Матлаби Қосимшо Искандаров, сарходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик оид ба анҷоми сохтмони марҳилаи аввали канали Қуштеппа ва паёмади ба Афғонистон баргардонидани қисмате аз маҷрои Омударё, ки дар сомонаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо нашр шудааст, таҳлили коршиносонае дар бораи яке аз масъалаҳои доғи рӯзи минтақа аст. Дар ин матлаб, донишманди тоҷик ҳадафҳои аслии сохтмони канали Қуштеппа ва оқибатҳои онро барои минтақа мавриди таҳлил қарор додааст, ки мутолиаи он манфиатнок хоҳад буд.
Дар ин рӯзҳо Толибон* аз ба охир расидани марҳилаи аввали сохтмони канали Қуштеппа (108 км) хабар доданд ва дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои зиёдеро аз пуроб шудани ин канал ва рақсу покӯбии сохтмончиён ба хотири омадани об ба намоиш гузоштанд.
Канали Қуштеппа ё Хуштеппа тарҳе аст, ки ҳанӯз дар солҳои ҷумҳурияти Муҳаммад Довудхон (1973-1978) ба вуҷуд омада буд, аммо аз сабаби табадуллотҳои пайдарпайи давлатӣ, иваз шудани низомҳои сиёсӣ ва ҷангҳои давомдор дар Афғонистон ва инчунин мавҷудияти шубҳаҳое, дар мавриди мақсаднок будани он ин тарҳ амалӣ нашуда буд.
Фақат дар замони ҳукумати президент Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай (2014-2021) ин тарҳ аз нав эҳё гардид, аммо боз ҳам раванди амалӣ шудани он ба кундӣ пеш мерафт. Бинобар ин, соли 2015 Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ин тарҳро аз Вазорати обу барқи Афғонистон гирифта, ба ихтиёри ташкилоти амрикоии рушд (USAID) супорид. USAID, дар навбати худ соли 2018 бо яке аз ширкатҳои бисёр бонуфузи амрикоӣ (бо баъзе маълумотҳои “Иком”) қарордод дар бораи асосноккунии техникию иқтисодии канал имзо намуд. Ба ҷойи се соли пешбинишуда мутахассисони ин ширкат асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаро дар як сол ба анҷом расониданд. Бояд гуфт, ки ин шитобкорӣ шакку шубҳаҳоеро дар бораи асосноккунии дурусти ин лоиҳа ба вуҷуд овардааст ва коршиносон онро бештар як лоиҳаи сиёсӣ медонанд.
Ҳамин тавр, Толибон, ки дар соли 2021 Афғонистонро ба назорати худ гирифтанд, ҳама корҳо барои оғози сохтмони Қуштеппа омода буд.
Канали Қуштеппа аз марзи Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон дар мавзеи вулусволии (ноҳияи) Калдори Афғонистон оғоз мешавад ва аз ҳудуди вилоятҳои Балх, Ҷузҷон гузашта, ба вулусволии Андхуйи вилояти Форёб мерасад. Дарозии канал 285 километр, умқаш 8 метр ва бараш беш аз 100 метр мебошад.
Толибон сохтмони Қуштеппаро тарҳи миллӣ ва афзалиятнок эълон карданд ва дар ҳоле, ки беш аз 90 дарсади аҳолии ин кишвар дар фақр зиндагӣ мекунад дар баҳори соли 2022 бо як шӯру шавқ ба сохтмони он шуруъ карданд. Воқеан имрӯзҳо сохтмони Қуштеппа ба як сохтмони ба истилоҳи даврони шӯравӣ, “зарбдор” табдил ёфтааст. Дар сохтмони марҳилаи аввали канал 3220 адад техникаи гуногун, беш аз 5 ҳазор нафар инженеру коргар, 124 ширкати сохтмонӣ дар 120 қитъа (участка) ба таври шабонарӯзӣ кор мекарданд. Ба сохтмони канал ба таври расмӣ муовини раиси Шӯрои вазирони Толибон Муло Бародар оғоз бахшид.
Ҳоло аз се марҳилаи сохтмони канал марҳилаи аввал, ки дарозиаш 108 километр аст ва аз вулусволии Калдори вилояти Балх то вулусволии Давлатободи ин вилоятро дарбар мегирад, ба охир расид. Толибон, бешубҳа, тасмим доранд сохтмони онро ба анҷом бирасонанд. Аммо саволи муҳим ин аст, ки сохтмони ин бузургтарин иншооти обӣ чӣ паёмаде дорад? Суду зиёни он чист?
Албатта, дар Афғонистон мансабдорон танҳо дар бораи фоидаи бузурги сохтмони канал сухан меронанд, ки баъди анҷоми он аз 500 то 700 ҳазор гектар замин обшор мешавад ва Афгонистон аз нигоҳи таъмини ғалла як кишвари худкифо мешавад. Ба ғайр аз ин, неругоҳи барқии обӣ бо иқтидори 1 ҳазор МгВ сохта мешавад. Аммо ин бори аввал аст, ки қисмати калони оби дарёи Ому (тақрибан 16 дарсади он) мунҳариф мешавад ва табиатан нарасидани об барои соҳаи кишоварзӣ дар кишварҳои поёноб ба таври ҷиддӣ эҳсос хоҳад шуд. Ба хусус барои обёрии пахта, ки дар Ӯзбекистон 17 % маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ва дар Туркманистон 10% ММД-ро ташкил мекунад, ниҳоят зарур аст. Аммо роҳбарони кишварҳои поёноб (Ӯзбекистон ва Туркманистон) то охирин рӯзҳо аз дурнамои коҳиши об изҳори нигаронии хос накарда, сабр мекарданд ва таомулро бо режими Толибон афзалтар медонистанд. Гарчанде маълум нест, ки ин “сабри стратегӣ” то кай мерасад. Зеро бо вуҷуди зоҳиран хомӯш будани роҳбарони ду кишвар, воқеият ин аст дер ё зуд хатари камобиро дар ин ду кишвар мушоҳида хоҳанд кард. Чуноне яке аз мутахассисони соҳаи гидрогеологияи Туркманистон ба нашрияи туркмании Радиои Озодӣ гуфтааст “ин объект барои Туркманистон мушкил не, балки фоҷиа хоҳад буд”. Мутахассисон ба ин назаранд, ки зарари ин канал ба муҳити зисти минтақа, аз ҷумла муҳити зисти Тоҷикистон низ калон аст, ба анҷом расидани сохтмони он иқлими минтақаро тағйир хоҳад дод, ки бояд амиқтар мавриди омӯзиш қарор гирад.
Мушкили дигар дар баробари кишварҳои поёноб набудани механизми ҳуқуқии танзими об аст, зеро Афғонистон узви Конвенсияи СММ оид ба ҳифз ва истифодаи дарёҳои фаромиллӣ (1992) нест. Дар ин конвенсия усулҳои идораи дарё ва кулҳои фаромиллӣ дарҷ гардида, мафҳумҳои “таъсири фаромиллӣ” дода шудаанд, ки паёмадҳои экологӣ, иҷтимоӣ, иҳтисодӣ ва идораи захираҳои обиро муайян намуда, квотаҳои истифодаи об тибқи созишномаҳо байни кишварҳои ҳавзаи дарё оварда шудаанд. Ба ибораи дигар, Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳеҷ гуна созишнома дар бораи истифодаи дарёи Омуро надорад. Афғонистон инчунин, шомили Созишномаи Алмаато аз соли 1992, ки истифодаи оби дарёи Омуро танзим мекунад, намебошад.
Ҳамин тавр, кишварҳои ҳавзаи дарёи Ому аввал бояд механизми ҳуқуқии танзими оби ин ҳавзаро бо дарназардошти шароити нав таҳия ва қабул кунанд.
