“Азия – Плюс ” тасмим гирифт, тағйири намои чанде аз кӯчаву хиёбонҳои пойтахти кишвар - Душанберо  бо истифода аз аксҳои моҳвораӣ барои солҳои 2010 – 2025 нишон диҳад.

 

Хиёбони Рӯдакӣ

Маркази шаҳр, майдони Дӯстӣ, атрофи муҷассамаи “Исмоили Сомонӣ” куллан тағйир ёфтааст.  Давоми 15 сол дар минтақаҳои холӣ ва ба ҷои биноҳои кӯҳна биноҳои баландошёна  қомат афрохта, чанд боғ бунёд шуд.  Мисол, дар аксҳо дидан мумкин аст, ки давоми ин солҳо дар ин минтақа майдони “Нишони давлатӣ” , боғи “Парчами миллӣ” , биноҳои ҳукумати ҷумҳурӣ ва парлумон пайдо  шудаанд.

 

1/16

 

Хиёбони Саъдии Шерозӣ

Дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ, атрофи Сирки давлатӣ тағйироти чашмрас ин аст, ки дар қади роҳи асосии хиёбон сол аз сол биноҳои баландошёна зиёд мешаванд.  Дар аксҳои моҳвораӣ ҳатто таъмири роҳҳоро низ мушоҳида кардан мумкин аст.

 

1/16

 

Атрофи Театри давлатии опера ва балет ба номи Садриддин Айнӣ

Дар атрофи Театри давлатии опера ва балет ба номи Садриддин Айнӣ мушоҳида кардан мумкин аст, сол аз сол роҳҳо васеъ гардида, дарахтон кам шудаанд. Биноҳои кӯҳна тахриб шуда сохтмони биноҳои нави баландошёна  идома доранд.

 

1/16

 

 

Майдони Истиқлол ва Озодӣ ва чойхонаи "Роҳат"

Тағйироти чашмрас дар хиёбони Рӯдакӣ бунёди майдони Истиқлол ва Озодӣ, ҳамчунин биноҳои баландошёна аст. Тахриби чойхонаи “Роҳат”, ки соли 2025 дигар дар аксҳои моҳвораи наафтидааст. 

 

1/16

 

Бозори Корвон

Таъмиру азнавсозии Бозори “Корвон” ва бунёди  биноҳои баландошёнаи истиқоматиро дар аксҳои моҳвораи метавон мушоҳида кард.

 

1/16

 

Кӯчаи Айнӣ

Дар кӯчаи Айнӣ ва атрофи он ба ҷои хонаҳои заминӣ биноҳои баландошёна зиёд шудаанд. Дар аксҳо тахриби Бозори “Шоҳмансур” (Зелёный) низ ба назар мерасад.

 

1/16

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.