Сюжет "«МОДДАИ 19»*" | Хабарҳои Тоҷикистон ASIA-Plus
Бекор кардан 

«МОДДАИ 19»*


Дар лоиҳаи «Моддаи 19» «Азия-Плюс» дар бораи чӣ гуна дар Тоҷикистон амалӣ шудани Консепсияи расонидани кумаки ройгони ҳуқуқӣ, ки соли 2015 аз ҷониби Ҳукумати кишвар тасдиқ шуд, истифода бурда тавонистани кадом категорияҳои шаҳрвандон аз ин кумаки бепули ҳуқуқӣ ва то чӣ андоза дар замони муосир муҳим будани бо дастрасӣ ба кумаки ҳуқуқӣ таъмин кардани шаҳрвнадон, бахусус қишри камббизоат ва осебпазир муфассал маълумот медиҳад. Ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ, аз ҷумла ҳуқуқ ба кумаки ройгони ҳуқуқӣ, ҳуқуқи конститусионии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. *Моддаи 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд. Ҳеҷ касро бе асоси қонунӣ дастгир, ҳабс кардан мумкин нест. Ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад».