Дар бисёре аз шаҳрҳои Русия ва пойтахти собиқи Қазоқистон - шаҳри Алмато рӯзи якшанбе, 6 март эътирозҳои алайҳи ҷанг баргузор шуданд.
Бино ба маълумоти ахири ОВД-инфо, дар 69 шаҳри Русия ҳудуди 5 ҳазор нафар боздошт шудаанд.
Тибқи маълумоти фаъолон, аз замони оғози низоъ бо Украина дар ҷараёни тазоҳурот дар Русия зиёда аз 13 ҳазор нафар боздошт шудаанд.
Одамон бо лавҳаҳо баромада, шиори “Нест бод ҷанг!” садо медоданд.
Тафсилот дар навори видеои Хадамоти русии Би-би-си
Гирдиҳамоии зиддиҷангӣ дар Алмато
Рӯзи 6 март дар Алмато барои дастгирии Украина гирдиҳамоии иҷозашуда доир гардид. Дар майдони Сари Арка зиёда аз 2 ҳазор нафар гирдиҳам омаданд. Хабарнигорони Orda.kz дар гирдиҳамоӣ ҳузур доштанд.
Аксарияти касони гирдиҳамоӣ ҳозиршуда, ки беш аз 2 соат давом кард, сарулибоси украинӣ дар бар доштанд.
Одамон шиорҳои “Нест бод ҷанг!”, “Қазоқистон зидди ҷанг!” садо сар медоданд.
Дар саҳна шаҳрвандони Русия, Украина ва Қазоқистон суханронӣ карданд.
Як шаҳрванди Украина тариқи микрофон изҳор намуд, ки дар ин ҷо нисбати ӯ ягон бор кори нохуб раво надидаанд.
Дар фарҷоми гирдиҳамоӣ фаъоли сиёсӣ Алнур Иляшев қатъномаеро қироат намуд, ки дар вуруди неруҳо ба Украина маҳкум шуда, ба мардуми кишвар, инчунин шаҳрвандони Русия ва Беларус, ки таъқиб мешаванд, дастгирӣ ва ҳамраъъйӣ изҳор шуд. Қатъномаро ба ҳукумати Қазоқистон мефиристанд.
Даргирии мусаллаҳона байни Русия ва Украина 12 рӯз инҷониб давом доранд. Тибқи маълумоти расмӣ, аз ҳар ду ҷониб дастикам зиёда аз 500 нафар ҳалок ва беш аз 2 ҳазор кас захмӣ шудаанд.
Тайи 10 рӯз зиёда аз 1,5 млн нафар қаламрави Украинаро тарк карданд, изҳор дошт Комиссари олии СММ оид ба умури паноҳандагон Филиппо Гранди, хабар медиҳад Би-би-си.
“Ин буҳрони аз ҳама бештар дар ҳоли афзоиш қарордоштаи марбут ба паноҳандагон дар Аврупо аз замони Ҷанги дуюми ҷаҳон аст”, - навиштааст Гранди дар “Твиттер”.
Даври сеюми гуфтушунидҳо байни Русия ва Украина имрӯз, 7 март ба нақша гирифта шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.