Аммо масъалаи дигари муҳим паёмадҳои иҷтимоии ба истифода додани канал барои худи Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя аст. Коршиносон ба ин нукта таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, ки ҳадафи аслии нухбагони паштун, ба хусус раҳбарияти Толибон, кӯч додани садҳо ҳазор хонаводаи паштун, умдатан кӯчиёнро аз ҷануб ва ҳатто он тарафи хатти Дюранд (Покистон) ба шимоли кишвар аст. Намояндагони қавмҳои ғайрипаштун аз он бим доранд, ки сиёсати кӯчонидани паштунҳо, ки дар охири садаи XIX дар замони амир Абдурраҳмон оғоз шуда буд, идома хоҳад ёфт. Ба ин тариқ, Толибон, ҳамзамон бо сохтани як низоми радикалии исломӣ, инчунин мехоҳанд як давлатӣ якқавмӣ бунёд кунанд. Аммо маълум аст, ки дар шимоли кишвар паштунҳо дар ақаллият мебошанд ва бо кӯч додани паштунҳо тавозуни қавмӣ дар шимол ба нафъи паштунҳо тағйир хоҳад ёфт. Он чизе ки аз охири асри XIX то имрӯз гурӯҳҳои қавмгарои паштун дар ҳукумат мехоҳанд амалӣ намоянд.
Бо ин роҳ, нухбагони ҳукмрони паштун мехоҳанд мардуми ғайрипаштунро аз имконияти таҳдид кардан ба хукумати марказӣ барои абадан маҳрум намоянд. Ин аст, ки баъзе гурӯҳҳои ғайрипаштун аз гайримарказӣ сохтани низом ва барпо намудани давлати федеративӣ ва ҳатто таҷзияи Афғонистон ба Ҷанубу Шимол фикр мекунанд. Бояд гуфт, ки ин кӯчдиҳӣ ҳоло дар миқёси хурдтар, вале аллакай оғоз шудааст. Тибқи иттилоъе, ки аз манобеи дохилии Афғонистон дарёфт шудааст, то имрӯз беш аз 200 ҳазор нафар паштунҳо ба шимоли мамлакат дар ин давраи кӯтоҳ кӯчонида шудаанд.
Оқибати дигари манфии кӯчонидани хонаводаҳои паштунҳо (кӯчиён ва ҳамзамон террористон) он аст, ки дар асоси таҷрибаи кӯчонидани кӯчиён ба ҳавзаи дарёи Ҳилманд, онҳо дар парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус ғалладона, таҷриба надоранд ва тарси он вуҷуд дорад, ки дар заминҳои нав асосан кӯкнорро барои истеҳсоли маводи мухаддир ва қочоқи он парвариш мекунанд. Айни ҳамин кор дар Ҳилманд, мушоҳида мешавад. Ҳилманд ба бузургтарин маркази тавлиди афюн дар ҷаҳон табдил шудааст. Чунон ки муҳаққики рус Ю. П. Лалетин менависад “То соли 2001, 75% кишти кӯкнор дар Афғонистон ба ду вилояти ҷанубӣ ва шарқӣ - Ҳилманд ва Нангарҳор рост меомад. Тибқи як пажӯҳиши С.Костетский, “83 фоизи тамоми ҳероини ҷаҳон аз соли 2015 то соли 2020 дар Афғонистон истеҳсол шуда, то 60 дарсади даромади Толибон аз тиҷорати ҳероин ба даст меомад. Аз ин рӯ, ба гумон аст, ки Толибон ба андешидани чораҳои қатъӣ бар зидди истеҳсоли маводи мухаддир манфиатдор бошанд. Изҳороти Сезар Гудес, раиси Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷиноят дар Кобул низ ҷолиб аст, ки гуфтааст: “Толибон ба ҳамон андоза ба саноати маводи мухаддир вобаста ҳастанд, ки нашъамандон ба маҳсулоти он”.
Ҳамин тариқ, шимоли Афғонистон метавонад ба Ҳилманди дувумӣ - бузургтарин маркази тавлиди маводи мухаддир, мафияи маводи мухаддир, ҷиноятҳои вобаста ба он табдил ёбад, ки ин ҳама барои кишварҳои Осиёи Марказӣ оқибатҳои бад ба бор хоҳад овард.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Боздошти сардори Идораи беҳдошти замини Абдураҳмони Ҷомӣ бо гумони заминфурӯшӣ
Як сокини Қубодиён барои қасди куштори ҳамсараш 16 сол равонаи зиндон шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста