Вазорати таҳсилоти олии Толибон* бо идомаи ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо нисбати занону духтарон, ин дафъа ба духтарони хатмкардаи донишгоҳҳои давлатӣ иҷоза надодааст, ки дипломҳояшонро бигиранд. Дар ин бора рӯзномаи “8-и субҳи” Афғонистон хабар медиҳад.
Тибқи фармони ин гурӯҳ, духтарони хатмкарда замоне, ки мардони хонаводаашонро барои анҷоми корҳои маъмурӣ ба донишгоҳ нафиристанд, натавонанд асноди илмии худро дарёфт кунанд.
Ба иттилои манбаъ аз иҷрои ин тасмим чанд ҳафта сипарӣ мешавад, теъдоде аз донишҷӯдухтарон ба далели надоштани падар, бародар ва ё саводи кофӣ надоштани мардони хонаводаашон натавонистаанд дипломҳояшонро бигиранд. Донишҷӯдухтарон ин амали Толибонро* дур аз мантиқ унвон карда, мегӯянд, ки ба далели ин кор чанд бурсия ва корҳоеро, ки барои онҳо асноди таҳсилот лозим аст, аз даст додаанд.
Шарифа, яке аз донишҷӯёни Донишгоҳи Кобул, ки соли гузашта хатм карда, то ҳол дипломашро дастрас накардааст, ин кори Толибонро* таҳқир ба зеҳни донишҷӯдухтарон хонда гуфтааст, онҳо ба далели ҷинсияташон наметавонанд вориди донишгоҳ шаванд.
Ба гуфтаи ӯ, ин музахрафтарин ҳодисаест, ки бо ӯ рух додааст. Шарифа беш аз ду ҳафта аст, ки барои гирифтани асноди таҳсили худ талош мекунад. Аммо ба далели набудани падараш, ки пас аз ба қудрат расидани Толибон* ба кишвари дигар муҳоҷират кардааст ва бародараш, ки шабу рӯз банд аст, натавонистааст ҳуҷҷатҳояшро бигирад.
Ба таъкиди Шарифа, ӯ борҳо барои гирифтани диплом муроҷиат кардааст, аммо Толибон* қабул накардаанд.
Ин дар ҳолест, ки донишҷӯдухтарон гуфтаанд, аъзои гурӯҳи Толибон* ба ҷуз аз падар ва бародари донишҷӯён иҷоза намедиҳанд, ки дигар наздикони онҳо, аз ҷумла амаку тағо ва писарони онҳо ба ҷойи духтарони донишҷӯ дипломашонро гиранд.
Ба гуфтаи ин донишҷӯён, Толибон* барои тафтиши ин кор ҳангоми ворид шудан ба донишгоҳ шаҳодатномаи донишҷӯ ва падар ё бародари онҳоро тафтиш мекунанд, то духтарон ба ҷои падар ё бародари худ каси дигарро нафиристанд.
Қаблан, дар ҳоле ки Толибон* донишгоҳҳоро барои духтарон баста буданд, вазорати таҳсилоти олии ин гурӯҳ ба тамоми донишгоҳҳои давлатӣ ва хусусӣ дастур дода буд, ки асноди хатми духтаронеро, ки дар соли 2021 хатм кардаанд, надиҳанд.
Ин дар ҳолест, ки аз ғасби қудрат дар Афғонистон аз суйи Толибон* низдик ба ду сол сипарӣ мешавад, ин гурӯҳ то ҳол барои боз кардани дари донишгоҳу мактабҳо ба рӯи духтарон иқдоме накардаанд.
Ҳамчунин, маҳдудиятҳои Толибон* дар қиболи занону духтарони ин кишвар дар бахшҳои мухталиф, аз қабили ҳуқуқи кор, фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва ба хусус таҳсил, ҳамарӯза афзоиш меёбад. Ҳарчанд иқдомоти зидди занони ин гурӯҳ ҳар дафъа аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар маҳкум мешавад, аммо ба назар мерасад, ки Толибон* ба хостаҳои занони Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ гӯш намедиҳанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.





Ҳушдори мақомот ба роҳбарони бозорҳои пойтахт барои қимат фурӯхтани маҳсулот дар иди Рамазон
Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 47
Расонаҳо: Куштори як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қундузи Афғонистон
Бонки осиёии рушд то охири соли 2026 ба Тоҷикистон танҳо грант медиҳад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 марти соли 2026
Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста