Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода рӯзи гузашта, 17-уми июл, дар Ню-Йорк дар форуми сатҳи баланди вазирон оид ба рушди устувор дар мавзӯи “Фароҳам овардани имконият барои гузаронидани саммити Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ)” гуфтааст, мизони камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 31 дарсади соли 2015 то 22,5 дарсади соли 2022 коҳиш ёфт.

Номбурда зикр кардааст, ки даромади аҳолӣ дар панҷ соли охир 2,1 баробар афзуда, рушди миёнаи солонаи иқтисодӣ 7,3 дарсадро ташкил медиҳад.

Вазир ин дастовардҳоро бо татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ ва нақшаҳои чорабиниҳои зиддибуҳронӣ рабт додааст.

Аммо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни паёми охирини худ рӯзи 23-юми декабри соли 2022 гуфта буд, ки “мизони камбизоатӣ аз 27,4 дарсади соли 2018 то 22,5 дарсад дар соли 2022 коҳиш ёфтааст”.

Зимнан, дар кишварҳои дигари хориҷи наздик, ки шароити иҷтимоиву иқтисодии ба Тоҷикистон шабеҳ доранд, мизони фақр дар солҳои ахир, баръакс, ба таври қобили мулоҳиза боло рафтааст.

Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти Бонки рушди Авруосиё, сатҳи камбизоатӣ дар Арманистон то аввали соли 2022 ба 26,5 дарсад ва дар Қирғизистон 33,3 дарсадро ташкил додааст. Пеш аз оғози пандемия ин нишондод дар Арманистон 23,5 дарсад ва дар Қирғизистон 20,1 дарсад буд.

Дар Русия, ки макони аслии шуғли муҳоҷирони тоҷик аст, то авоили соли 2022 мизони фақр 11 дарсад ва дар Ӯзбекистони ҳамсоя 17 дарсад буд.

Раҳбарияти Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар моҳи феврали соли 2023 дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе хабар дода буд, ки маоши миёна дар ҷумҳурӣ дар авоили соли ҷорӣ 1730,12 сомонӣ ($166,62) буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,4% ё 204,7 сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Барои муқоиса, дар Арманистони “камбағал” маоши миёна дар аввали соли ҷорӣ, тибқи маълумоти расмӣ, беш аз 235 000 драм ($605) ва дар Қирғизистон ҳудуди 27 000 сом (310 доллар) буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.