Фирдавс Ҳусейнзода, додраси додгоҳи вилояти Суғд, Самандари Қаландар, додраси додгоҳи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва Нозим Давлатзода, додраси додгоҳи ноҳияи Балҷувон “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз вазифа барканор гардидаанд.

Фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин маврид дирӯз, 17-уми декабр, имзо шудааст.

Вале маълум нест, ки ин се додрас чӣ кирдоре анҷом додаанд, ки обрӯи додрасро паст задааст. Дар гузашта аксаран даст ба фасод ва ришватхорӣ задан сабаби барканории додрасҳо мешуд.

Ҳамчунин, бо фармони раисҷумҳур, Манижа Шарифзода, додраси додгоҳи шаҳри Исфара “бо хоҳиши худ”, Қамариддин Табарзода, додраси додгоҳи ноҳияи Ховалинг, Муҳаммадсаид Шоҳиён додраси додгоҳи шаҳри Душанбе бо сабаби расидан ба синни ниҳоии додрасӣ ва Бадриддин Шарифзода, додраси додгоҳи вилояти Суғд бинобар вафоташ аз вазифа озод шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар гузашта ҳам чандин додрас “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз вазифа барканор шуда буданд. Аммо он замон ҳам ҷурми онҳо ошкор нашуда буд, ҳарчанд баъдтар барои ҷомеа маълум шуд, ки ин додрасҳо чӣ кори пастзанандаи шаъну эътибори додрас кардааст. Аксари онҳо ҳам барои фасодкорӣ аз вазифа озод шуда буданд.

Чаро вақти барканорӣ гуноҳи додрасҳоро мушаххас намегӯянд? Дар ин матлаби мо мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.