Соли 2015 дар назди Вазорати адлияи Тоҷикистон “Маркази кумаки ҳуқуқӣ” ба кор оғоз намуд, ки ҳадафи аслиаш расонидани кумаки бепули ҳуқуқӣ ба қишри осебпазири аҳолии ҷумҳурӣ мебошад.
Дар бораи чӣ гуна таъсис дода шудани ин муассисаи давлатӣ ва ба чӣ натиҷаҳо ноил гардидани он тӯли се соли корӣ суҳбате оростем бо директори Марказ Лоиқ Нусратов.
Кумаки бепули ҳуқуқӣ барои ҳамаи шаҳрвандон
- Дар бораи фаъолияти Марказ маълумот медодед, чанд нафар ҳуқуқшиносон ҷалб шудаву кораш чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
- Хотиррасон карданиям, ки Муассисаи давлатии “Маркази кумаки ҳуқуқӣ” дар назди Вазорати адлия дар доираи амалисозии Консепсияи расонидани кумаки ройгони ҳуқуқӣ ба қишри осебпазири аҳолӣ, ки соли 2015 дар ҷумҳурӣ қабул шуд, таъсис дода шуд. Маркази мо ба Вазорати адлия ҳисобот дода, ба ҳамоҳангсозии ҷараёни амалисозии Консепсия ва пешниҳоди ҳисоботи солона дар ин самт ухдадор аст.
Дар худи Марказ мо машваратҳои ҳукуқӣ намедиҳем, барои ин дар шаҳру ноҳияҳои озмоишӣ дафтарҳои кории давлатии ҳуқуқӣ амал мекунанд, фаъолияташонро мо ҳамоҳанг месозем. Маҳз дар заминаи ҳамин дафтарҳои корӣ мардум кумаки ройгони ҳуқуқӣ гирифта метавонанд. Айни замон дар 18 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 24 адад дафтарҳои кории давлатии ҳуқуқӣ амал карда, ба кор дар онҳо наздики 30 нафар ҳуқуқшиносон ҷалб шудаанд.
- Чаро ин тавр: дар 18 ноҳия 24 адад дафтари корӣ?
- Мақсади асосӣ дар он ифода меёбад, ки модели беҳтарин оид ба расонидани кумаки аввалияи ҳуқуқӣ (машваратҳои ҳуқуқӣ, шарҳу тавзеҳ, таҳияи санадҳои ҳуқуқӣ (ба ҷуз муроифавӣ) ва дигар хизматгузориҳо ба қишри осебпазири аҳолии кишвар муайян карда шавад, аз ин рӯ, ба мо зарур аст, ки се моделро мувофиқи Консепсия бисанҷем.
Модели аввал дорои ду зермодел -1.1 ва 1.2. мебошад. Дар модели 1.1. – ду ҳуқуқшинос ҷалб шуда, натанҳо дар дафтари корӣ муроҷиаткунандагонро қабул мекунанд, балки ба ҷамоатҳои дурдаст ҳам рафта, ба аҳолӣ дар маҳалҳо доир ба масоили ҳуқуқӣ маслиҳату машваратҳо медиҳанд.
Зермодели 1.2: дар дафтари корӣ як ҳуқуқшинос ва дар ҷамаоатҳои наздик ҷуфти ҳуқуқшиносон кор карда, ба аҳолӣ дар маҳалҳо чӣ гунаву ба куҷо ва ба кӣ муроҷиат карданро зимни пайдо шудани масоили ҳуқуқӣ шарҳ медиҳанд. Яъне аҳолиро ба Дафтарҳои кории давлатӣ равона мекунанд.
Дар модели 2 ду ҳуқуқшинос: яке дар маркази ноҳия ва дигарӣ дар ҷамоати сераҳолӣ кор карда, ҳамчунин ҷуфти ҳуқуқшиносон низ ба онҳо кумак мекунанд.
Дар маҷмӯъ барои амалисозии ин моделҳо, агар ҳисобу китоб шавад, панҷ ҳуқуқшинос ҷалб шуда, ин рақамҳо аз ҳамин ҷо бармеоянд.
Ва ниҳоят, дар модели сеюм расонидани кумаки ройгони ҳуқуқӣ аз ҷониби намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки бар асоси тендер ба расонидани хизматгузориҳои ҳуқуқӣ ба аҳолӣ ҳуқуқ пайдо мекунанд. Қобили зикр аст, ки баъди 6 моҳи амалисозии модели №3, мо таҳлил гузаронида, тасмим гирифтем, ки ба модели якум баргардем, яъне бо ҷалби ҳуқуқшиносони давлатӣ ба кор. Дар шароитҳои мо он бештар бобарору муваффақ аст.
68%-и шаҳрвандон мушкилоти ҳуқуқиашонро ҳал карданд
- Бештар бо кадом масъалаҳо ба Дафтари корӣ муроҷиат мекунанд ва то чӣ андоза машваратҳо ба онҳо дастрас аст?
- Тавре таҳлил нишон дод, аз ҳама муҳим масъалаҳои вобаста ба қонунгузории оилавӣ мбошанд: масъалаҳои ситонидани алимент (кумакпулӣ барои фарзандон) ва бекор кардани ақди никоҳ, ҳамчунин ҳуқуқ ба қитъаи замин. Мушкили асосӣ дар муносибатҳои оилавӣ маъмулан ба бекор кардани ақди никоҳ, тақсими амволи муштарак байни ҳамсарон, имзои созишнома дар бораи ситонидани алимент, муайян кардани падарӣ, ҳамчунин ба дигар бахшҳои қонунгузорӣ дахл дорад.
Воситаҳои робита барои паҳн кардани маълумот дар бораи кумаки ройгонӣ ҳуқуқӣ китобча ва варақаҳои иттилоотӣ, эълон дар газетаҳо, ҳамчунин таблиғ дар макони издиҳомимардум - бозору ҷамоат ва чойхонаҳо мебошад. Ғайр аз ин, ҳуқуқшиносон давра ба давра дар ВАО-и маҳаллӣ маосилро шарҳ дода, суханронӣ мекунанд.
Мавриди зикр аст, ки мо мунтазам мониторинги сифати кумакро мегузаронем, ки аз ҷониби ҳуқуқшиносони Дафтарҳои кории давлатӣ расонида мешавад, муайян мекунем, ки то чӣ андоза аҳолӣ аз кори ҳуқуқшиносон қаноатманд аст. Масалан, аз шумори умумии муроҷиаткардагон ба Дафтари кории давлатӣ ҳудуди 68% машварати ҳуқуқӣ гирифта, ин ба онҳо дар ҳалли мушкили ҳуқуқиашон кумак кард ва ба 32 фоизи шаҳрвандон кумаки ҳуқуқӣ мадад накард, лекин онҳо алҳол қарори суд ё баррасии аризаҳои худро интизоранд, ки ба мақомоти давлатӣ пешниҳод шудааст.
- Айни замон Марказ ва Иттифоқи адвокатҳо ба озмоиши ду модели кумаки ройгони ҳуқуқии дуюмдараҷа аз рӯи парвандаҳои ҷиноӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон оғоз намуданд. Мегуфтед, афзалияти тарзи нави кор дар чист?
- Қаблан дар Тоҷикистон чунин таҷриба вуҷуд дошт: агар ба шаҳрванд адвокат зарур мешуд, мақомоти тафтишот мебоист дар шакли хаттӣ дархост омода кардаву онро ба Иттифоқи адвокатҳо мефиристоданд ва баррасии ҳуҷҷатро интизор мешуданд. Табиист, ки вақти зиёд талаф мешуд.
Акнун дар ноҳияҳои озмоишӣ, ки мо дар онҳо кумаки ҳуқуқии дуюмдараҷа (намояндагии манфиатҳои шаҳрванд дар суд, ҳимоя аз айбдоркунӣ, таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурии мурофиавӣ - замим.идора) мерасонем, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ - муфаттиш, бозпурсанда, прокурор ё судяи марбут ба тафтишот бо телефон ба маркази хизматрасонӣ муроҷиат намуда, ба адвокат барои боздоштшуда дархост медиҳанд. Марказҳои хизматрасонӣ (дар назди Маркази мо ва Иттифоқи адвокатҳо) 24 соат шабонарӯзӣ кор мекунанд ва ҳангоме ки дархостро гирифтанд, дарҳол адвокатро ба шаҳрванди ба он эҳтиёҷдошта мефиристанд. Дар сурате, ки агар ин шаҳрванд дар гурӯҳи шахсоне бошад, ки мувофиқи Консепсия ба кумаки ҳуқуқии ройгон ҳуқуқ доранд, пас чунин кумакро мегиранд. Агар шахс ба ин гурӯҳи шахсон дохил набошад, пас ба ӯ бар асоси шартнома адвокат пешниҳод карда мешавад.
Қобили зикр аст, ки дар назди Марказ пойгоҳи ягонаи маълумот вуҷуд дорад, ки ҳамаи ҳуқуқшиносон аз Дафтари кории давлатӣ дар бораи парвандаҳои зери тафтишашон қарордошта ба таври онлайн ба он маълумот ворид мекунанд ва сипас таҳлилгарони мо ҷараёни кори онҳоро пайгирӣ мекунанд.
Яъне мо дар ҳуҷраҳои кориамон нишаста, мушкилоти ҳуқуқии ҳамаи минтақаҳоро мушоҳида карда метавонем, мушкилот дар қонунгқзорӣ ё дар таҷрибаро муайян мекунем. Аз чунин тарзи кор натиҷаи хуб ҳосил мешавад.
- Ду сол пеш дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” шумо зикр карда будед, ки бар асари мавҷуд набудани меъёрҳои баҳодиҳӣ ба хизматрасониҳои адвокатҳо аз рӯйи таъинот ва механизмҳои пардохти маблағи онҳо, “адвокатҳо зимни расонидани кумаки ройгони ҳукуқӣ дар ҷараёни тафтишот ва дар суд зимни пардохти маблағи хизматрасониҳои онҳо аз буҷети давлатӣ бо душвориҳои муайяне дучор мешаванд”. Аз он вақт дар ин масъала ягон тағйироте сурат гирифт?
- Дар ин самт мо аллакай натиҷаҳои муайян ба даст овардем. Соли 2017 Вазорати адлия “Тартиботи муваққатӣ дар соҳаи пешниҳоди кумаки ҳуқуқии дуюмдараҷа аз руйи парвандаҳои ҷиноятӣ” ва “Тартиби ҳамкории мутақобила дар соҳаи расонидани кумаки ройгони ҳуқуқӣ аз рӯйи парвандаҳои ҷиноятӣ”-ро тасдиқ намуд, ки дар онҳо аз ҷумла, тартиби пардохти хизматгузории адвокат низ пешбинӣ шудааст.
Чаро муваққатӣ? Чун мо рӯйи озмоиши моделҳо дар доираи Консепсия кор мекунем, бисёре аз масъалаҳои ҳамкорӣ ба вазорару идораҳои манфиатдор дахл доранд. Ва чун ҳоло лоиҳа ба охир нарасидаву хусусияти озмоишӣ дорад, санади муваққатии байниидоравӣ таҳия ва ба имзо расид, ки кори муштарак оид ба расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони муроҷиаткардаро танзим мекунад. Бар асоси ин ҳуҷҷат аллакай дар 3-4 ноҳияҳои озмоишӣ мо маблағи хизматрасониҳои адвокатҳоро пардохт намудем.
Кумаки ҳуқуқӣ ба тоҷикистониён дастрастар мешавад
- Минбаъд пас аз ба иҷро расидани бандҳои дар Консепсия зикршуда чӣ мешавад?
- Моҳиятан ислоҳот дар низоми адвокатура, ки ба таҳияи қонуни танзимкунандаи фаъолияти адвокатҳо нигаронида шуда буд, зарурати таҳияи Консепсияро пеш овард. Ин ҳам қонуни конститусионӣ “Дар бораи адвокатура” буд, ки ба таҳияи механизми истифодаи он эҳтиёҷ дошт. Дар ин ҳолат зарурати таҳияи Конеспсияи мукаммал пеш омада, он минбаъд асоси дигар қонун – “Дар бораи кумаки ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” хоҳад шуд. Бояд бигӯям, ки барои таҳияи консепсия ва таъсиси Марказ гурӯҳи корӣ таҷрибаи бисёр кишварҳо (Молдова, Украина, Россия, Гурҷистон, Қазоқистон, Эстония, Финландия), бахусус таҷрибаи Литваро омӯхт, ки дар навбати худ аз низоми ҳуқуқи Нидерланд истифода бурдааст. Албатта, зимни кор бо санад мо ба таҷрибаи миллии худ такя кардем, лекин меъёрҳои байнулмилалиро ҳам ба инобат гирифтем.
Комилан имконпазир аст, ки пас аз амалисозии марҳилаи дуюм, вақте имконоти Маркази мо тақвият меёбад, дар кишвар қонуне таҳия ва қабул хоҳад шуд, ки тамоми низоми кумаки ҳуқуқиро дар Тоҷикистон танзим хоҳад кард. Зеро дастрасии ҳамаи қишрҳои аҳолӣ ба адолати судӣ ба манфиати мардум ва дар маҷмӯъ кишвар аст.
Вазорати нақлиёт гуфт, рухсатнома барои убури сарҳад аз Чин дастрас шудааст
Ҳарифи размикори тоҷик Муҳаммад Наимов дар UFC маълум шуд
“Аз 42 кас барои фиристодан ба Арабистони Саудӣ пул гирифтааст”. Боздошти як мард бо гумони қаллобӣ
“Дар кишварҳои истеҳсолкунанда қимат шуд”. Вазорати энергетика сабаби гаронии гази моеъро шарҳ дод, аммо камчинии онро рад кард
Қоҳир Расулзода дар Хатлон муассисаҳои таълимӣ ва иншооти иҷтимоиро боз кард
Тоҷикистон ва Малдив созишномаи бекор кардани раводидро имзо карданд
Охири фасли тирамоҳ дар Тоҷикистон серборону сершамол мешавад
“Серпул, меҳрубон, масъулиятшинос…” Шавҳари идеалӣ аз нигоҳи сокинони Душанбе чӣ гуна аст?
Дар Тоҷикистон ҷувории худӣ намерасад. Барои харидани он миллионҳо сарф мешавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҳомони ҳилагар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста