Хотимаи пандемияи COVID-19 наздик аст ва ҷаҳон то ҳол дар чунин шароите қарор надошт, ки бар он пирӯз шавад, изҳор доштааст зимни нишасти матбуотӣ дабири кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Тедрос Адханом Гебрейесус. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.

“Ҳафтаи гузашта шумори маълумоти маргҳо аз COVID-19 дар як ҳафта аз ҳама пасттар аз моҳи марти соли 2020 ба қайд гирифта шуд. Мо ҳеҷ гоҳ дар чунин ҳолати мусоиде набудем, ки ба пандемия хотима бахшем. Мо ҳоло ба ҳадаф нарасидаем, лекин хотимаи он наздик аст”, - овардааст хабаргузорӣ гуфтаҳои ӯро.

Роҳбари Созмон аз ҳамаи кишварҳо даъват кардааст, ки ба корҳои 100% ваксинзании гурӯҳҳои бештар ба хавф осебпазир, аз ҷумла кормандони тиббӣ ва шахсони калонсол тақвият бахшанд.

Ба гуфтаи роҳбари СҶТ, дар маҷмӯъ ба 70% фарогирии эмкунии аҳолӣ ноил гардидан зарур аст.

Қаблан доктори улуми тиббӣ Геннадий Онишенко изҳор дошта буд, ки сирояти коронавирус ҳеҷ ҷое гум нашуда, хатари он барои аҳолии тамоми сайёра боқӣ мемонад ва дар ҳамин ҳол, вирус тағйирёбишаро идома дода метавонад.

Онишенко гуфтааст, макони асосии мубориза бо сироят имрӯз дар кишварҳое чун  Чин, Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ, Индонезия ҷойгир аст, ки зичии аҳолӣ ва иқлимашон мувофиқ мебошад. Аммо, маълум нест, ки COVID-19 дар оянда чӣ гуна рафтор хоҳад кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.