Мушкилоти асосии занони тоҷик зимни муҳоҷирати меҳнатӣ ва сабабҳои сарзанияшон дар чист? То куҷо созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон, аз ҷумла занон, ба масоили марбут ба муҳоҷирбонувон расидагӣ мекунанд?

Дасти хуншори модар

Зарина, сокини шаҳри Душанбе, дар як суҳбати катбӣ қисса кард, ки соли 2001 ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, дар як бозори шаҳри Санкт-Петербург дар зери назорати ҳамватанон машғули кор шуд.

“Он ҷо моро ҳама таҳқир мекарданд. Ману дугонаам зери дасти як тоҷикбача кор мекардем. Ӯ бо ҳарроҳ моро фиреб медод. Маҷбур мекард, ки аз озариҳо молу коло гирифта, шиносномаи дугонаамро ба гарав монем. Як дафъа ӯ ҳама маводи фурӯширо ба мошинаш бор карда, гурехт. Мо мондему қарз. То имрӯз шиносномаи дугонаам дар дасти озариҳост”, - афзуд ӯ.

Ин бону саргузашти талхи нафари дигареро ҳам ба ёд овард. Ба қавли ӯ, боре як марди тоҷик як зани тоҷикро, ки бо ду фарзанд дар муҳоҷират қарор дошт, фиреб дод. Вай афзуд: “Он мардбо ин баҳона, ки кӯдакаш дар Тоҷикистон бемор аст, аз ӯ барои табобатпул хостааст.Зани бечора ба таваллоҳои ӯ бовар карда, қисме аз маблағро аз дигарон қарз гирифта, ба ӯҷамъ 70 ҳазор рубл медиҳад. Он мард, ки як фиребгар будааст, ба ибораи маъруф, ин занро “кидат” кард. Зани бечора бо ду фарзанд чӣ азобҳое аз сар нагузаронд. Чунин ҳолатҳо дар муҳоҷират зиёд рух медиҳанд. Баъзе аз ҷавонон бо ҳарроҳу восита занони ҳамватанро фиреб медиҳанд. Чунин муносибатро дар дигар миллатҳо кам дидаам. Ҳоло ба касе бовар намекунам. Балки мекӯшам, киҳамеша зираку ҳушёр бошам”.

Сокини шаҳри Бохтар Зарнигор низ аз соли 2001 то инҷониб дар муҳоҷиратазобу машаққати зиёд кашидааст. Ӯ пас аз хатми мактаби миёна бо сабаби шавҳар кардан аз идомаи таҳсил даст кашид. Аз таъсири ҷанги шаҳрвандӣ зиндагияш мушкил гардид. Маҷбур шуд, ки ба соҳибкории хурд машғул шавад. Муддате рӯзгори хонаро бо мушкилӣ таъмин кард. Як хешаш, ки дар Маскав қарор дошт, он ҷо барояш ҷойи кор пайдо кард. Соли 2001 ба муҳоҷирати меҳнатӣрафт.

- Он рӯзе, ки ба нияти сафари дур хонаамро тарк кардам, бароям мушкилтарин рӯзи умр буд, - нақл мекунад Зарнигор. - Зеро бори аввал аз се фарзанди хурдакакам ҷудо мешудам. Қатора мерафту фикру зикри ман ба онҳо банд буд. Баъд аз чор шабонарӯз ба назди хешовандон расидам. Шабро намедонам чӣ гуна рӯз кардам. Саҳар маро ба ҳайси ҳавлирӯб ба кор монданд. Аз ҳамон лаҳза мушкилиҳоям оғоз шуданд. Барфи зиёде борида буд. Ҳавлиҳоро аз барф тоза мекардам. Аз нозукиҳои ин кор бехабар рӯзе бо дасти луч бо мисрон ях мешикастам. Чун оҳани сардро раҳо кардам, дастам хуншор шуд. Ҳарчанд дард ҷонамро месӯзонд, аммо маҷбур то бегоҳ кор кардам.

Рӯзе як зани рус вазъи маро дида, дилаш сӯхт. Ба хонааш даъватам кард. Як пиёла чойи гарм дод. Чанд рӯз ҳамин хел даъватам мекарду сари як пиёла чой маслиҳат медод, ки кори сабук пайдо кунам. Маҷаллаеро пешам гузошт. Аз рӯйи эълонҳои он дар як қаҳвахона ба ҳайси пешхизмат кор ёфтам. Ҳамагӣ 25 сол доштам. Бароям он ҷо кор кардан хеле мушкил буд.Ниҳоят, дарк кардам, ки бе доштани ихтисос азобҳоям тамом намешаванд. Як рӯз аз назди коллеҷи тиббӣ мегузаштам. Фикре ба сарам омад, ки бояд дар ин ҷо таҳсил кунам.Таҳсил аз соли 2003 то 2005 давом кард. Дар баробари ин шабона дар қаҳвахона пешхизматӣ мекардаму дар коллеҷ фаррошӣ. Хеле-хеле мушкил буд, аммосабр кардам.

Баъди гирифтани диплом даросоишгоҳе ба кор қабул шудам. Он ҷо се сол кор кардам. Роҳбари осоишгоҳ иваз шудан баробар муносибат ба мо дигар шуд. Роҳбари навиҷрои корҳои барои ман нораворо талаб мекард. Барои маҷбур кардан шиносномаамро гирифт. Фирор кардам. Ба хонаи хешовандон омадам. Қабулам накарданд. Чанд шабро дар даромадгоҳҳои биноҳои баландошёна рӯз кардам. Рӯз кор меҷӯстам. Оқибат дар як дармонгоҳ ба кор қабулам карданд. Муддате кор карда,барои барқарор кардани шиносномаи шааҳрвандӣ ба Тоҷикистон баргаштам. Боз корро дар ҳамон дармонгоҳ давом додам. Соли 2015 соҳиби шиносномаи русӣ шудам. Мутаассифона, хурсандиям дер давом накард. Рӯзе маъмурони пулис ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳо пора тамаъ карданд. Талабашонро қонеъ накардам. Шиносномаамро бекор карданд. Боз сарсону саргардон шудам. Ва ниҳоят, ҳуҷҷатҳои тоҷикистониямро барқарор карда, корро идома додам.

Зарнигор мегӯяд, ки бо вуҷуди ҳама мушкилиҳо,аз таҷрибаи талхи худ сабақ гирифта, фарзандонашро соҳиби маълумоти олӣ кард. Зеро, ба фикри ӯ, ба гурӯҳи осебпазир бештар занони бемаълумот дохил мешаванд.

– Аз таҷрибаи талхи худ мегӯям, ки муҳоҷират бе доштани касб, бе донистани забон ва ҳадди ақал одитарин ҳуқуқҳои инсонӣхатари зиёд дорад, - таъкид мекунад ӯ. - Занони мо ҳатто мустақилона ҳуҷҷатҳои худро ба расмият дароварда наметавонанд.

Методҳои маъмурон ва роҳзанон

Дар баробари мушкилиҳои корӣ, мавридҳое низ ҳастанд, ки муҳоҷирзанон аз дасти гурӯҳҳои ҷиноятпеша ҳам азият дида, аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ муносибати ғайринсонӣ мебинанд. Чунин мисолҳо зиёд расонаӣ шудаанду мешаванд.

Дар истинод ба “Радиои Озодӣ”, Зарина Юнусова, шаҳрванди Тоҷикистон, шаби 13-14 октябри соли 2015 аз сӯйи маъмурони пулис барои нақзи қоидаҳои будубош боздошт ва ба додгоҳ бурда шуд. Кӯдаки панҷмоҳааш Умаралӣ Назаровро аз ӯ ҷудо карданд. Тифл дар бемористони Тсимбалина аз олам даргузашт. То он фоҷеа чанд соат кӯдакро дар шуъбаи пулиси ноҳияи Адмиралтейский нигоҳ дошта буданд.

Наздикони Умаралӣ дар фавтивай маъмурони пулиси Адмералтийскийро муттаҳам медонанд. Аммо онҳо бо нашри видеои дурбини назоратии дохили идораашон гуфтанд, баъди ҷудо кардани кӯдак аз модар ӯро хуб нигоҳубин кардаанд ва ин даъво асос надорад. Мутаассифона, асос доштан ё надоштани видео дигар тасдиқ нашуд. Дар навор пулисзанеба кӯдаки гирёни даст аз шиша шир медиҳад.

Гурӯҳи тафтишотӣ бар пояи ташхиси тиббӣ ба ин натиҷа расид, ки гӯё Умаралӣ аз касалии сармохӯрӣ аз олам чашм пӯшид.  Аммо ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистону Русия ҳодисаи аз модар ҷудо кардани тифлро бештар аз беэҳтиётӣ, яъне ҷиноят унвон карданд. Ниҳоят, ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар назди раиси ҷумҳури Русия Павел Астахов ҳам хостори аз нав гузаронидани тафтишот шуд.

Лекин баръакс, мақомоти тафтишотӣ бо иддаои мавҷуд будани чӣ вирусе дар хуни кӯдак, хостанд аз волидон Рустам Назаров ва Зарина Юнусова бидуни адвокат барои таҳлилнамунаи хун бигиранд. Ҷавоби рад шунида, ҳушдор доданд, ки бо далели саркашӣ тибқи моддаи 308-и Кодекси ҷиноятии Русияэҳтимоли ифтитоҳипарванда алайҳашон вуҷуд дорад.

Оқибат Ҳукумати Русия ваъда дод, ки қазия мунсифона баррасӣ хоҳад шуд. Бо ин вуҷуд, ҳанӯз касе барои марги мармузи Умаралӣдар назди қонун ҷавоб нагуфтааст.

Ба иттилои ҳафтаномаи “Фараж”, Садбарг Нуралиева,сокини 41-солаи ноҳияи Панҷ низ ба чунин як қазияи сахт мувоҷеҳ шудааст. Ӯ шурӯъ аз соли 2014 дар шаҳри Екетеренбург фарроши корхонаи нонпазӣбуд.Садбарг 17-уми январи соли 2018 ба хотири убури сарҳад ба Қазоқистон меравад. Чун мехоҳад дубора вориди қаламрави Русия шавад, сарҳадбонони рус бо баҳонаи насупоридани кадом як ҷаримаи маъмурӣ иҷозааш намедиҳанд. Зораю тавалло дар хусуси дар хонаи иҷора дар Русия танҳо будани ду фарзанди ноболиғ ба онҳо асар намекунад. Садбаргмегӯяд, ки ҳамеша қонунҳои будубошро риоя кардааст ва намедонадин чӣ ҷарима аст. Сарҳадбонон миқдор ва навъи ҷаримаро шарҳ надодаанд. Писари ин зан 3,5ва духтараш 16 сол дорад.

- Ҳар рӯз бо фарзандонам сӯҳбат мекунам. Писаракам мегиряд. Намедонам чӣ кунам, ки назди онҳо рафта тавонам, - мегӯяд вай. 

Ба наздикӣ - 29-уми январи соли 2019 хабаргузории “Спутник” аз таҷовузи шаҳвонӣ ва ғорат шудани як зани тоҷик хабар дод. Ба иттилои манбаъ, ӯ 28-уми январ ба пулиси Маскав шикоят кардааст, ки дар қабристони Хованский марде бо таҳдид тавассути корд ба номусаш дастдарозӣ карда, 5 ҳазор рубл ва ангуштарии тилояшро рабудааст. Мақомоти дахлдори ФР иттилоъ доданд, ки бо мақсади таҳқиқи ҳодиса, ки 25-уми январ рух додааст, парванда кушода шуд. 

Қирғизбек Зокирзода

Аҷаб! Зӯроварӣ ҳаст, муроҷиат не

Аз ҷамъи умумии бонувони маскуни вилояти Хатлон, ки тибқи маълумоти расмӣ, анқариб 50 дарсади аҳолии вилояти Хатлонро ташкил медиҳанд, кам нестанд онҳое, ки рӯ ба муҳоҷират меоранд. Вале ба таъкиди Раъно Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Қирғизбек Зокирзода, муовини сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилоят, шумораи занони рӯ ба муҳоҷират соли 2018 нисбат ба соли 2017 беш аз 5 ҳазор кам шуд. Сабаб кушода шудани корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ ва муҳайё шудани садҳо ҷойи кор шарҳ дода мешавад.

Аммо бо вуҷуди кам набудани ҳодисаҳои зӯроварӣ нисбат ба муҳоҷирзанон, ин масъулононзикр карданд, ки ба онҳо тӯли солҳои охир ягон зан бо мақсади дарёфти машварат ё кӯмак муроҷиат накардааст.  

Абдулло Давлатов

Диаспора - бисёр...

Оё созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва диаспораҳои тоҷикон дар қаламрави Русия ба мушкилоти муҳоҷиронзанҳои тоҷик расидагӣ мекунанд?Бо мақсади дарёфти посух ба беш аз 10 созмон тариқи шифоҳию хатӣ муроҷиат кардем.Мутаассифона,аз созмонҳои амалкунанда ягонтояш ироаиназар накард. Фақат Абдулло Давлатов, як фарди фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки қаблан дар доираи кори диаспораҳо аз ҳуқуқи муҳоҷирон дифоъ мекард, гуфт, мисолҳои ҳал шудани мушкилоти муҳоҷирон мавҷуданд. Лек барои тақвияти андеша ӯ ҳам аз овардани мисолҳои мушаххас худдорӣ кард.

Ёдовар мешавем, ки тибқи ҳисобҳои расмии ҷониби Тоҷикистон, дар қаламрави Федератсияи Россия 84 диаспораи тоҷикон амал мекунанд, ки як самти фаъолияташон маҳз ҳимояи ҳуқуқи ҳамватанон гуфта мешавад. 

Раъно Рахимзода

Муҳоҷирон ҳам гунаҳкоранд

Абдулло Давлатов мегӯяд, ки омилҳои зӯроварӣ дар муқобилибонувони тоҷик аз сабабҳои дигар қавму миллатҳои ҷаҳон кам фарқ мекунад. Фарқи ягона дар кофӣ набудани пуштибонии ҳуқуқӣ аз тарафи мақомоти давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятист. Вале Раъно Раҳимзода ва Қирғизбек Зокирзода сабаби калидии ба зуроварӣ дучор шудани занони тоҷикистониро дар надонистани ҳуқуқҳояшон, забони кишвари муҳоҷирқабулкунанда ва надоштани касбу ихтисос мебинанд. 

Валентина Чупик

Тадбир алайҳи сиёсати “худӣ – бегона”

Барои барҳам задани зӯроварӣ алайҳӣ занон чӣ бояд кард? Ба андешаи Валентина Чупик, ҳуқуқшиноси ройгони муҳоҷирони меҳнатӣ, сарвари иҷроияи созмони “TONG JAHONI”, маҳз барои барҳамзании зӯроварӣ алайҳӣ бонувон не, балки баҳри нест кардани муҳоҷирбадбинӣ ва шиканҷа дар пулис бояд мубориза бурд. “Онгоҳ дар мавриди ҳамаи муҳоҷирон, асосан занон, зӯроварӣ сурат намегирад”, - афзуд ӯ.  

Абдулло Давлатов маслиҳат медиҳад, ки занҳопеш аз сафар ба давлати бегона дар бораи кишвари интихобкардаашон маълумоти умумӣ бигиранд. “Бахусус, қабл аз рафтан ба чунин мамлакате чун Русия, ки дар онҷо формулаи “худӣ - бегона” сиёсати нонавишта аст”, - баён кард вай.

Раъно Раҳимзода низ бобати гирифтани маълумоти аввалия бо мусоҳиби боло ҳамфикр аст. Ниҳоди онҳо баҳри татбиқи ин ниёзи ҷамъиятӣ тариқи усули “хона ба хона” бо мардум зиёд суҳбат мегузаронидааст. Ташкили маҳфилҳои омӯзиши касб низ дар доираи коҳишбахшии ҳамин ниёзҳо татбиқ мегардидааст.

Раёсати Хадамоти муҳоҷирати вилоят бар замми вохӯриҳои пайваста, ҳамеша миёни шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ паҳн мекардааст.

Мутаҳиддию самимият мебояд

Соҳибназарон дар умум бар инанд, ки барои барҳам задан ё лоақал дар навбати аввал ба таври чашмрас коҳиш додани зӯроварӣ алайҳи муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷинси зан ҳама сохторҳои давлатию ҷамъиятиро мебояд, кина ба хотири назди касе ҳисобот супоридан, балки бо мақсади осон кардани мушкили ҳамватане дастҷамъ тадбир андешанд.Мушкилиҳои мудавоми муҳоҷирони тоҷикбар дурустии ин нукта далел буда метавонад.