Лиз Трасс, нахуствазири Бритониё ва раҳбари Ҳизби муҳофизакор баъд аз як моҳу ду ҳафтаи пирӯзӣ дар интихоботи дохилиҳизбӣ, аз мақомаш истеъфо дод.

Ӯ рӯзи панҷшанбе, 20 октябр, эълом кард, ки ба далели ин ки дар иҷрои барномаҳояш муваффақ нашудаааст, истеъфои худро ба Чарлз Сум, подшоҳи Бритониё иттилоъ додааст.

Ба ин тартиб ӯ, ки 45 рӯз аз пирӯзиаш дар интихобот мегузарад, дар миёни нахуствазирони таърихи Бритониё кӯтоҳтарин давраи ҳузур дар қудратро дорад.

Ба иттилои расонаҳо Трасс дар як нишасти хабарии кӯтоҳ гуфтааст: "Инро мепазирам, ки дар ин шароит наметавонам ба ифои вазифае бипардозам, ки Ҳизби муҳофизакор барои анҷоми он маро интихоб кард."

Ӯ афзудааст, ки бо мақомҳои ҳизбӣ тавофуқ шудааст, то дар ҷараёни ҳафтаи оянда интихоботи дохилиҳизбии навбатӣ барои интихоби нахуствазири ҷадид баргузор шавад.

Дар ҳамин ҳол, нахуствазири пешини ин кишвар Борис Ҷонсон ният дорад, ки барои ба даст овардани курсии ин мансаб номзад шавад, хабар медиҳад The Times.

Борис Ҷонсон
Сурат: Global Look Press

Ӯро дар ин роҳ як қисме аз намояндаҳои усулгаро (консерватор) ҳимоят мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки Ҷонсон 6 сентябри соли ҷорӣ аз вазифаи сардори хукумати Бритониё расман истеъфо дода буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.