Баҳси овозхон Манижаву сурудаш, ки барои ширкат дар озмуни "Евровидение-2021" аз Русия интихоб шуд ба сатҳи раиси Шӯрои федеролии Русия расид.
Валентина Матвиенко, раиси Шӯро матни суруди "Зани рус"-и Манижа Сангинро интиқод кард ва дастур дод, ки дар бораи раванди интихоби ширкаткунанда ва сурудаш маълумот ҷамъоварӣ шавад, хабар медиҳад "МК.ру".
"Касе, ки ба матни ин суруд ошно нест, тавсия медиҳам. Ин як дарҳамбарҳамӣ ва дар маҷмуъ кадом як сафсата аст. Ман дар маҷмуъ намефаҳмам, ки ин чист. Ва дар бораи чист?",-гуфтааст ӯ дар ҷаласаи палатаи болоии порлумони Русия.
Матвиенко ба сенатор Елена Афанасева дастур дод, ки аз Шабакаи якум иттилооти марбут ба шеваи баргузории овоздиҳӣ ба ин сурудро дархост кунад.
"Аҷиб аст, ки гӯё ҳама чиз аз байн меравад",- изҳори нигаронӣ кардааст Матвиенко.
Раиси Шӯрои федеролӣ ҳатто унвони сурудро "авбошӣ" ва "навъе тангназарӣ" номид. Ӯ пешниҳод кард, ки рӯйи ин фикр шавад, ки чӣ гуна бояд номи сурудро иваз кард ва дар матни он ба ҷойи вожаи "русӣ" аз "ноболиғ" истифода шавад.
Интиқоди Матвиенко дар ҳолест, ки дар Русия интихоби овозхони тоҷиктабор Манижаи Сангин ва суруди "Зани рус"-и ӯ барои намояндагии ин кишвар дар озмуни "Евровидение" мавҷу баҳсу интиқодҳоро ба бор овардааст.
Аз ҷумла вакили Думаи давлатии Русия Виталий Милонов дар мавҷи радиои "Комсомолская правда" бо муҷрии радио шарт бастааст, ки агар Манижа ба даври ниҳоӣ роҳ ёбад ӯ маоши якмоҳааш (400 ҳазор рубли русӣ)-ро хайр мекунад.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои Русия бештари корбарон ва чеҳраҳои сиёсиву иҷтимоӣ интихоби Манижаро як таҳқире барои Русия унвон кардаанд. Бархе аз корбарону коршиносони тоҷик ин гуна вокунишҳо ба суруд ва шахсияти худи Манижаро натиҷаи миллигароии шадид ва шовинизми мавҷуд дар Русия унвон мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст
Боздошти як зани 44-сола бо гумони куштори тифли 11-моҳа дар Хуҷанд
Мусодираи қариб 6,5 ҳазор қуттӣ тамоку, ки бо роҳи қочоқ вориди кишвар шуда буд
Ба президент мутобиқсозии растаниҳои нодирро ба шароити Тоҷикистон нишон доданд
Раёсати Оҷонсии зиддифасод: Муовини раиси Исфара барои фурӯши замин ҷарима шуд, вале то ҳол дар мансаб аст
Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон ба мусобиқаи Тоскулоҳи бузург ба Тошканд меравад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Силии нақд аз атои нася беҳ”
Чаро фармони даъвати баҳорӣ дар Тоҷикистон имсол дар моҳи феврал содир шуд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 феврали соли 2025
Нархи нобудсозии мошин. БДА овозаи аз 10 то 15 ҳазор сомонӣ шудани нобудсозии нақлиётро рад кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста