Рӯзноманигорони афғонистонии муқими Фаронса расонае бо номи “Бино” таъсис доданд, ки бо чанд забон ҳама гуна ахбори сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва варзишии Афғонистонро пӯшиш медиҳад. Дар ин бора бахши дарии Радиои Озодӣ иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи манбаъ, расонаи мазкур рӯзи 21-уми октябр ба кор оғоз кардааст ва барномаҳои худро бо забонҳои миллии Афғонистон ва фаронсавиву англисӣ ба эфир медиҳад.
Ҷалол Мирзод, яке аз масъулони ин расона ба бахши дарии Радиои Озодӣ гуфтааст, ҳадаф аз таъсиси ин расона дар берун аз марзҳои Афғонистон зинда нигоҳ доштани озодии баён ва бозтоби воқеият аст.
“Бо омадани Толибон* ва суқути ҷумҳурӣ озодии баён пахш шуд ва расонаҳо озодии худро аз даст доданд. Ба рӯзноманигорон бо роҳҳои гуногун таҳдид мекунанд ва онҳо ҳаққи дастрасӣ ба иттилоъро надоранд. Бо назардошти ин вазъият таъсиси расона дар берун аз марзҳои Афғонистон дар нигоҳ доштани машъали озодии баён ва бозтоби воқеъиятҳо хеле муҳим аст”, - гуфтааст Ҷалол Мирзод.
Ба гуфтаи ӯ, расонаи “Бино” 15 хабарнигор дорад, ки 4 нафари онҳо зан ҳастанд. Буҷаи расонаи навро хабарнигорон ва фаъолони расонаҳо таъмин мекунанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки гузоришҳои зиёд дар бораи маҳдуд кардани фаъолияти расонаҳо ва хабарнигорон аз сӯйи ҳукумати Толибон дар дохили Афғонистон мунташир мешавад.
Бар асоси иттилои Созмони пуштибонӣ аз расонаҳои озод дар Афғонистон (NAI), аз замони сари қудрат омадани Толибон дар кишвар фаъолияти 281 расона қатъ шуда, аз 11 ҳазору 858 корманди расонаҳо ҳоло ҳамагӣ 4500 нафари онҳо дар Афғонистон фаъолият доранд.
Ба гуфтаи ин созмон, аз 4000 бонуи рӯзноманигор ва корманди расонаҳо, ки то замони ҳукумати Толибон кор мекарданд, ҳоло ҳамагӣ 1000 нафарашон кор мекунанд.
Аммо Толибон сабаби масдуд шудани ин расонаҳо дар Афғонистон ва бекории хабарнигоронро на маҳдудият дар кори онҳо, балки ба адами пуштибонии молӣ марбут медонад.
Ҳамчунин, Толибон ҳамеша изҳороти рӯзноманигорон ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигоронро рад карда ва гуфтаанд, ки аз фаъолияти расонаҳо ва хабарнигорон бар пояи манофеи миллӣ ва дар чаҳорчӯби шариати исломӣ пуштибонӣ мекунанд.
Илова бар ин, Толибон дар чанд маврид ба боздошт ва латукӯби хабарнигорон муттаҳам шудаанд.
Ҳарчанд ҳукумати Толибон иддаъо дорад, ки ҳеҷ хабарнигорро барои фаъолиятҳои расонаӣ боздошт накардааст, аммо тибқи гузоришҳои бархе аз созмонҳои пуштибон аз расонаҳо, Ромин Расулӣ дар Кобул, Султон Алии Ҷаводӣ дар Дайканд ва Аминуллоҳ Аламӣ дар Форёб дар ҳоли ҳозир дар боздошти Толибон ҳастанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
“Шавҳаратро ёфта биёр, пулатро мерӯёнем”. Саргардонии як зан барои рӯёнидани ҳаққи кӯдаконаш аз падарашон
Боздошти як мард бо гумони фиреби хоҳишмандони кор дар Аврупо
“Хабари паҳнгардида асос надорад!”. Милитсияи пойтахт гуфт, ба аҳолӣ тавассути “WhatsApp” паём нафиристодааст
Раиси як ҷамоатро барои “ҳоҷиошӣ” беш аз 57 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз вазифа барканор карданд
Бекор шудани маҳдудият дар фурӯши гази моеъ нархи онро каме поин кард
Дар Ховалинг мактаберо ба номи як қурбонии низои марзии Тоҷикистону Қирғизистон гузоштанд
Ӯзбекистон расмиёти дохилии тартиби соддакунии боркашонӣ бо Тоҷикистонро ба анҷом расонид
Шаҳрвандии Русия дореду дар қайди ҳарбӣ нестед. Метавонед аз шаҳрвандӣ маҳрум шавед
Оё электромобилҳо метавонанд камбуди мавсимии неруи барқро дар Тоҷикистон зиёдтар кунанд?
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста