Бар асари ҳамлаи ҳавоии Исроил ба урдугоҳи гурезаҳои Ҷабалия дар Навори Ғазза, ҳудуди 400 нафар кушта ва захмӣ шуданд.
Дар ин бора расонаҳо бо такя ба вазорати умури дохилии Навори Ғазза хабар доданд.
Ҳамлаи ҳавоӣ ба урдугоҳи Ҷабалия дар шимоли Ғазза, ки ба гуфтаи артиши Исроил, ба хотири маҳви як фармондеҳи аршади гуруҳи Ҳамос ва тахриби таъсисоти ин гурӯҳ анҷом шудааст, вокунишҳои шадиди байнулмилалиро ба бор овард.
Вазорати умури хориҷаи Арабистони Саудӣ ҳамлаи артиши Исроил ба урдугоҳи паноҳандагони Ҷабалия дар шаҳри Ғаззаро шадидан маҳкум кард.
“Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳамлаи ғайриинсонии нерӯҳои ишғолии исроилӣ ба урдугоҳи гурезаҳои Ҷабалия дар Навори Ғаззаро, ки боиси кушта ва захмӣ шудани техъдоди зиёди ғайринизомии бегуноҳ гардид, шадидан маҳкум мекунад”, - гуфта мешавад дар изҳороти вазорат.
Вазорати хориҷа артиши Исроилро, ки онро “нерӯҳои ишғолӣ” меномад, ба нақзи қонунҳои байнулмилалӣ дар шакли ҳамла ба манотиқи сераҳолӣ муттаҳам кард.
“Ин ба он сабаб аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ натавонист ба нерӯҳои ишғолии Исроил фишор оварад, то ба оташбаси фаврӣ ва оташбаси башардӯстона розӣ шавад”, - таъкид мешавад дар изҳорот.
Қатар бо маҳкум кардани ин ҳамлаи ҳавоӣ гуфт, ки ин гуна амалҳо “талошҳо барои миёнаравӣ ва коҳиши танишро заиф мекунад”.
Раисиҷумҳури Чилӣ, сиёсатмадори чапгаро Габриэл Борич эълом кард, ки кишвараш ба далели “нақзи қавонини байнулмилалӣ аз сӯйи Исроил дар навори Ғазза” сафири худ дар Исроилро барои машварат бозхонд.
"Чилӣ амалиёти низомиро шадидан маҳкум ва онро бо нигаронии зиёд назорат мекунад” истинод мекунад Reuter аз изҳороти Борич дар шабакаи X (собиқ Twitter).
Пас аз Чилӣ, кишвари дигари Амрикои Лотинӣ - Колумбия дар бораи бозхонди сафираш аз Исроил иттилоъ дод. Дар ин бора раисиҷумҳури Колумбия Густаво Петро дар шабакаи "X" хабар дод.
“Ман тасмим гирифтам, ки сафири мо дар Исроилро бозхонам. Агар Исроил куштори дастаҷамъии мардуми Фаластинро қатъ накунад, мо дар он ҷо истода наметавонем”, - хабар медиҳад BBC бо такя ба агентии Reuters аз суханони президенти Колумбия.
Ҳамзамон Боливия эълон кард, ки равобити дипломатиро бо Исроил қатъ мекунад. Муовини вазири хориҷаи Боливия Фредди Маманӣ сабаби ин тасмимро иқдомоти “хушунатовар ва номуносиб”-и Исроил дар ҳамалоти худ ба Ғазза унвон кард.
Боливия аввалин кишвари Амрикои Ҷанубӣ аст, ки дар посух ба даргирии Исроил бо Ҳамос дар Ғазза равобит бо Исроилро қатъ кард.
Боливия равобити худро бо Исроил дар соли 2019 барқарор кард. Ин кишвар дар ҷараёни ҳамлаи қаблӣ ба Ғазза равобити худро бо Исроил тайи 10 сол қатъ карда буд.
Боливия гуфт, барои кӯмак ба мардуми Ғазза кумаки башардӯстона мефиристад.
Артиши Исроил гуфтааст, ба Ҷабалия барои нобуд кардани яке аз фармондеҳони Ҳамос ҳамла кардааст ва ба далели фурӯ рехтани нақбҳо бинои атроф низ фурӯ рехтаанд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷабалия - бузургтарин урдугоҳи паноҳҷӯёни фаластинӣ дар Ғазза аст.
То июли соли 2023 Созмони Милали Муттаҳид беш аз 116 ҳазор гурезаҳои фаластиниро дар ин урдугоҳ ҳисоб кардааст.
Гурезаҳои фаластинӣ пас аз ҷанги арабу Исроил дар соли 1948 тадриҷан дар ин урдугоҳ ҷойгир карда шуданд.
Масоҳати ин урдугоҳ ҳамагӣ 1,4 километри мураббаъ буда, асосан аз биноҳои истиқоматӣ иборат аст.
Ҷабалия 26 мактаб дар 16 бинои таълимӣ, маркази тақсими ғизо, ду маркази саломатӣ, китобхона ва ҳафт чоҳи об дорад.
Ҷабалия дар паҳлӯи урдугоҳи Шатӣ, минтақае дар шимоли Ғазза ҷойгир аст, ки артиши Исроил қаблан аз сокинони Ғазза хоста буд, дар он ҷо паноҳ баранд.
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
“Сомон Эйр” парвозҳоро ба фурудгоҳи “Внуково” муваққатан қатъ кардааст
Рӯзи дарду ашк. Дар Русия бар иловаи боздошту ихроҷи дастҷамъӣ ва манъи баъзе корҳо, ба таҳсили озоди фарзандони муҳоҷирон низ мухолифат мекунанд
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2024 мунтахаби Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи чандум аст?
Садама дар зеристгоҳи баландшиддат як қисми Душанберо бе барқ гузошт
Муфтиёти Русия бисёрҳамсарии диниро иҷозат додааст
Собиқ мураббии “Севиля”-и Испания сармураббии дастаи “Равшан”-и Кӯлоб шуд
Ӯзбекистон мехоҳад барои мардон ҳангоми таввалуди кӯдак рухсатии пулакӣ ҷорӣ кунад. Ин дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста