Музокирот миёни ҳайатҳои Русия ва Укроин, ки дар марзи Укроину Белорус гузашт, ба поён расид.
Михаил Подоляк, мушовири раисиҷумҳури Укроин дар як паёми видеоӣ гуфт: "Музокироти ҳайатҳо дар марзи Беларус ба поён расид ва ҳайатҳои музокиракунанда барои машварат ба пойтахтҳои худ баргаштанд."
Ба гуфтаи Подоляк, ҳадафи аслии музокирот баррасии созиши оташбас ва поёни амалиёти ҷангӣ дар хоки Укроин будааст.
Ба иттилои расонаҳо дафтари раисҷумҳури Укроин хостори оташбаси фаврӣ шудааст.
Ҳамчунин натиҷаи музокиротро раҳбари ҳайати Русия, ёвари раисиҷумҳури ин кишвар, Владимир Мединский низ дар як паёми видеоӣ шарҳ дод.
Ӯ гуфт, ки ҳайатҳо барои баррасии музокирот бо роҳбарони худ ба пойтахтҳои кишварҳо бармегарданд.
"Нукоте рӯшан шуд, ки бар асоси он метавон ба мавқеи муштарак расид"-иброз дошт ӯ.
Мединский афзуд, ки мулоқоти навбатии ҳайатҳои Маскав ва Киев рӯзҳои наздик дар марзи Беларусу Лаҳистон баргузор мешавад.
Гуфта мешавад ин музокирот ҳудуди панҷ соат идома кардааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста