Суди шаҳри Душанбе донишҷӯйи собиқ Убайдулло Қурбоновро барои куштор ба муҳлати 24 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.
Дар ин бора ба “Азия-Плюс” муовини раиси суди шаҳри Душанбе Асомиддин Бобохонзода иттилоъ дод.
Убайдулло Қурбонов ва марҳум Дилмурод Фозилов дар мактаби №60-и ноҳияи Сино таҳсил карда, аз замони мактабхонӣ нисбат ба ҳамдигар хусумат доштаанд.
Ҳар ду ба Донишгоҳи давлатии тиҷорат дохил мешаванд. Он рӯз онҳо дар мусофиркаши хурд (микроавтобус) ҳамроҳ ба дарс рафта, миёнашон муноқиша сар задааст. Дар роҳ ба донишгоҳ Убайдулло бо баҳонаи “гап доштан” Фозиловро ба гӯшае бурда, ба қисмати дили ӯ бо корд зарба мезанад, ки дар натиҷа Дилмурод дар ҷойи ҳодиса ҳалок мешавад.
Қурбонов дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон боздошт шуд. Нисбат ба ӯ бо моддаҳои 237 (Авбошӣ) ва 102 (Одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз шуда буд.
Дилмурод Фозилови марҳум ягона писари хонадон буд. Падараш чанд сол пеш вафот карда, модараш дар Маркази ҷумҳуриявии солимии “Шифобахш” (Қарияи Боло) ба ҳайси фаррош кор мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.



