Дирӯз, 27 октябр, дар шаҳри Теҳрон дувумин нишасти вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба иловаи Русия баргузор шуд. Онҳо дар мавриди вазъи ҷории Афғонистон ва роҳҳои кӯмак ба мардуми ин кишвар барои рафъи мушкилоту чолишҳои ҷиддӣ баҳс карданд.
Чаро “Толибон” даъват нашуданд?
Дар нишаст вазирони корҳои хориҷи Эрон, Тоҷикистон, Покистон, Ӯзбакистон, Туркманистон ба таври ҳузурӣ ва вазирони корҳои хориҷии Русия ва Чин ба таври маҷозӣ суханронӣ карданд.
Намояндагони "Толибон" (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) даъват нашуданд. Забеҳуллоҳ Муҳоҷид, сухангӯи "Толибон" гуфт, “ин нишасти ҳамсоягони Афғонистон аст ва онҳо барои ширкат дар он даъват нашудаанд”.
Кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?
Пештар гуфта мешуд, ки нишаст бо суханронии раисҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ оғоз мешавад. Вале ин чунин нашуд, ба ҷойи Раисӣ муовини аввали ӯ, Муҳаммад Мухбир суханронӣ кард. Мухбир гуфтааст, ҷанги 20-солаи Афғонистон ба ҷуз афзоиши ноамнӣ, ифротгароӣ, рушди терроризм ва ақибмондагии иқтисодӣ натиҷае барои мардуми Афғонистон надошт.
Дар нишати Теҳрон, масъалаҳои зарурати иқдомоти ҷиддӣ барои таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон, саъю кушиш бобати расондани ёрии башардӯстонаи байналмилалӣ ба мардуми Афғонистон, таваҷҷуҳи байналмилалӣ ба вуруди паноҳҷӯёни афғонистонӣ ба кишварҳои ҳамсоя ва кӯмаки кишварҳои ғарбӣ ба онҳо, инчунин, муборизаи том бо терроризм мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Кӣ чӣ гуфт?
Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, Тоҷикистон ҳукумати ба таври зӯрӣ ва бидуни ризоияти мардум ба қудрат омадаро дар Афғонистон ба расмият намешиносад ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, ки барои ҳалли мушкилоти Афғонистон талош кунанд.
Ӯ зикр намудааст, ки Душанбе наметавонад мардуми Афғонистонро дар ин рӯзҳои сахт танҳо бигзорад ва фишори “Толибон” бар гурӯҳҳои қавмӣ, аз ҷумла тоҷикон ва ҳазораҳоро маҳкум мекунад.
Вазири корҳои хориҷаи Русия Сергей Лавров аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон хостааст, ба Амрико ва НАТО иҷозаи ҷобаҷо кардани нерӯро дар қаламрави худ надиҳанд.
“Мо бори дигар аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон даъват менамоем, ки аз ҳузури низомии ИМА ва НАТО дар қаламрави худ ҷилавгирӣ кунанд, зеро ин кишварҳо қасд доранд ба далели хуруҷи нирӯҳо аз Афғонистон ба онҷо кӯч диҳанд”,- гуфтааст Лавров.
Ӯ ваъда додааст, ки Русия ба Афғонистон як гурӯҳи кумаки башардӯстонаро аз маҳсулоти ғизоӣ, доруворӣ ва ниёзи аввалия мефиристад.
Вазири корҳои хориҷии Чин Ванг Йи гуфтааст, онҳо омода ҳастанд, ки мизбони нишасти сеюми ҳамсоягони Афғонистон шаванд.
“То ҳол мо дар самти дуруст пеш рафтаем ва умедворем, ки ҳама метавонем ба сулҳу субот дар Афғонистон саҳм гузорем. Чин дар масъалаи Афғонистон бо намояндагони мамлакатҳои гуногун машварат кард”,- афзудааст ӯ.
Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷаи Покистон, таъкид кардааст, ки ташкили кобинаи муваққатӣ метавонад роҳро барои ташкили ҳукумати фарогир аз намояндагии мардуми Афғонистон боз кунад. Вай талаб кардааст, дороиҳои басташудаи Афғонистон дар кишварҳои дигар озод карда шавад.
Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷии Ӯзбакистон, гуфтааст, омодаанд бо Афғонистон дар арсаи маориф ва иқтисод кӯмак кунанд ва онҳо ҳам хостори ташкили ҳукумати фарогир бо ҳузури гуруҳҳои мухталиф ва этникӣ дар ин кишвар шудаанд.
“Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд тааҳҳудоти худ дар баробари Афғонистонро иҷро кунад ва гурӯҳи ҳокими Афғонистон ба талабу интизориҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва мардуми Афғонистон гӯш диҳад ва иҷро кунад”, - афзудааст ӯ.
Рашид Мередов, вазири умури хориҷаи Туркманистон бо баёни ин ки Афғонистони амн ҳаққи мардуми ин кишвар аст, гуфтааст, "мо бояд иқтисоди Афғонистонро эҳё кунем".
“Мо аз музокироти ҳамаи гурӯҳҳои афғон пуштибонӣ мекунем ва умедворем, ки дар ҳукумати оянда намояндагони ҳама миллатҳо хоҳанд буд. Мо барои ноил шудан ба ин ҳадаф бо мақомоти муваққатии Афғонистон ҳамкорӣ хоҳем кард”, - афзудааст ӯ.
11 бахш. Қабули изҳороти муштараки вазирони корҳои хориҷӣ
Дар поёни нишаст, вазирони корҳои хориҷии ҳамсоягони Афғонистон ва иловаи Русия изҳороти муштарак қабул намуданд, ки он аз 11 бахш иборат аст. Мазмуни изҳорот ҳалли сареъи мушкилот дар Афғонистон, кумакҳои фаврии башардӯстона, аз ҷумла маводи ғизоӣ, доруворӣ, таҷҳизоти зимистона ба ин кишвар, риояи ҳуқуқи ҳамаи ақалиятҳо ва занону духтарон ва инчунин, имконияти вуруди гурезаҳои Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя ва ҷаҳон, пешгирӣ аз таконҳои минбаъда ба кишварҳои ҳамсоя ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Роҳи ҳалли мушкилот пайдо шуд ё не?
Коршиносони тоҷик натиҷаи нишасти Теҳронро гуногун таъриф мекунанд. Қисме бар ин назаранд, ки нишасти мазкур барои ҳалли мушкилоти Афғонистон роҳ кушод, вале иддае мегӯянд, ин нишаст танҳо аз қабули изҳороти муштарак иборат буд ва ҳалли мушкилоти ин кишвар боз ба кунҷи фаромӯшӣ меравад.
Таҳлилгари масоили Эрон, рӯзноманигори тоҷик Қосими Бекмуҳаммад гуфт, дар нишасти Теҳрон намояндагони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба дарки беҳтаре аз чашмандози таҳаввулоти ин кишвар ва зарурати пайдо кардани роҳҳалҳои муносиби буҳрони кунунии он наздиктар шуданд.
Вале коршиноси масоили Афғонистон ва Эрон Раҳматулло Абдуллоев назари дигар дорад. Ӯ мегӯяд, нишасти Теҳрон барои ҳалли мушкилоти Афғонистон роҳеро боз накард.
“Дар нишаст изҳорот пахш шуд, вале дар амал ҳеҷ коре карда намешавад ва мушкилот ҳамон тавре, ки ба вуҷуд омада буд, рӯз аз рӯз вазнинтар мешавад”, - афзуд Абдуллоев.
Ин коршиноси тоҷик гуфт, бо вуҷуди он ки мақсади нишастҳои Теҳрон ва Маскав дарёфти сиёсти муштарак ба хотири ҳалли мушкилоти Афғонистон аст, вале ду нишасти охир нишон дод, ки ҳанӯз барои дарки воқеияти Афғонистон дар байни кишварҳои минтақа муносибати ягона нест.
“Мақсади нишасти Теҳрон паём додан ба низоми толибонӣ буд, ки дар кадом ҳолат давлатҳои ҳамсоя ва минтақа метавонанд бо ҳукумати онҳо ҳамкорӣ намоянд”,- гуфт ҳамсуҳбати мо.
Қосими Бекмуҳаммад бар ин андеша аст, ки “нишасти Теҳрон дар қиёс бо нишастҳои ахири марбут ба Афғонистон нишон дод, ки кишварҳои ҳамсояи Афғонистон беш аз дигарон нигарони ояндаи минтақа буда, бештар ба дарки ин воқеият наздик мешаванд, ки набуди иҷмоъ ва ҳамбастагии миллию сиёсӣ дар дохили ин кишвар ва мавқеъгириҳои мутафовиту фурсатталабонаи баъзе бозигарони фаъол дар арсаи минтақавӣ ва байналмилалӣ буҳрони Афғонистонро амиқтар хоҳад кард”.
“Толибон” бояд ба нишаст даъват мешуданд. Чаро?
Раҳматулло Абдуллоев аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки намояндаи “Толибон” дар ин нишаст ширкат надоштанд. Вай гуфт, бо вуҷуди он ки “Толибон” барои Афғонистон мушкилиҳое зиёд эҷод карданд, вале онҳо бояд дар нишасти Теҳрон даъват мешуданд.
Ба таъкиди ӯ, чунин таҷриба дар Афғонистон ҷой дошт ва солҳои 80 – ум дар гуфтушунидҳо мухолифини Афғонистон даъват мешуданд ва бо миёнаравии СММ дар форматҳои алоҳида вохӯрӣ мегузарониданд.
Вале Қосими Бекмуҳаммад мегӯяд, баргузории ин нишаст бидуни “Толибон” ҳадафманд буд, то кишварҳои ҳамсоя битавонанд бо баҳсу табодули назар мавқеъгириҳои худро ба ҳам наздик кунанд ё ҳадди ақал ба дарки воқеитаре аз вазъияти Афғонистон ва ояндаи он бирасанд.
Дар ҳамин ҳол, Раҳматулло Абдуллоев гуфт, мавзӯи аслии нишасти Теҳрон бояд расонидани кӯмакҳои башардустона ба мардуми Афғонистон мебуд. Чунки тақдири мардуми Афғонистон то ҳол норӯшан аст.
“Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мардуми Афғонистон давоми 50 сол кӯмак кард. Агар имрӯз аз расонидани ёрии башардӯстона даст кашад ё ҳаҷми онро кам кунад, ҳоли мардум табоҳ мешавад”,- хулоса кард Раҳматуллоев.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Дар атрофи гулхан ва бо тарсу шубҳа”. Баъди боздошти 4 гумонзад ҳам сокинон дар Конибодом навбатдорӣ мекунанд
Имсол муҳоҷирати занони тоҷик ба Русия кам шудааст
Заҳролудшавии 4 узви як оила аз дуди ангишт дар Душанбе
Субҳон Ҷалилов: “Журналист бигзор якрав бошад, аммо бесавод набошад!”
Акнун аҳолӣ барои гирифтани маълумотномаи доғи судӣ изи ангушт месупоранд. Боз барои чӣ изи ангушт мегиранд?
Аз 14 рақам танҳо 5-то посух дод. Телефонҳо барои эълони кор дар хориҷа чӣ гуна кор мекунанд?
Эмомалӣ Раҳмон паёми имсолаашро дар бинои нави парлумон ироа мекунад
Дар миёни мусофирони ҳавопаймои суқуткардаи "Azerbaijan Airlines" ду зодаи Тоҷикистон ҳам будаанд
Аз кори мақомоти қудратӣ то ришвахории додрасҳо. Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 кадом ниҳодҳоро танқид кард?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Иллати ҳақиқӣ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста