Фармондеҳ (командир)-и узбектабори бонуфузи ҳаракати тундгарои “Толибон” дар шимоли Афғонистон Махдум Олимро, ки се моҳ пеш толибон ба ҳабс гирифта буданд, худашон аз зиндон раҳо карданд, менависад Фергана бо истинод ба хабаргузории Aamaj News.
Ба иттилои манбаъ, Махдум Олим 12 январ бо фармони муовини вазири мудофиаи ҳукумати толибон мулло Муҳаммад Фозил дар Мазори Шариф ба ҳабс гирифта шуда, баъдан раҳбарияти “Толибон” ӯро ба рабудани чанде аз афғонҳо муттаҳам донист.
Аммо рӯзноманигорони афғон мегӯянд, фармондеҳи бонуфуз дар натиҷаи ихтилофҳо дар дохили ҳаракати тундгаро байни фармондеҳони паштунтабор ва фармондеҳони ғайрипаштун боздошт шуда буд.
Пас аз ҳабси Олим аҳолии ӯзбектабор дар вилояти Форёб, ки дар он ҷо гуруҳҳои зери тобеъи ин фармондеҳ сукунат мекунанд, даст ба ошӯб заданд. Ӯзбекҳои маҳаллӣ толибони паштунтаборро латукӯб ва силоҳашонро тасарруф намуданд. Якчанд рӯз ҳукумат дар маркази маъмурии вилоят - шаҳри Маймана зери назорати ошӯбгарон қарор гирифт.
Гуфта мешавад, толибон ба Маймана дастаҳои иловагии ҷангиёни худро сафарбар намуда, вазъиятро зери назорати худ баргардониданд.
Тавре ки Aamaj News хабар медиҳад, озодии Олим ба туфайли миёнаравии фармондеҳи дигари ӯзбектабори неруҳои “Толибон” Салоҳуддин Айюбӣ, ки дар ҳукумати толибон ба ҳайси муовини вазири кишоварзӣ ифои вазифа мекунад, сурат гирифтааст.
Қобили зикр аст, ки ҳайати ҳаракати тундгаро асосан аз паштунтаборҳо иборат аст. Баъди ба сари қудрат расидан толибони паштунтабор ба таъқибу озори намояндагони дигар гуруҳҳои этникии Афғонистон оғоз карданд. Моҳҳои охир чанде аз фармондеҳони “Толибон” аз шумори ӯзбекҳову тоҷикон мавриди таъқиб қарор гирифтанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.