Изҳороти зиддунақизи роҳбарони аввал ва 2-юми Қирғизистон дар бораи вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон эҳтимол аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар он ҷо оид ба ҳалли муноқиша дар сарҳад равиши ягона вуҷуд надорад. Ё дар бораи чизи дигар?

Вохӯрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе

Дар Вохӯрии V машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе раҳбарони кишварҳо доираи васеи масъалаҳои мубрами муносибатҳоро дар доираи минтақа баррасӣ карданд.

Дар ин вохӯрӣ раҳбарони ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ширкат доштанд; илова бар ин, бори нахуст дар он Илҳом Алиев, президенти Озарбойҷон, яъне кишвари аз минтақа берун иштирок кард.

Сурат аз торнамои azertag.az

Ин дафъа низ дар гуфтушуниди сарони давлатҳои минтақа хамон доираи масъалаҳои пешина баррасӣ шуда, лекин дар маҷмӯъ, пешниҳодҳои аз ҷониби иштирокчиён садодода назар ба мулоқотҳои қаблӣ мушаххастар ба назар мерасиданд.

Аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ бастаи иборат аз панҷ санад, аз ҷумла Изҳороти муштарак ҳамчун ҳуҷҷати асосии вохӯрӣ ва чор санади иловагӣ қабул карда шуд.

Ба сурати умум, дар суханрониҳои сарони давлатҳо ба се самти асосӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Якум, иқтисод ва логистика, яъне роҳандозии долонҳои нақлиётӣ ва тиҷорат миёни кишварҳои минтақа, амалисозии лоиҳаҳои бузурги нақлиётӣ ва зербиноӣ.

Дуюм, амнияти минтақавӣ, аз ҷумла дар соҳаи иттилоот ва дар робита ба вазъи Афғонистони ҳамсоя.

Вохӯрии Душанбе. Соли 2023
Сурат аз хадамоти матбуоти президенти ҶТ

Ва сеюм, ҳамкориҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ, дар соҳаи илм, баргузории таҳқиқоти муштарак ва лоиҳаҳо дар соҳаи маориф.

Президенти Тоҷикистон пешниҳод кард, ки бо мақсади ба даст овардани самараи хуб аз рушди ҳамлу нақли байнулмилалӣ марказҳои логистикии кишварҳои минтақа, инчунин Анҷумани ВАО-минтақа таъсис дода шавад.

Президенти Ӯзбекистон пешниҳод кард, ки барои ҳамоҳангсозии рушд Шӯрои ягонаи иқтисодӣ ва президенти Туркманистон – Палатаи савдо ва марказҳои технологияҳои нав таъсис дода шавад.

Дар бахши таърих президентҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон пешниҳод карданд, ки мутаносибан Форуми таърихшиносон ва Платформаи иттилоотӣ оид ба таърих ва фарҳанги минтақа таъсис дода шаванд.

Ба андешаи ман, нисбат ба ҳосил шудани ҳамдигарфаҳмӣ ва ризоияти умумӣ миёни таърихшиносони минтақа, дар оянда татбиқи пешниҳоду лоиҳаҳо дар соҳаи иқтисоду тиҷорат (ҳоло чӣ қадар мушкил ба назар расад ҳам) хеле осонтар хоҳад буд.

Ба ҳар ҳол, тайи сӣ соли гузашта ҳар кишвар таърихнигории худ, дидгоҳи худ дар бораи гузаштаи таърихиро таҳия кардааст, ки аксаран пурра муқобил ва ҳатто дар инкори ҳамдигар қарор дорад.

Ба истилоҳ “ҷангҳои таърихнигорон”, ки дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин минтақа ҷараён доштанд, то ҳол ба охир нарасидааст, ки яке аз монеаҳои аслии ҳамгироӣ дар арсаи фарҳангиву гуманитарӣ маҳсуб мешавад.

Сурат аз хадамоти матбуоти президенти ҶТ

Яке аз рӯйдодҳои назарраси ин вохӯрӣ мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров буд.

Тавре маълум аст, робитаҳои ду кишвар дар пайи муноқишаи сарҳадӣ, ки чанд даҳсола боз идома дорад, халалдор шудааст.

Дар вохӯрии Душанбе сарони кишварҳо ба мувофиқа расиданд, ки муколама оид ба таъйину аломатгузории марзро аз сар гирифта, «аҳамияти идомаи муколамаи мунтазами сиёсиро ба манзури таҳкими ҳамсоягии нек байни давлатҳо ва халқҳо таъкид намуданд ва ҷиҳати гуфтугӯи ошкоро ва пурмуҳтаво оид ба ҳамаи ҷанбаҳои муносибатҳои дуҷониба изҳори омодагӣ карданд».

Пас аз анҷоми қисми расмии вохӯрӣ Садир Жапаров Душанберо тарк кард ва дар дигар чорабиниҳои иловагӣ барои сарони давлатҳо дигар ҳузур надошт.

Ва алакай рӯзи 15 сентябр раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев изҳор дошт, ки агар Тоҷикистон аз даъвоҳои ҳудудии худ ба Қирғизистон даст накашад, Қирғизистон бар асоси ҳуҷҷатҳои таърихие, ки гӯё ба наздикӣ ёфт шудаанд, метавонад даъвоҳои худро ба кишвари ҳамсоя пешниҳод кунад.

Дар изҳороти Ташиев чанд ҷанбаи ҷолибе вуҷуд дорад, ки мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи коршиносон гаштааст.

Аввалан, он дарҳол пас аз вохӯриии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баён шуд, ки дар он Садир Жапаров низ ҳузур дошт.

Сониян, ин изҳорот аслан рӯзи дигар пас аз мулоқоти сарони давлатҳои ду кишвар дар вохӯрии Душанбе садо дод. Ҳамин тариқ, ин ҷо дар изҳороти расмӣ ихтилофи рӯшан ба назар мерасад: президент дар бораи раванди ҳаллу фасли сирф сиёсӣ ва сулҳомез ҳарф мезанад ва воқеан шахси дуюми давлат бо изҳороти хусусияти баръакс ҳарфҳои ӯро рад мекунад.

Чунин ихтилофи назар бозгӯи он буда метавонад, ки Бишкек то ҳол бархӯрди ягонаи ҳалли низои марзӣ бо Тоҷикистонро таҳия накардааст.

Шояд сухан дар бораи бархӯрдҳои гуногун ба мушкилот байни намояндагони сохторҳои сиёсӣ ва амниятии Қирғизистон меравад, вақте ахириҳо бештар ба гуфтушунид аз мавқеъи неру майл доранд. Инчунин комилан имконпазир аст, ки роҳбарияти Қирғизистон роҳи берун аз бунбасти музокиротро бо роҳи муттаҳид кардани воситаҳои гуногун пайдо кардан мехоҳад - ҳам сиёсӣ ва ҳам неру, вобаста ба чӣ кор омаданаш.

Сурат аз VYACHESLAV OSELEDKO/AFP

Эҳтимол дорад, ки изҳороти Ташиев қаблан бо президенти Қирғизистон мувофиқа шуда буд ва ҳамаи ин изҳорот дар бораи пешниҳоди “харитаҳои нав” як навъ посухи “зӯроварона” ба пурзӯр шудани мавқеъҳои ҷониби Тоҷикистон дар охири соли гузашта пас аз ташдиди навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мебошад.

Расо як сол пеш, 14 сентябри соли 2022 дар сарҳад задухӯрд ба вуқӯъ пайваст, ки бузургтарин дар тамоми давраи низоъ гардид. Аллакай рӯзи дигар дар пайи изҳороти мансабдори кишвари ҳамсоя вокуниши ВКХ Тоҷикистон дар шакли даъвати сафири Қирғизистон ба Вазорати корҳои хориҷӣ дар Душанбе сурат гирифта, дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ боз дар бораи монеаҳои ҷиддие дар раванди музокирот ҳарф мезаданд.

Ба ҳар ҳол, изҳороти Ташиев боз як тасдиқи он аст, ки муноқишаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз аз ҳалли мусолиматомез дур аст ва мавқеи ҷонибҳо аз ҳамдигар ба таври ҷиддӣ тафовут дорад.

Гузашта аз ин, агар Бишкек воқеан “харитаҳои нав”-и ваъдакардаи Қамчибек Тошиевро пешниҳод кунад, он гоҳ ҳаҷми воқеии заминҳои баҳсбарангез низ метавонад васеъ шавад, ки ин ҳам дар оянда ба даст овардани созиши сулҳро мушкилтар хоҳад кард.

Русия: сафарбарӣ, шаҳрвандони нав ва муҳоҷирон

Тавре хабаргузории “Мавҷи Олмон” менависад, тайи чаҳор моҳи ахир мақомоти интизомии Русия ба гузаронидани рейдҳо нисбати муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ идома доданд.

Боздошти муҳоҷирони корӣ дар Русия. Акс аз бойгонӣ
Сурат: Скриншот аз навори видео

Рейдҳои пулис расман дар доираи маъракаи «Нелегал-23» доир мегарданд, ки ҳамасола бо мақсади назорати равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ – чун қоида, дар мувофиқа ва ҳамоҳангсозӣ бо кишварҳои таъминкунандаи қувваи корӣ ба бозори меҳнати Русия роҳандозӣ мешаванд.

Аммо имсол бори аввал аст, ки рейдҳои пулис хеле тӯлонӣ давом мекунанд; илова бар ин, ин дафъа онҳо ҷиддитар ва дар миқьёси хеле бузургтар гузаронида мешаванд.

Аз ин лиҳоз, дар ин моҳҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ дар бораи сабабҳои чунин як маъракаи зидди муҳоҷирон тахмину гумонҳои зиёде рӯйи кор омаданд.

Аз ҷумла, дар бораи эҳтимоли истифодаи рейдҳои пулис ба унвони як навъ фишори геополитикӣ ба кишварҳои пасошӯравӣ, ба хотири таъмини муносибати содиқтари онҳо ба Русия ва моделҳои ҳамгироӣ, ки Маскав пешбарӣ мекунад, зиёд гуфта мешавад.

Бо вуҷуди ин, тавре ки Current Time хабар медиҳад, аксари коршиносон бар ин назаранд, ки рейдҳои пулис ба ин ё он навъе бо давраи дарпешистодаи сафарбарии тирамоҳии ҳарбӣ дар Русия иртибот доранд.

Амалиёти худи пулис зимни рейдҳо ба ин шаҳодат медиҳад - онҳо ба муҳоҷирони дорои шиносномаи Русия таваҷҷӯҳи хосса зоҳир мекунанд. Чун қоида, онҳо боздошт ва ба қайди ҳарбӣ гузошта шуда, ба онҳо даъватномаҳои ҳарбӣ супорида мешавад.

Масалан, чанде пеш пулиси Санкт-Петербург дар бозори "Юнона", воқеъ дар ҷанубу ғарби шаҳр рейд гузаронид. Дар натиҷа, ба 56 муҳоҷири дорои шаҳрвандии Русия даъватнома ба комиссариати ҳарбӣ дода шуд.

Зоҳиран, яке аз сабабҳои асосии ин рейдҳо ошкор кардани шаҳрвандони дорои шаҳрвандии Русия мебошад, ки қаблан метавонистанд аз сафарбарӣ дар манзилҳои иҷора ё хобгоҳҳои муҳоҷирон пинҳон шаванд.

Кадр аз навори видеои Кумитаи тафтишоти Русия

Нашрия ҳамчунин менависад, ки охири моҳи август дар шаҳри Санкт-Петербург пулис алайҳи муҳоҷироне, ки ахиран шиносномаи Русия гирифтаанд, рейд гузаронид. Дар давоми ду рӯз беш аз 100 муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ оварда шуданд, ки шаҳрвандии Русияро гирифта, вале дар қайди ҳарбӣ набуданд.

Айни замон қонунгузорони Русия як системаи муассирро барои бастани тамоми роҳҳои имконпазир барои саркашӣ аз сафарбаркунӣ эҷод кардаанд.

Системаи даъватномаҳои электронӣ ҷорӣ карда мешавад, ки аз лаҳзаи нашри онҳо дар сомонаи хадамоти давлатӣ (госуслуги) супоридашуда дониста мешаванд. Илова бар ин, аслан роҳҳои рафтани даъватшавандагон ба хориҷа баста мешавад, вақте ки марзбонон ба бекор намудани шиносномаи хориҷӣ мустақиман дар сарҳад, аслан бо салоҳдиди худ ҳуқуқ пайдо мекунанд.

Ба эҳтимоли зиёд, аз рӯи маълумоти расида, вазъи низомӣ дар ҷабҳаи Украина вақтҳои охир чунон печида шудааст, ки дар ин ё он шакл мавҷи нави сафарбаркунӣ дар Русия ногузир аст - ба хотири он ки, тавре ки RTV1 хабар медиҳад, «моҳи сентябр-октябри соли 2024 як амалиёти нави Киев анҷом дода шавад».

Тибқи иттилои расмӣ, менависад "Известия", даъвати тирамоҳии имсола аз 1 октябр оғоз шуда, то охири сол идома меёбад. Аммо ба ҷуз аз сарбозони хидмати ҳатмӣ, имсол он бештари даъватшавандагонро фаро мегирад - ба навиштаи нашрияи Ura.ru - то 400 ҳазор нафар.

Ва ин дафъа теъдоди ба истилоҳ шаҳрвандони нав дар миёни даъватшудагон бояд назар ба мавҷи аввали сафарбаркунии соли гузашта хеле бештар бошад.

Воқеан, ба навиштаи РБК, танҳо дар чаҳор соли ахир теъдоди хориҷиёне, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, беш аз ду миллион нафарро ташкил додааст.

Комилан табиист, ки Вазорати мудофиаи Русия аз чунин захираи муҳими сафарбарӣ сарфи назар карда наметавонад. Гузашта аз ин, "шаҳрвандони нав" чун қоида, ҳанӯз ба ҷомеаи Русия хуб ҳамгиро нашуда, талафоти эҳтимолӣ дар байни онҳо ҳоло он қадр чашмрас нахоҳад буд.

Илова бар ин, таваҷҷуҳ ба муҳоҷирон ва шаҳрвандони нав ба мақомоти Русия имкон медиҳад, ки сафарбариро ба таври пинҳонӣ, бидуни эълони расмӣ анҷом диҳанд, то аз афзоиши ташаннуҷи иҷтимоӣ ва норозигӣ дар ҷомеаи Русия ҷилавгирӣ кунанд.

Лавҳаи тахрибшудаи иштирокии Амалиёти махсуси ҳарбӣ (СВО) дар Ростов
Сурат аз гурӯҳи ВК «Ростов Главный»

Имрӯз ВАО ва созмонҳои ҳуқуқи башар ба ҳолатҳои афзоиши таваҷҷӯҳи комиссариатҳои ҳарбӣ ба шаҳрвандони нав ва муҳоҷирони меҳнатӣ ишора мекунанд. Ба навиштаи Радиои Озодӣ, ҳангоми гирифтани шаҳрвандӣ муҳоҷирони кориро маҷбур мекунанд, ки қарордоди ҳарбӣ имзо кунанд.

Гузашта аз ин, ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, мисли соли гузашта таъиноту даъватномаҳои ҳарбӣ ба шахсоне низ меоянд, ҳеҷ гоҳ шаҳрвандии Русияро надоштаанд.

Ҳамчунин, аз соли гузашта мавридҳои содир шудани таъиноти сафарбарӣ ба соҳибони қайди доимӣ дар Русия бар асоси Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) ё Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) мушоҳида мешавад.

Ин ҳама аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар соли 2023 ҳиссаи муҳоҷирон аз кишварҳои пасошӯравӣ дар артиши Русия ва дар ҷанги Украина, пеш аз ҳама, аз ҳисоби шаҳрвандони нав, ки тибқи қонунҳои Русия, ба хидмати ҳарбӣ уҳдадоранд, афзоиш хоҳад ёфт.

Аммо наметавон истисно кард, ки бархе аз муҳоҷирони корӣ дар пайи дарёфти шаҳрвандии Русия ё ҷуброни пулӣ бо артиши Русия, аз ҷумла ихтиёрӣ қарордод банданд.

Сафари Эрдуғон ба Маскав

Аввали моҳи сентябр президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон аз Маскав боздид намуд. Аз ин сафар интизориҳо зиёд буд, вале дар ниҳоят чизе ҳосил нашуд.

Эрдуғон ва Путин. Моҳи сентябри соли 2023
Сурат: ТАСС

Пеш аз ҳама ҷомеъаи ҷаҳонӣ умедвор буд, ки Эрдуғон ба шарофати муносибатҳои хуби шахсӣ бо Путин метавонад Русияро ба тамдиди созишномаи ғалла барои содироти ғалла аз бандарҳои Украина водор кунад.

Илова бар ин, онҳо умедвор буданд, ки дар ҷараёни музокирот ӯ метавонад дар масъалаҳои табодули асирон байни Украина ва Русия мусоидат намояд.

Анқара умедвор буд, ки азсаргирии муомилоти ғалла эътибори Туркия ва шахсан Раҷаб Эрдуғонро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври қобили мулоҳиза боло мебарад.

Ин ба назорати нархҳои ҷаҳонӣ ба ғалла ва ғизо имкон медиҳад, ки ба он бахусус кишварҳои ҷаҳони сеюм, Шарқи Наздик ва Миёна, инчунин Осиёи Марказӣ манфиатдоранд.

Дар навбати худ дар Маскав умедвор буданд, ки дар ҷараёни мулоқот президентҳо дар роҳандозӣ ва тавсеаи интиқоли гази Русия тавассути Туркия ба бозорҳои хориҷӣ ба пешрафт ноил хоҳанд шуд.

Аз ҷумла, чанде қабл аз мулоқот Владимир Путин гуфт, ки Русия ба Туркия беш аз 10 млрд метри мукааб газ интиқол додааст ва ба густариши бештари ҳамкориҳо дар ин самт омода аст.

Тавре ки Форбс навиштааст, ин ҷо дар бораи идеяи деринаи Путин дар бораи таъсиси як "маркази захираи газ" (хаб) дар Туркия барои интиқоли газ ба Аврупо ба ҷои “Маҷрои Шимолӣ” (Северный поток) сухан меравад, ки бар асари таркишҳо дар моҳи сентябри соли 2022 аз кор монда буд.

Сурат аз торнамои topwar.ru

Аммо нашрияи «Известия» менависад, ки аслан дар ягон банд пешравии назаррас ба даст наомада ва дар пайи гуфтушунид ягон санад ба имзо нарасидааст.

Маскав аз тамдиди созишномаи ғалла худдорӣ карда, ба бомбаборон ва тирборони бандарҳои баҳрӣ ва зерсохтори нақлиётии Украина идома дод. Инчунин дар бораи табодули асирон созиш ҳосил нашуд; Маскав изҳор дошт, ки дар музокирот ин мушкилот умуман матраҳ нашудааст.

Идеяи таъсиси "хаби газ" низ пас аз музокирот дар сатҳи риторикӣ (лафзӣ) боқӣ монд.

Анқара нисбат ба ин иқдомҳои Русия хеле эҳтиёткор аст; ба ин тариқ, дар ҷараёни интихоботи президентии ахири Туркия мухолифон ҳукуматро барои идеяи таъсиси як маркази гази муштарак бо Русия шадидан танқид карданд.

Аз ҷумла, тавре ки Форбс навиштааст, рақиби аслии Эрдуғон дар интихобот Қиличдароғлу изҳор дошт, ки «агар Туркия ҳоло дар захираҳои энергетикӣ 30-40% аз он вобаста бошад, пас аз таъсиси марказ ин вобастагӣ ба 70-80% мерасад”. Дар натиҷа, Анқара метавонад ба баъзе пешрафтҳо дар самти рушди зерсохтор розӣ шавад, аммо ба гумон аст, ки на зиёдтар аз ин.

Ба иттилои “Свободная пресса”, бекор шудани қарордоди ғалла мавқеи Русияро ҳамчун содиркунандаи ғаллаи №1 дар ҷаҳон қавитар кард. Ҳаҷми содироти ғалла меафзояд, ки ин нарасидани ғаллаи Украинаро дар бозорҳо ҷуброн кард.

Илова бар ин, тавре ки Current Time хабар медиҳад, кишварҳои ғарбӣ содироти ғаллаи Украинаро бо гузашти манъи Русия - тавассути замин ва тавассути долони махсуси муваққатии баҳрӣ роҳандозӣ кардаанд.

Ҳамаи ин ба нархи ғалла дар ҷаҳон, ки дар моҳи сентябр тақрибан 15—20 фоиз паст шуд, таъсири мусбат расонд.

Поин рафтани нархи ғалла дар ҷаҳон барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ хабари хуш аст; вале мушкил сари он аст, ки мавҷудияти монополист барои бозор зараровар аст ,чунки маъмулан ӯ дер ё зуд ба боло бурдани нарх шурӯъ мекунад.

Имрӯз чуноне ки аз маводи “Свободная пресса” дида мешавад, дар Русия аллакай дар бораи маҳдудияти муваққатии содироти ғалла барои ба даст овардани фоидаи бештар дар оянда фикр мекунанд.

Аз ин рӯ, имрӯз гуфтан душвор аст, ки нархи ғалла ва маводи ғизоии ҷаҳонӣ дар чанд моҳи оянда то чӣ андоза устувор хоҳад буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.