Медуза истинод меоварад.
Тавре Bloomberg менависад, ин нахустин зарари солонаи Boeing аз соли 1997 мебошад.
Дар ҳисоботи Boeing зикр мегардад, ки зиёни сабтшуда дар семоҳаи чоруми соли 2019 аз фаъолияти асосӣ таъсири садамаҳои ҳавопаймоҳои 737 MAX-ро нишон медиҳад.
Бино ба арзёбии Boeing, ба садама дучор шудани ду ҳавопаймо ба хароҷоти на камтар аз 18 млрд доллари ширкат боис мегардад.
Гуфта мешавад, ба ҳисобу китоби ин арзёбӣ ҷубронпулӣ ба фармоишгарон, ки ҳавопаймоҳои 737 MAX-ро бинобар сабаби боздошти истеҳсоли ин ҳавопаймоҳо гирифта наметавонанд, низ дохил мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.