Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар як нишасти хабарӣ пас аз дуввумин “Нишасти Вена”, ки нерӯҳои зиддитолибро дар пойтахти Утриш (Австрия) ҷамъ овардааст, гуфт, миёни Толибон* ва ДОИШ ҳеҷ тафовуте вуҷуд надорад ва “шинохти ин гуруҳ охирин мех дар тобути мардуми Афғонистон ва озодӣ хоҳад буд”.
Масъуди хурдӣ ин суханонро дар посух ба гуфтаи Омина Муҳаммадӣ, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ки хост, барои ба расмият шинохтани Толибон музокирот сурат гирад, иброз дошт.
"Эътирофи Толибон ё фикр кардан дар ин маврид охирин мех дар тобути мардуми Афғонистон ва демократия хоҳад буд ва ин иқдом эҳтироми андакеро, ки нисбати ҷомеаи ҷаҳонӣ ва СММ боқӣ мондааст, аз байн хоҳад бурд", - гуфт ӯ.
Ба қавли ӯ “тарзи тафаккур, рафтор ва равиши Толибону ДОИШ як аст ва аз нигоҳи ҳуввият ин ду гурӯҳ мисли ду тарафи як танга мебошанд”.
Аҳмад Масъуд ба пирӯзии Ҷабҳаи муқовимат бар зидди Толибон изҳори итминон кард ва гуфт, ки ҷанг бо Толибон барои дифоъ аз арзишҳо аст.
Ӯ бори дигар ба нерӯи ҷабҳаи хеш таъкид кард ва зикр намуд, ки алорағми иддаои Толибон, “ҷабҳа вуҷуд дорад, қавӣ аст ва Толибонро водор кардааст, ки ба минтақаҳои ҷойгиршудаи онҳо бо лашкари бистҳазора ҳуҷум кунанд”.
“Толибон мегуфтанд, Ҷабҳа вуҷуд надорад, онҳо дар фазои шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастанд, аммо ниҳоят собит шуд, ки аслан Толибонанд, ки намехоҳанд воқеиятро пазиранд. Ҷабҳа вуҷуд дорад ва Толибонро маҷбур кардааст, то бо нерӯи бистҳазора ба Андаробу дигар минтақаҳои нерӯҳои ҷабҳа мустақаршуда ҳуҷум кунанд”, - иброз дошт Аҳмад Масъуд.
Зимни баёнияи дуюмин “Нишасти Вена”, ки аз 24 то 26-уми апрел идома кард, ҳамчунин ба идома ва густариши муқовимати мусаллаҳона, сафарбар ва муттаҳид кардани тамоми ҷараёнҳои сиёсӣ, низомӣ ва шаҳрвандӣ алайҳи Толибон дар зери чатри ягона таъкид шудааст.
Бояд гуфт, ки дар ин нишаст фаъолони сиёсӣ, масъулони ҳукумат ва вакилони парлумони собиқ, хабарнигорон ва фаъолони шаҳрвандӣ низ ширкат доштанд.
Нахустин нишасти зидди Толибон, ки се рӯз идома кард, сентябри соли гузашта аз сӯи Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии Австрия баргузор шуда буд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Президенти Русия қонуни назорати муҳоҷирон тариқи телефонро имзо кард
Британия қоидаҳои муҳоҷиратро сахттар мекунад. Ин ба шаҳрвандони Тоҷикистон таъсир мерасонад?
Мафҳили адабии “Ҳумоюн” дар Душанбе бо иштироки шоирон Фарзона ва Озарахш
Ҷонибек Муродов: Илоҳо гум шавад номи ғарибӣ!
Ҳарвард маъмурияти Доналд Трампро ба додгоҳ кашид. Ин донишгоҳро аз ҳақи қабули донишҷӯёни хориҷӣ маҳрум карданд
Даври панҷуми музокироти Эрон ва Амрико ҳам “бо пешрафтҳои начандон қатъӣ” анҷом ёфтааст
Баъди марги писарчаи 2-сола дар кӯдакистон. Ҷузъиёти ҳодиса аз забони шоҳидон ва нигарониҳо аз нигоҳубини кӯдакон дар боғчаҳо
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2025
Кор дар минтақаҳои ишғолшудаи Украина барои муҳоҷирон чӣ хатар ва паёмад дорад?
Панҷ мусофири як мошин дар дарёи Панҷ ғарқ шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста