Созмони Милали Муттаҳид эълон кард, ки 600 ҳазор нафар сокини осоиштаи минтақаи ҷанубии навори Ғазза, ки бар асари бомбборони артиши Исроил дастури тахлия гирифтаанд, ҷое барои рафтан надоранд.
Филип Лазарини, комисари умумии Оҷонси имдод ва кори СММ дар умури паноҳандагони фаластинӣ (UNRWA) дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter) навишт, ки “қариб нисфи онҳо қаблан маҷбур буданд хонаҳои худро тарк кунанд”.
Ба иттилои BBC, ӯ инчунин ҳушдор додааст, ки барои сокинони Ғазза “ҷои дигаре барои рафтан” нест, зеро паноҳгоҳҳо, аз ҷумла паноҳгоҳҳои Созмони Миллали Муттаҳид пур шудаанд.
Пас аз он, ки Исроил бо шикаста шудани оташбас даври нави ҳамлаҳояшро оғоз кард, ба ҳамлаҳо дар ҷануби навори Ғазза тамаркуз кард. Ин дар ҳоле аст, ки Исроил пештар аз сокинони шимоли ин борика хост, ба ҷануби навори Ғазза, ки онро “амнтар” унвон кард, бираванд.
Оҷонси имдод ва кор дар умури паноҳандагони фаластинӣ гуфт, беш аз 600 ҳазор нафар дар ҷануби Ғазза таҳти фармони тахлия қарор доранд.
Ин дар ҳолест, ки Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ бо ҳушдор аз шиддати бӯҳрон дар Ғазза аз раҳбарони ҷаҳон даъват кард, ки “ҳалли фаврии сиёсӣ” пайдо кунанд.
Ин оҷонс эълон кард, ки бӯҳрони гуруснагӣ бо азсаргирии даргириҳо дар Ғазза бадтар шудааст ва ба оташбаси башардӯстона даъват кард.

Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ эълон кард, ки дар танаффуси ҳафтрӯзае, ки дар ҷараёни даргириҳо ба вуқӯъ пайваст, ба ҳудуди 250 000 нафар кӯмак кардааст.
Оҷонсӣ мегӯяд, ки идомаи ҷанг “ҳаёти кормандони башардӯстонаро зери хатар мегузорад” ва интиқоли кӯмакҳоро “тақрибан ғайриимкон” мекунад.
Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ гуфт, ки барои интиқоли кумакҳои зарурӣ дар навори Ғазза ба “дастрасии амн, бидуни мамониат ва устувор” ниёз дорад.
Зикр бояд кард, ки пас аз оташбаси кӯтоҳ миёни гуруҳи Ҳамос ва Исроил даргирӣ миёни онҳо дигарбора авҷ гирифт. Артиши Исроил ба манотиқи ҷанубии навори Ғазза, ки қаблан сокинонро ба онҷо фиристода буд, зарбаро шиддат бахшид. Аз ҷумла, дар шаҳри Хон Юнис, ки қаблан сокинони осоишта дар он ҷо паноҳ бурда буданд, амалиёти густурдаи завоиву заминиро роҳандозӣ кард ва ин боиси қатли ҳазорон нафар шуд.
Тибқи охирин иттилои расонаҳои ҷаҳон, теъдоди кушташудагон дар навори Ғазза 16 ҳазорро убур кард. Наздики 6 ҳазори ин теъдод кӯдакон мебошанд.
Ин даргирӣ 7-уми октябр, дар пайи ҳамлаи гуруҳи Ҳаммос ба Исроил ва куштори наздики 1200 нафар ва гаравгон гирифтани беш аз 200 нафар сокини ин кишвар, оғоз шуд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 марти соли 2025
Душанбе ба пешвози Наврӯз чӣ гуна омода мешавад?
Ҳалокати як кас дар пайи сӯхтори пойгоҳи сӯзишворӣ дар Спитамен
Ҳушдор ба муҳоҷирон дар Русия: Ба миёнаравҳо бовар накарда, шахсан худро дар қайд гузоред
Сабти филми мустанад дар бораи Ҳофизи Шерозӣ оғоз шуд
Нархи гӯшт дар бозорҳои Душанбе. Чанд пул аст, чӣ гуна муайян мешавад ва харидорон аз чӣ шикоят доранд?
Трамп гуфт, пагоҳ бо Путин суҳбат мекунад
Хати интиқоли барқ аз зеристгоҳи “Суғд-500” то зеристгоҳи “Датка” барои истифода омода шудааст
Парвози аввалин ҳавопаймо аз Бишкек ба Хуҷанд
Дар пайи ҳамлаҳои Амрико ба мавзеъҳои ҳусиҳои Яман беш аз 50 нафар кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста