Бунёди канали Қӯштеппа (Хуш тепа ё Хуштапа), ки дар назар аст аз дарёи Ому сарчашма бигирад, дар Афғонистон, замони ҳукумати пешнини Афғонистон, дар аҳди Ашраф Ғанӣ, оғоз гардид ва имрӯз аз ҷониби Толибон*, гуруҳе, ки моҳи августи соли 2021 қудратро дар ин кишвар ғасб намуд, бо суръати баланд идома дорад.
Дар назар аст, пас аз бунёди ин канал, ки чанд вилояти Афғонистонро обёрӣ мекунад, то 30 дарсади оби дарёи Ому ба самти ин кишвар равона гардад. Яъне он метавонад натанҳо тавозуни то ин замон риояшудаи истифода аз оби дарёи Ому, балки бозиҳои геополитикии минтақаро тағйир диҳад.
Дар мақолаи Саида Заҳро Қурайшӣ – пажӯҳишгари Маркази мутолиоти Шарқ (Машҳад, Эрон) паёмадҳои сиёсии бунёди ин канал баррасӣ гардидааст, ки манзури хонандагоне мегардонем.
Муқаддима
Канали Қӯштеппа – бузургтарин канали обрасонии Афғонистон қарор аст бар руйи саршохаи рӯдхонаи фаромарзии Омӯдарё дар ҳавзаи обрези Арал сохта шавад. Имконсанҷӣ ва тарроҳии канали Қӯштеппа дар соли 2014 тавассути ширкати AECOM-и Амрико ва бо ҳимояти молии 6,3 млн долларии USAID анҷом шуда аст. Ҳазинаи такмил ва сохти ин канал 15 млн доллар бароварда шуда аст. Канали Қӯштеппа дорои тӯли 285 км, арзи 100 м ва умқи 5–8 м буда ва иртифои об дар канал 5–6 м аст. Ин канал қарор аст тайи се фаза (марҳала) ва то соли 2028 такмил шавад ва оби он аз бахшҳои Хулм, Наҳришоҳӣ ва Давлатободи устони Балх убур карда ба ба бахшҳои Оқча, Мардиён ва Хоҷадукӯҳи устони Ҷузҷон расида ва аз он ҷо ба бахшҳои Андхуйи устони Форёб сарозер шавад. Дар масири ин канали бузург чандин садди инҳирофи об ва шабакаҳои обёрӣ дар назар гирифта шуда аст. Зарфияти канали Қӯштеппа 650 м3 бар сония унвон шуда аст (тавони интиқоли 20 млрд м2 об дар солро дорад).
Бо такмили канали Қӯштеппа 600 ҳазор га замини лалмӣ ба замини кишти обӣ табдил мешавад ва кишту тавлиди густурдаи маҳсулот назири панба, ангур, харбуза, лубиё, бодом ва писта мадди назар аст. Илова бар он, давлати Афғонистон пешбинӣ кардааст, ки бо баҳрабардорӣ аз ин канал ба худкифоӣ дар кишоварзӣ бирасад. Афғонистон иддао кардааст, ки бо такмили ин пружа (лоиҳа) ҳудуди 200 ҳазор нафар неруи инсонӣ ба сурати мустақим ва ғайримустқим машғул ба кор хоҳад шуд.
Паёмадибайналмилалии лоиҳаи Қӯштеппа
Канали Қӯштеппа дар миқёси байналмилалӣ метавонад равобити кишварҳоро таҳти таъсир қарор диҳад ва метавонад печидагии масоили гидрополитикӣ ба шиддат вахими Осиёи Марказӣ ва ҳавзаи обрези дарёи Аралро ташдид кунад. Бархе аз пажӯҳишгарон муддаъӣ ҳастанд, ки потенсиали эҷоди даргирӣ ва маноқиша бар сари манобеи об дар ҳеҷ ҷойе аз дунё, ба андозаи ҳавзаи обрези дарёчаи Арал нест.
Ду кишвари пойиндаст дар ҳавзаи обрезии фаромарзии Арал ба шиддат вобаста ба ин манобеи обии муштарак ҳастанд. Лиҳозо интиқоли оби Омӯдарё дар болодаст тавассути Афғонистон дар канори контроли оби ин рӯдхона тавассути садди бузурги Роғун дар Тоҷикистон ва контроли оби Сирдарё дар болодаст тавассути садди бузурги Қанбарота дар Қирғизистон ба шиддат кишварҳои пойиндасти ҳавзаи обрези Арал назири Ӯзбекистон ва Туркманистонро мутазарар хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки вазъияти тақсими оби Омӯдарё ва саҳми Афғонистон аз баҳрабардорӣ ва истифода аз ин канал мушаххас нест.
Қобили зикр аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 1992 санаде ба ном Мувофиқатномаи Алмааторо имзо карданд, ки то ҳудуде ба танзими масрафи об дар минтақа кумак мекунад. Агарчӣ Афғонистон он тавофуқномаро имзо накардааст, аммо роҳбарони ин кишвар муътақид ҳастанд, ки Афғонистон низ ҳақ дорад аз рӯдхонаи Омӯдарё барои ниёзҳои худ истифода кунад. Албатта қобили зикр аст, ки тибқи Мувофиқатномаи Алмаато пешбинӣ шуда буд, ки Афғонистон 1,2 млрд м3 аз оби Омӯдарё истифода кунад ва ин рақам аз 20 млрд м3 тавони интиқоли оби канали Қӯштеппа бисёр камтар аст.
Нигарониҳои Ӯзбекистон аз пружаи Қӯштеппа
Ӯзбекистон яке аз кишварҳои пойиндаст дар ҳавзаи Омӯдарё аст, ки масрафи оби бештаре аз манбеи оби сатҳи ҳавзаи дарёчаи Арал дорад. Далели ин мавзуъ тавсеаи сатҳи зеркишт дар ин кишвар аст. Дар Ӯзбекистон ҳудуди 65,4 млн га замини кишоварзӣ вуҷуд дорад, ки қобилияти тавсеаи бештарро низ дорад. Ҳавзаи Омӯдарё ҳудуди 81% аз сатҳи кишвари Ӯзбекистонро дар бар гирифтааст.
Ӯзбекистон яке аз бузургтарин тавлидкунандагони панбаи ҷаҳон, бо манобеи ғании табиӣ ва пурҷамъияттарин кишвари Осиёи Марказӣ аст. Кишоварзӣ дар кишвари Ӯзбекистон яке аз бахшҳои муҳимми итисодӣ дар ин кишвар аст, ки ҷамъияти зиёдро машғул ба кор карда аст. Заминҳои кишоварзӣ дар Ӯзбекистон дар қарни гузашта афзоиши чашмгире дошта ва беш аз 3 баробар шудааст. Дар замони Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ афзоиши сатҳи зеркишт бо ҳадафи тавлиди панба дар дастури кори ин кишвар қарор гирифт, ки яке аз далоили ин тағйироти сатҳи кишт, таъйини аҳдофи кишоварзӣ барои ин кишвар дар он замон буд. Дар ҳавзаи обрези фаромарзии Омӯдарё кишвари Ӯзбекистон дорои бештарин замини таҳти обёрӣ аст.
Илова бар ин, Ӯзбекистон ва соир кишварҳои каронаи ин рӯдхона барномаҳоеро барои афзоиши сатҳи зеркишти худ дар даст доранд. Лозим ба зикр аст, ки вобастагии Ӯзбекистон барои таъмини ниёзҳои обии худ ҳудуди 77% ба ҳавзаҳои фаромарзӣ аст. Ин дар ҳолест, ки оби масрафи ин кишвар ҳудуди 33 млрд м3 дар сол аст. Ин вобастагии боло ба обҳои фаромарзӣ дар кишвари Ӯзбекистон ҷолишҳоеро эҷод кардааст. Маҷмуи мавориди иҷтисодӣ, сиёсӣ ва кишоварзӣ сабаб шудааст, ки эҳдоси канали Қӯштеппа нигарониҳои ҷиддии сиёсӣ ва амниятӣ барои кишвари Ӯзбекистон эҷод кунад. Дар пайи эътирозҳои Ӯзбекистон, Забеҳулло Муҷоҳид – сухангӯйи ҳукумати кунунии Афғонистон эълом кард:
“Як қатра обро аз кишварҳои дигар намегирем ва ниёз надорем ва намехоҳем, ки бигирем. Пас ҳеҷ кишваре (дар Осиёи Марказӣ) нигаронӣ надошта бошад. Бо кишвари Ӯзбекистон равобити бисёр дӯстона ва хубе дорем ва бовари мо ин аст, ки онҳо тарафдори ободӣ ва истиқлоли Афғонистон ҳастанд ва дар ин росто бо мо ҳамкорӣ мекунанд”.
Қобили зикр аст, ки Афғонистон ниёзманди барқи Ӯзбекистон аст ва аз солҳо қабл ба ин сӯ барқи мавриди ниёз дар шимоли кишвар ва пойтахти ин кишвар аз Ӯзбекистон таъмин мешавад. Ин дар ҳолест, ки бо ташдиди сохти канали Қӯштеппа, Ӯзбекистон, ки мазореи панбаи худро аз рӯдхонаи Омӯдарё обёрӣ мекунад, дар декабри соли гузашта, ба баҳонаи таъмир ва нигаҳдории шабакаи интиқол мизони барқи вурудӣ ба Афғонистонро коҳиш дод ва сипас дар моҳи январ ба далели кабудиҳо ношӣ аз зимистон ба таври комил онро қатъ кард. Ба пайравӣ аз ин иқдом, дар моҳи феврал дар Афғонистон муҷассамаи шоири барҷастаи ӯзбеки қарни XV Алишер Навоӣ, ки бунёдгузори адабиёти ӯзбек маҳсуб мешавад, дар шаҳри шимоли Мазори Шариф тахриб шуд. Аҳрор Бурҳонов – сухангӯйи вазорати хориҷа дар Тошканд дар твиттер навишт, ки давлати Ӯзбекистон аз намояндагони Толибон тазминҳое дарёфт кардааст, ки “амали харобкорӣ ба ҳеҷ ваҷҳ мунъакискунандаи сиёсати давлат нест” ва ин бинои таърихӣ тармим хоҳад шуд.
Ба назар мерасад, ки такмили пружаи канали Қӯштеппа, эҳтимолан равобит миёни Афғонистон ва Ӯзбекистонро дучори таниш кунад. Бархе аз таҳлилгарони масоили байналмилалӣ дар Ӯзбекистон муътақид ҳастанд, канали Қӯштеппа “мушкили амнияти миллии дараҷаи яки Ӯзбекистон” аст. Тибқи баёнияи содиршуда аз сӯйи вазорати хориҷаи Ӯзбекистон ин кишвар таваҷҷуҳи вижае ба ҳамкорӣ дар ҳавзаи об ва энержӣ бо Афғонистон дорад. Бадеҳӣ аст, ки Ӯзбекистон феълан мехоҳад аз эҷоди таниш дар равобити худ бо Толибон парҳез кунад. Дар ин росто, дар соли 2023 вазири манобеи оби Ӯзбекистон эълом кард, ки Тошканд қасд дорад ба Толибон дар сохти канали Қӯштеппа кӯмак кунад.
Нигаронии Туркманистон аз Қӯштеппа
Туркманистон яке дигар аз кишварҳои каронаи ҳавзаи обрези Омӯдарё аст, ки дорои обу ҳавои саҳроӣ аст. Кишвари Туркманистон аз биёбонҳо ва фалотҳои паст ташкил шудааст ва муҳимтарин биёбони Осиёи Марказӣ – Қарақум, ки ҳудуди 90% хоки Туркманистонро дар бар мегирад дар ин кишвар қарор дорад. Вуҷуди обу ҳавои биёбонӣ ва гарму ҳамчунин саҳроии Қарақум боис шуда, ки зарфияти ин кишвар дар тавлиди обҳои сатҳӣ ба шиддат пойин бошад, тавре ки аксари ниёзҳои ин кишвар аз тариқи рӯдҳои фаромарзии вурудӣ ба ин кишвар таъмин мешавад. Туркманистон саҳме дар тавлиди об барои рӯдхонаи Омӯдарё надорад, аммо яке аз бузургтарин масрафкунандаи манобие обии ин ҳавза аст ва муҳимтарин рӯди таъминкунандаи об барои Туркманистон рӯдхонаи Омӯдарё аст. Яке аз зарбулмасалҳои ин кишвар дар хусуси об, ки нишондиҳандаи аҳамияти об барои ин кишвар аст, он аст, ки: “Як қатра об шабеҳи як қатра тило аст”.
Туркманистон ба унвони кишваре, ки аксарият қариб манобеи обии худро аз Омӯдарё мегирад, наметавонад нисбат ба канали Қӯштеппа, ки метавонад 25% аз ҷараёни оби рӯдхонаи Омӯдарёро ба самти Афғонистон мунҳариф кунад, хунсо бошад. Агарчӣ мақомҳои Туркманистон, бар хилофи мақомҳои Ӯзбекистон, то кунун изҳори назаре дар хусуси ҷолишҳои Қӯштеппа барои ин кишвар надоштаанд, аммо бархе аз коршиносон муътақид ҳастанд, ки агар канали Қӯштеппа барои Ӯзбекистон як мушкили асосӣ аст, барои Туркманистон ин канал як фоҷиа аст.
Канали Қӯштеппа ва муҳандисии иҷтимоӣ дар шимоли Афғонистон
Яке аз аҳдофи пинҳони тавсеаи канали Қӯштеппа, муҳандисии иҷтимоӣ ва ҷобаҷоии қавмиятӣ дар Афҳонистон унвон шудааст. Дар ин росто, иддае аз сокинони шаҳристони Қӯштеппа муддаӣ шуданд, ки “иморати исломӣ” онҳоро маҷбур ба кӯчи иҷборӣ карда аст. Дар ин хусус аммо муовини сухангӯйи Толибон дар твиттер ин иддаоро рад карда ва изҳор дошт, шоиъот дар хусуси кӯчи иҷбории мардуми Ҷузҷон ҳақиқат надорад.
Дар ҳамин ҳол, хабарҳое дар бораи мувофиқати давлати Покистон бо Толибони Афғонистон мабни бар интиқоли теъдоде аз неруҳои гурӯҳи Толибони Покистон ё Таҳрики Толибони Покистон (ТТП) ба даруни манотиқи дохилии Афғонистон мунташир шуда, ки нишон медиҳад, бахше аз ин гурӯҳи паштунтабор ба устонҳои шимолӣ бо аксарияти тоҷику ӯзбак мунтақил хоҳанд шуд. Ҳамчунин, хабарҳое аз эҳтимоли таҳвили бархе аз муҳоҷирин ба ин арозии обӣ дар ин вилоёт барои кӯмаки канали Қӯштеппа ба зеркишт, мерасад, ки ҳиссаи иттифоқҳо дар хусуси ин канал ва тавсеаи марбут ба онро пураҳамият мекунад. Эҳтимолан яке аз далоили интиқоли бархе аз аъзои ТТП ба шимоли Афғонистон талоши Толибони Афғонистон барои дасткори ҷамъиятӣ ва эҷоди мувозинаи қудрат бо гурӯҳҳои мухолифи Толибон дар ин устонҳо, ки ағлаб ғайрипаштун ҳастанд, будааст.
Қобили таъкид аст, ки сохти канали Қӯштеппа бидуни аҳдофи сиёсӣ пайгирӣ намешавад. Тавсеаи заминҳои зироатӣ дар шимоли Афғонистон метавонад заминҳои кишоварзии ҷадидеро эҷод кунад, ки қабоили паштуни муттаҳиди Толибон, битавонанд дар он ноҳия мустақар шаванд ва ба таҳкими контроли давлати паштунҳоким дар Афғонистон кӯмак кунанд.
Ҷамъбандӣ
Бидуни шакк, бозсозии канали инҳирофи оби Қӯштеппа, мустақиман паёмади амнияти об, амнияти ғизо ва амнияти энержӣ дар минтақаи Осиёи Марказиро таҳдид мекунад ва метавонад сабаби мушкилот ва чолишҳои ҷиддӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла кишварҳои пойиндасти ҳавзаи обрези Арал шавад. Канали Қӯштеппа муҳаррики ташдиди масоили ҳавзаи обрези пуртаништарин дарёи Арал хоҳад буд. Барои намуна, аз печидагии паёмади ҳидрополитикии ин канал метавон ба коҳиши шадиди об барои Ӯзбекистон ва Туркманистон ишора кард.
Метавон интизор шуд, ки дар оянда Ӯзбекистон ва Туркманистон сиёсати ҷиддиро дар бораи Афғонистон ва ба вижа дар қиболи ҳукумати навпои Толибон интихоб кунанд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ба вижа Ӯзбекистон талош кардаанд то дар ростои роҳбурдҳои калони худ сатҳи қобили таваҷҷуҳе аз аксуламалро бо ҳукумати Толибон дар пеш гиранд. Бунёди канали Қӯштеппа метавонад дар ин самт таъсиргузор бошад. Интизор меравад, ки бо ифтитоҳи марҳилаи аввали канали Қӯштеппа дар ояндаи наздик ва такмили фазаҳои ду ва се батадриҷ равобити Афғонистон бо ҳамсоягони шимолӣ муттаҳавил ва мутташаниҷ гардад. Шояд бар ҳамин асос, ҳукумати Толибон талош дорад то дар ин сӯйи марз, тағйироти сохторӣ дар бофти ҷамъиятӣ эҷод кунад то бар навоҳии марзӣ тасалути лозимро дошта бошад.
Суроғаи интернетии мақола: https://www.iess.ir/fa/analysis/3527/
Ба ҳарфи кириллӣ таҳияи Абдуллоев Раҳматулло
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - Афғонистон бихонед.
Қабули санадҳо барои таҳсил дар хориҷа оғоз шуд. Кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
Дар Душанбе як ноболиғи 17- сола падарандарашро куштааст
Ҳунарманде, ки бо ифтихор бори театру синаморо мекашад
50 ба 50. Телефон барои санҷиши номи муҳоҷирон дар “рӯйхати сиёҳ” чӣ хел кор мекунад?
Таҳқиқот: Беш аз 58% кӯдакони муҳоҷирон дар Русия забони русиро хуб медонанд
Намояндаи “Барқи тоҷик” гуфтааст, аз маҳдудияту интиқоли барқ ҳангома насозед ва онро сарфа кунед
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Маҷнун ба як сӯ, шутур ба сӯи дигар”
Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии ФИФА беҳтар шуд
Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СААД Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтоҳои худ чӣ гуфт?
“Поям дард мекунад”. Дар Хуҷанд қариб 50% автобусҳо аз ҳаракат бозмондаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста