Артиши Исроил давоми якшабонарӯзи ахир дар навори Ғазза бузургтарин талафотро аз оғози амалиёти заминӣ алайҳи гуруҳи “Ҳамос” дидааст.
Бино ба охирин маълумоти фармондеҳии Исроил, дар якшабонарӯзи ахир 24 низомии ин кишвар кушта шудааст.
Намояндаи артиши Исроил Даниэл Ҳагарӣ гуфт, дар натиҷаи таркиш дар ду биное, ки онҷо низомиёни ин кишвар қарор доштанд, 21 кас ҷон бохтааст. Ҳамчунин як тонки Исроил ҳадафи тири гранатомёт қарор гирифтааст.
Президенти Исроил Исҳоқ Ҳерзог ба наздикони кушташудаҳо ҳамдардӣ баён кардааст.
“Имрӯз субҳи сахте буд”, - навиштааст ӯ.
Задухӯрдҳои шадид миёни Исроил ва гуруҳи “Ҳамос”, ки дар Амрико ва Иттиҳоди Аврупо “созмони террористӣ” эълом шудааст, дар шаҳри Хонюнис, дар ҷанубу ғарби Ғазза идома доранд. Бино ба хабарҳо, нерӯҳои асосии “Ҳамос” асосан дар онҷо ҳастанд.
Ҷанги Ғазза баъд аз он шуруъ шуд, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи “Ҳамос” рӯзи 7-уми октябри соли гузашта ба Исроил ҳамла карда, тақрибан 1200 исроилиро куштанд ва бештар аз 240 каси дигарро гаравгон гирифтанд. Дар ҳамлаҳои интиқомҷӯёнаи Исроил то кунун, ба гуфтаи мақомоти Ғазза, тақрибан 25 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд, ки 70 дар сади онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд.



Вакилони парлумон қонунеро қабул карданд, ки барои воридоти аккумулятор пули “утилизатсия” ситонида мешавад
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд
КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард
Таъини ҷазо барои истеҳсоли “криптовалюта” бо истифода аз “барқи дуздӣ”
Марги як корманди пешини ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш дар пайи заҳролудшавӣ
Дар Тоҷикистон чеҳраи нафақахӯронро шиносоӣ мекунанд
Муҳаммад Наимов баъди шикаст аз намояндаи Бразилия дар "UFC 323" чӣ қадар маблағ гирифт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 37
Мақомот сӯхтор дар ҳудуди бозори “Корвон"-ро шарҳ доданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста