Ба марзбонони иёлат (штат)-и Калифорнияи ИМА дастур дода шуд, ки муҳоҷирони ғайриқонуниро аз Тоҷикистону Ӯзбекистон, Қирғизистон, Русия, Гурҷистон ва Молдова ихроҷ кунанд. Дар ин бора Fox News ва The New York Post (NYP) бо истинод ба санади марзбонони ИМА, ки ба рӯзноманигорон пешниҳод кардаанд, хабар медиҳад.

Дар санад гуфта мешавад, боқимонда афроде, ки ғайриқонунӣ марзро убур мекунанд, метавонанд бо таъини мурофиа дар додгоҳ дар ИМА раҳо шаванд, аммо онҳо наметавонанд барои паноҳгоҳ муроҷиат кунанд,

Хадамоти гумрук ва марзбонии ИМА (CBP) ба Fox News тасдиқ кардааст, ки фармон танҳо ба минтақаи Сан-Диего дахл дорад, ки айни замон серодамтарин минтақа барои муҳоҷирати ғайриқонунӣ мебошад.

Ба навиштаи NYP, бо таъини баррасии масъала дар додгоҳ онҳое ҳам буда метавонанд, ки аз бозгашт ба кишвари худ ба таври асоснок метарсанд, аз ҷумла аз Мексика ва дигар давлатҳое, ки ИМА бо онҳо созишномаи ихроҷ (депортатсия) дорад. Аммо ба онҳо низ иҷозат дода намешавад, ки барои паноҳгоҳ муроҷиат кунанд.

Ин дастурҳо дар пасманзари фармони президенти ИМА Ҷо Байден, ки пешниҳоди паноҳандагиро ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар ИМА манъ мекунад, дода шудаанд.

Тибқи ҳуҷҷат, онҳо ба кишварҳои худ бо тартиби зудтар ихроҷ карда мешаванд. Ин тадбир то вақте ки теъдоди миёнаи боздоштҳои муҳоҷирон, ки ғайриқонунӣ сарҳади ИМА ва Мексикаро мегузаранд, камтар аз 1,5 ҳазор дар як рӯз нашавад, амал мекунад.

Ба иттилои Reuters, дар санад барои кӯдакони муҳоҷир бе ҳамроҳии калонсолон, шахсоне, ки бо таҳдидҳои ҷиддӣ ба саломатӣ ё амният рӯбарӯ ҳастанд, инчунин қурбониёни қочоқи одамон истисноҳо пешбинӣ шудаанд.

NYP бо истинод ба маълумоти марзбонон менависад, дар рӯзҳои истироҳати гузашта дар сарҳади ҷанубӣ убури беш аз 10 ҳазор муҳоҷирон сабт шудааст, ки аз ҳарос надоштани муҳоҷирон аз аз маҳдудиятҳои нав гувоҳӣ медиҳад.

Моҳи марти соли ҷорӣ дар ИМА хабар доданд, ки вазъият дар марзи ҷанубии кишвар ба амнияти миллӣ таҳдид мекунад, зеро шумораи ҳолатҳои боздошти муҳоҷирон дар марз аз оғози соли 2024 (дар ИМА аз моҳи октябр оғоз мешавад) аллакай ба 1 млн наздик мешавад.

Дар солҳои 2022 ва 2023 хадамоти сарҳадбонии ИМА дар бораи зиёда аз 2 млн ҳолатҳои боздошти муҳоҷирон, ки ғайриқонунӣ марзи ҷанубиро гузаштаанд, хабар дод. Ин нишондиҳандаи рекордӣ дар тамоми давра мебошад.

Солҳои охир даҳҳо сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ низ кӯшиш мекунанд, ки тавассути Мексика ғайриқонунӣ ба ИМА ворид шаванд. Дар ИМА онҳо умед доранд, ки мақоми паноҳандагӣ ва баъди чанд сол грин-карта ба даст оранд, ки ба онҳо ҳуқуқи зиндагӣ ва кор кардан дар кишварро медиҳад.

Қаблан мақомоти Мексика аз афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар доданд. Тибқи маълумоти ҳукумати Мексика, дар солҳои 2021-2022 шумораи муҳоҷирон аз ин минтақа ду маротиба афзудааст.

Омори расмӣ аз афзоиши назарраси шумораи дорандагони шиносномаи Русия, ки аз оғози соли 2022 баъди оғози муноқишаи мусаллаҳонаи Русия ва Украина тавассути Мексика ба ИМА ворид мешаванд, шаҳодат медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.