Ҳафтаи равон қариб 50 паноҳҷӯи афғонистониро аз Тоҷикистон ихроҷ кардаанд. Дар ин бора расонаҳои Афғонистон иттилоъ медиҳанд, вале мақомоти Тоҷикистон ва масъулини созмонҳои байналмилалӣ дар умури паноҳандагӣ аз шарҳи ин қазия сукут ихтиёр кардаанд.
Ба гузориши Маркази хабарнигорони ҷавон, рӯзи душанбе 47 паноҳандаи афғонистонӣ аз сӯи нерӯҳои амниятии Тоҷикистон “иҷборан ихроҷ шудаанд”.
Ин афрод, ки дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ доштанд, ба иттилои манбаъ, ҳама асноди паноҳҷӯи Комиссарияти олии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар умури паноҳандагонро доштанд. Аксари онҳо дар шаҳри Ваҳдат ронандаи таксӣ будаанд.
“Паноҳандагон ба идораи амният дар шаҳри Ваҳдат даъват шуда, асноди онҳоро мусодира ва сипас бо ду мошин ба марз интиқол додаанд. Ҳамчунин, теъдоде аз паноҳҷӯёни дигар дар кӯчаву бозор, ки барои харид ба мағоза мерафтанд, аз сӯи нерӯҳои амниятии Тоҷикистон боздошт ва ба Афғонистон ихроҷ шудаанд”, - менависад манбаъ.
Миёни ихроҷшудагон занону модарон низ будаанд, ки аз фарзандонашон ҷудо шудаанд. Як зани афғонистонӣ, ки ахиран аз Тоҷикистон ихроҷ шудааст, ба хабаргузории "Afganistan International" гуфтааст, ки “мақомоти амниятии Тоҷикистон бе ягон сабаб моро ихроҷ карданд, дар ҳоле ки фарзандон ва волидони беморам дар Тоҷикистон боқӣ монданд”.
Ин муҳоҷири ихроҷшуда гуфтааст, ки тамоми дороии хонавода ва зиндагии онҳо дар Тоҷикистон боқӣ мондааст ва мақомоти амниятии кишвар ба онҳо имкон надодаанд, ки ҳадди ақал моли худро интиқол диҳанд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон ва масъулини бахши паноҳандагон дар Тоҷикистон аз додани иттилоъ дар робита ба ихроҷи гурезаҳо худдорӣ мекунанд. Аз Комиссарияти олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) рӯзи 22-юми апрел ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки аз қазия огоҳ ҳастанд ва ба зудӣ изҳорот интишор мекунанд. Вале бо гузашти се рӯз дигар ба зангҳои мо ҷавоб надоданд ва то ҳол изҳорот ҳам нашр накардаанд.
Вале Мусаввир Баҳодурӣ, роҳбари Кумитаи муҳоҷирони Афғонистон дар Тоҷикистон, як ниҳоди ҷамъиятии кор бо муҳоҷирони афғонистонӣ, ихроҷи қариб 50 паноҳҷӯи афғонистониро рад карда, гуфт, ки “агар ду - се касе ҳам ихроҷ шуда бошад, ба далели камбуди ҳуҷҷатҳояш аст”.
Мақомоти амниятии Тоҷикистон расман дар ин бора иттилоъ намедиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, созмонҳои байналмилалӣ мегӯянд, ки ихроҷи онҳо ба кишварашон, ки зери султаи “Толибон” аст, ба ҷонашон хатар дорад.
Бояд гуфт, ки қаблан ҳам даҳҳо паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз Тоҷикистон ихроҷ шуда буданд, вале он вақт далели ихроҷро шарҳ дода буд. Онҳо барои гузоштани риши бенизом, пӯшидани либоси бегона, нӯшидани машрубот, мунозираҳои сиёсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар умум риоя накардани қоидаҳои будубош аз Тоҷикистон хориҷ карда шуда буданд.
Он замон Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон аз Тоҷикистон хоста буд, ки аз ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ ба кишваре, ки ҷонашон дар хатар аст, ҷилавгирӣ карда, онҳоро ба кишвари сеюм фиристанд ва ё ҷазо диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои ғайрирасмӣ ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор шаҳрвандони Афғонистон паноҳанда ҳастанд ва онҳо асосан дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ муқим мебошанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.





S&P дурнамои радабандии соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро беҳтар кард
Бо гузашти 4 сол ҳанӯз барномаи “Ислоҳнигорӣ” омода нашудааст. Кумитаи забон боз чӣ баҳона пеш овард?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 феврали соли 2026
Додситони кул: 405 нафар барои гузоштани “лайк” аз ҷавобгарӣ озод шуданд
Иқтисоди Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар кадом мақеъ аст?
“Мактаби кӯҳна” дар Душанбе. Боздошти марде бо гумони таълимоти динии ғайриқонунӣ ва азобу уқубати ноболиғон
Воридоти мошин зиёд шудааст. Аз кадом кишварҳо ба Тоҷикистон автомобил ворид мешавад?
“Ҳабси абад мехоҳем”. Вакили дифои ҷабрдидагони ҳамла ба “Крокус” гуфт, аз додрас ҷазои сахттарин талаб мекунад
Дар Тоҷикистон баъзе ғизои кӯдаконаи тамғаи “Нутрилон” ва “Малютка”-ро аз фурӯш бозпас мегиранд
Соли гузашта дар Тоҷикистон қариб 180 ҳолати хариду фурӯши одамон сабт шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста