Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар шаҳри Анкориҷи иёлоти Аляска бори аввал давоми чор соли охир рӯбарӯ мулоқот ва гуфтугӯ карданд. Поёни ҷанг дар Украина мавзӯи меҳварии музокироти ду раисҷумҳур ва ҳайатҳои онҳо буд. Натоиҷи аввалияи ин мулоқот, тавре аз изҳороти ду раисҷумҳур бармеояд, тибқи пешгӯии аксар коршиносон, умедворкунанда, вале номушаххас буд.
Пешвоз бо кафкӯбӣ ва болои қолини қирмизӣ
Мулоқоту музокироти Трамп ва Путин рӯзи 15-уми август (бо вақти маҳаллӣ) дар пойгоҳи низомии “Элмендорф-Ричардсон” дар шаҳри Анкориҷи иёлоти Аляскаи Амрико доир гардид.
Дар наворҳои мутақиме, ки расонаҳо аз ҷараёни мулоқот пахш карданд, дида мешуд, ки раисҷумҳури Русияро ҳамтои амрикоияш дар фурудгоҳи низомӣ ва бо кафкӯбӣ пешвоз гирифт. Онҳо аз болои қолини қирмизӣ қадам заданд ва акс бардоштанд, вале ба суоли хабарнигорон посух надоданд.
Доналд Трамп ва Владимир Путин дар мошини раисҷумҳури Амрико ба макони мулоқот рафтанд, ки барои аксар ғайриинтизор буд. Зеро пештар аз ин мошини хидматии раисҷумҳури Русия намоиш дода шуд, ки дар пойгоҳи низомии “Элмендорф-Ричардсон”-и шаҳри Анкориҷ дар ҳолати омодабош қарор дошт.
Музокирои раисҷумҳурони Амрико ва Русия дар қолаби “3 бар 3” баргузор гардид. Қаблан гуфта мешуд, ки Трамп ва Путин мулоқоти “як ба як” хоҳанд дошт, аммо дар охирин лаҳзаҳо, Кохи сафед эълон кард, ки қолаби мулоқот тағйир дода шудааст. Дар ниҳоят, дар ин мулоқот аз ҷониби Амрико Доналд Трамп, раисҷумҳур, Марко Рубио, котиби давлатӣ (вазири корҳои хориҷӣ), Стив Уиткофф, фиристодаи вижаи Трамп ва аз ҷониби Русия Владимир Путин, раисҷумҳур, Сергей Лавров, вазири умури хориҷа ва Юрий Ушаков, ёвари раисҷумҳур иштирок карданд.
Мулоқот ҳудуди се соат давом кард. Пеш аз оғози он, ҳайатҳо барои муддати кӯтоҳ дар назди намояндагони расонаҳо мулоқот доштанд, аммо боз ҳам ба ҳеҷ саволи хабарнигорон посух нагуфтанд.
Нуктаи ҷолиб ин буд, ки хабарнигорон ба раисҷумҳури Русия суолҳои боз ва дандоншикан медоданд, аммо ӯ ба ҳеҷ яке аз он посух нагуфт.
“Натавонистем ба созиши комил расем!”
Метавон гуфт, хулосаи ин мулоқоту музокирот, ки ҳудуди се соат идома кард, норӯшан боқӣ монд. Пас аз мулоқот, раисҷумҳурон ба назди хабарнигорон баромаданд ва доир ба он назари худро иброз доштанд. Дар умум, ҳарду раисҷумҳур аз ҳамдигар ситоиш намуданд, аммо мушаххасан нагуфтанд, ки дар робита ба поён додан ба ҷанг дар Украина тавофуқе ҳосил гардид ё на.
Путин гуфт, мулоқот созанда буд. Ӯ аз Трамп ситоиш кард ва идддаои раисҷумҳури Амрикоро, ки борҳо гуфтааст, “агар ӯ мебуд, ҷанг дар Украина оғоз намешуд” такрор кард ва зикр намуд, ки “инро тасдиқ мекунад”. Путин ҳамчунин аз талошҳои маъмурияти Трамп дар роҳи поён додан ба ҷанг дар Украина тавсиф намуд ва гуфт, ки ӯ низ мехоҳад, ки ин ҷанг поён ёбад.
Трамп ҳам мулоқотро “босамар” номид ва зикр кард, ки “муҳимтар аз ҳама, мо имкони хуби созиш дорем. Ҳоло мо ба он нарасидем”. Ӯ ҳам аз раисҷумҳури Русия тавсиф кард ва таъкид кард, ки “ӯ (Путин) низ хоҳиш дорад ин ҷанг поён дода шавад”. Дар охир ӯ изҳори умед кард, ки мулоқоти навбатӣ дар фурсати наздик баргузор мешавад. Дар ин лаҳза Путин бо англисӣ луқма партофт, ки “Next time in Moscow” (Ин навбат дар Маскав).
Бо ҳамин раисҷумҳурони Амрикову Русия ба мулоқоту музокирот поён доданд ва боз ҳам ба ҳеҷ як аз суоли бешумори хабарнигорон посух нагуфтанд.
Бояд зикр кард, ки мулоқоту музокироти мазкур дар фурсати хеле кӯтоҳ баргузор шуд. Пеш аз ин, ҳамагӣ чанд ҳафта пештар Трамп ба Маскав замони муайян дод, то барои поён додан ба ҷанг дар Украина қадамҳои ҷиддӣ гузорад. Аммо баъди мулоқоти ахири Стив Уиткофф бо Владимир Путин дар Маскав, Трамп эълон кард, ки бо ҳамтои русаш мулоқот мекунад.
Коршиносон аз ин мулоқот интизории бештар надоштанд ва таъкид мекарданд, ки он як мулоқоти пӯшида хоҳад буд. Ҳамчунин, аз ин мулоқот поёни ҷанг дар Украинаро интизор шудан ҳам душвор аст. Натоиҷи мулоқоту музокирот собит мекунад, ки ба эҳтимоли зиёд, дар робита ба поён додани ҷанг дар Украина ҳеҷ созиши мушаххасе ҳосил нашудааст.



Кадом дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми соли 2024 дода буд, иҷро нашуд ва чаро?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
СММ ду қатъномаи Тоҷикистон дар бораи “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” ва “Ҳифзи пиряхҳо”-ро пазируфт
Аввалин медали нуқраи Тоҷикистон аз қаҳрамонии бокси ҷаҳон. Муштзанҳои тоҷик аз Дубай бо ду медал бармегарданд
Воридоти чӯбу тахта ба Тоҷикистон афзуд. Аз нисф зиёди он аз Русия оварда мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 декабри соли 2025
Аз Душанбе то Порису Ванкувер. Масири духтари тоҷике, ки аз хонадони Шаҳидӣ ба минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ роҳ ёфт
“Чорво зиёд ва фермаҳо фаъол шаванд”. Бо боздошту ҷаримаи соҳибкорон нархи гӯшт арзон мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Барои дарҷ накардани маълумоти зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста