Дар Тоҷикистон Консепсияи расонидани кумаки ройгони ҳуқуқӣ ба аҳолӣ мавриди амалишавӣ қарор дорад. Ин санадро ҳукумати Тоҷикистон соли 2015 тасдиқ намуда, мутобиқи он, ҳамаи шаҳрвандон, аз ҷумла шахсоне, ки мустақилона ба пардохти маблағи хизматгузории ҳуқуқшинос имкон надоранд, дастрас карда метавонанд.

Дар бораи анҷоми чӣ гуна корҳо дар доираи амалисозии Консепсия, ҳадафҳои ҳукумат дар ин самт ва аз ҷониби кӣ пардохт шудани маблағи ҳуқуқшиносон суҳбате оростем бо муовини аввали вазири адлияи Тоҷикистон Абдуманнон ХОЛИҚЗОДА.

Доир ба кумаки ҳуқуқии аввалия

- Ҷаноби Холиқзода, соли оянда марҳилаи озмоишии амалисозии Консепсияи кумаки ройгони ҳуқуқӣ, ки амалан соли 2016 оғоз гардид, ба итмом мерасад. Натиҷаҳои кор дар ин давра чӣ гунаанд?

- Пеш аз ҳама, гуфтаниам, ки барои амалисозии Консепсия ду марҳила - озмоишӣ ва гузариш, дар маҷмӯъ ҳашт сол ҷудо шудааст. Ҳадафи асосии Консепсия, ки мутобиқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2015-2017 таҳия шуд, бунёди замина барои рушди низоми давлатии пешниҳоди кумаки ройгони ҳуқуқии дастрас ва касбӣ ба аҳолӣ мебошад. Бо ин мақсад ҳукумат дар назди Вазорати адлия Муассисаи давлатии “Маркази кумаки ҳуқуқӣ” таъсис дод.

Абдуманнон Холиқзода
Радиои Озодӣ

Нахуст ҳалли масоили зиёди тадорукотӣ - сар аз таҳия ва тасдиқи оиннома то кирои кормандони дастгоҳи марказии муассиса ва ҳуқуқшиносон дар маҳалҳо руйи кор омад. Муассиса дар шаш ноҳияи озмоишӣ ба пешниҳоди кумаки аввалияи ройгони ҳуқуқӣ тариқи дафтарҳои кории ҳуқуқии худ шурӯъ намуд. Минбаъд онҳо фаъолияти худро боз дар шаш ноҳияи дигар густариш бахшида, айни замон шумори ноҳияҳои озмоишии фарогири лоиҳа 18 ададро ташкил медиҳад.  

- Дар Консепсия се модели озмоишии пешниҳоди кумаки аввалияи ройгони ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст. Метавонед бигӯед, ки кадом модел бештар барои истифодаи мо муносиб ва қулай аст?

- Айни замон ҳамаи се модел мавриди таҳқиқ қарор дошта, натиҷаҳои таҳқиқот таҳлил мешаванд. Барои мо интихоби модели натанҳо камхароҷот, балки пурсамар аз лиҳози фарогирӣ ва сифат низ зарур аст. Фикр мекунем, ки то охири ҳамин сол аллакай саҳеҳан хоҳем донист, ки кадом моделро минбаъд истифода мекунем. Лекин айни замон модели 1 бештар мавриди истифода қарор дорад. Он аз ду зермодел иборат аст: дар зермодели 1.1. расонидани кумаки ҳуқуқӣ тариқи дафтарҳои кории давлатии ҳуқуқӣ ва машваратҳои сайёр дар нуқтаҳои аҳолинишини дурдаст ва дар зермодели 1.2. расонидани кумаки ҳуқуқӣ натанҳо тариқи дафтари кории давлатӣ дар маркази шаҳр ё ноҳия, балки омӯзиш ва ҷалби ҷуфти ҳуқушинсон дар маҳаллаҳои ахолинишини дурдаст пешбинӣ шудааст.

- Ҷуфти ҳуқуқшиносон киҳоянд?

- Ниҳоди ҷуфти ҳуқушиносон кайҳост, ки амал дошта, аллакай дар як қатор кишварҳо муваффақона ҷорӣ шудааст. Аз ҷумла, манфиатнокии кори ҷуфти ҳуқуқшиносон дар ҷойҳое ба мушҳида мерасад, ки дар маҳалҳои дурдасту душворгузар ба маърифатнокии ҳуқуқӣ талабот вуҷуд дорад, ҷойе, ки дастрасӣ ба машваратҳои ҳуқуқӣ душвор аст. Маъмулан ҷуфти ҳуқуқшиносон ба сифати мушовирон ва ёварони ҳуқуқшиносон дар маҳалҳо фаъолият мекунанд. Онҳо шахсони соҳибэҳтиром ва бонуфуз, фаъолони маҳаллии касбу кори гуногун мебошанд, ки вазифаашон аз огаҳсозии шаҳрвандон дар бораи ба куҷо муроҷиат намудан зимни пайдо шудани мушкилоти ҳуқуқӣ иборат аст. Мебояд гуфт, қисмати зиёди ҷуфти ҳуқуқшиносонро занон ташкил медиҳанд.

- Дар бораи ду модели диггари расонидани кумаки бепули ҳуқуқӣ маълумот медодед

- Модели 2 – кумаки аввалияи ройгони ҳуқуқӣ мебошад, ки ҳамчунин аз ҷониби ҳуқуқшиносон бо ҷалби ҷуфти ҳуқуқшиносон пешниҳод мегардад. Фарқияти асосии ин модел дар он ифода меёбад, ки ба ҷуз як дафтари корӣ дар маркази шаҳр ва ноҳия, дар ҷамоати дурдаст ва сераҳолӣ боз як дафтари корӣ амал мекунад. Дар чунин модел ҳамчунин ду ҳуқуқшинос ҷуфти ҳуқуқшинсонро интихоб ва бо онҳо машғулиятҳо гузаронида, ҳамроҳ кор мекунанд.

Дар модели сеюм пешниҳоди кумаки аввалияи ройгони ҳуқуқӣ аз ҷониби мушовирони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва воҳидҳои сохтории Иттифоқи адвокатҳо дар маҳалҳо бар асоси озмун пешбинӣ шудааст. Озмоиши ин модел соли 2017 дар гурӯҳи ноҳияҳои Рашт ва ВМКБ ба нақша гирифта шуда буд, вале бо баъзе сабабҳо дар ВМКБ сурат нагирифт. Аз ин рӯ, бар асоси тендери доиргардида дар гурӯҳи ноҳияҳои Рашт соли 2017 ташкилоти ҷамъиятии “Сурхоб” интихоб шуда, доир ба пешниҳоди машваратҳои ройгон дар чор ноҳия - Рашт, Нуробод, Тоҷикобод ва Лахш қарордод ба имзо расид. Сипас баъди таҳлили пешакии кори нимсолаи ин модел, маълум шуд, ки нахуст, амалисозии он хеле заҳматталаб буда, дар баробари ин, аз рӯи баъзе меъёрҳо ба ҳадафу вазифаҳои гузоштаи мо мутобиқат намекунад. Бинобар ин, бо назардошти талаботи Консепсия, тасмим гирифта шуд, ки ба моделҳои дар боло зикршуда баргардем.

Айни замон дар Нуробод ва Тоҷикобод моделҳои 1.1 ва 1.2. амалӣ мешаванд. Ғайр аз ин, дар Хоруғ низ дафтари кории давлатӣ боз шуд.

- Кадоме аз моделҳо барои Тоҷикистон муносибтару беҳтар аст?

- Агар дар бораи натиҷаҳо сухан гӯем, пас ҳамаи моделҳои дар Консепсия пешбинишуда роҳандозӣ ва муваффақона кор мекунанд. Ман ба арзёбии амалисозии Консепсия ҳуқуқ надорам, ба ин кор Комиссия оид ба мониторинг ва баҳодиҳӣ ба сифати пешниҳоди кумаки ройгони ҳуқуқӣ машғул аст, ки бо супориши вазири адлия таъсис ёфта, ба ҳайати он намояндагони вазорату идораҳои гуногун шомиланд. Марҳилаи озмоишӣ ҳоло ба итмом нарасидааст, натиҷаҳои кори комиссия охири ҳамин сол ҷамъбаст мешаванд.

Лекин тавре ки ман аллакай қайд кардам, таҳлили пешакии амалисозии Консепсия гувоҳи он аст, ки модели аз ҳама муносибтар ва қобили қабул модели 1.1. мебошад.

Яъне вақте ки дар шаҳр ё ноҳия ду ҳуқуқшинос фаъолият намуда, дар дафтарҳои корӣ шаҳрвандонро ба ҳузур мепазиранду ҳамчунин дар ҷамоатҳо маърӯзаҳои итттилоттӣ-ҳуқуқӣ пешниҳод мекунанд.

Дар бораи кумаки ҳуқуқии дуюмдараҷа

- Кумаки аввалияи ҳуқуқиро баррасӣ намудем. Акнун бигӯед, ки расонидани кумаки дуюмдраҷаи ҳуқуқӣ чӣ гуна сурат мегирад ва моҳияти он дар чӣ ифода меёбад? 

- Ин ҷо пешакӣ гуфтан лозим аст, ки кумаки дуюмдараҷаи ройгони ҳуқуқӣ (ҳимоя ва намояндагии манфиатҳои шаҳрванд дар судҳо, омода кардани ҳуҷҷатҳои зарурии мурофиавӣ – эзоҳи идора) дар доираи истеҳсолоти судии гуногун - ҷиноятӣ, шаҳрвандӣ, маъмурӣ пешниҳод мегардад; ва дар Консепсия кумаки дуюмдараҷа дар ҳамаи се самт пешбинӣ шудааст. Аммо ҳоло мо кумаки дуюмдараҷаи ҳуқуқиро танҳо дар доираи истеҳсолоти судии ҷиноятӣ пешниҳод мекунем.

Барои амалисозии кумки дуюмдараҷаи ҳуқуқӣ дар назди Муассиса Маркази хизматрасонӣ (Кол-центр) амал мекунад, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ – бозпурсон, муфаттишон, прокурор ё судяҳо метавонанд ба он муроҷиат намуда, дар бораи боздошти шахс, оғози парвандаи ҷиноятӣ ва ғайра, дархости адвокат барои шаҳрванди боздоштшуда ё нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғозшуда хабар диҳанд. Маркази хизматрасонӣ 24 соат шабонарӯзӣ фаъолият дошта, ғайр аз ин, навбатдории адвокатҳо ба роҳ монда шудааст, ки бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор мекунанд. Дар маҳалҳо адвокатҳо ба кумаки ҳуқуқии ройгон  ҳақ доштани шаҳрвандро, ки барояш ӯро дархост намуданд, муайян мекунанд.

Кумаки дуюмдараҷаи ройгони ҳуқуқӣ ба шаҳрвандоне расонида мешавад, ки ба пардохти маблағи хизматрасонии ҳуқуқӣ имкон надоранд. Инҳо маъмулан қишри осебпазири ҷомеа – камбизоатон, ноболиғон, шахсони маъюб, афроде, ки забони давлатии истеҳсолот судиро намедонанд, паноҳандагон ва дигарон мебошанд.

Дар сурате, ки агар шаҳрванд дар гурӯҳи шахсони дорои ҳуқуқи гирифтани кумаки ройгони ҳуқуқӣ, ки тибқи Консепсия муқаррар шудааст, қарор надошта бошад, пас адвокат бар асоси қарордод ба ин шаҳрванд хизматрасонӣ карда метавонад.

Дар натиҷа ҳуқуқи заминавии ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон - ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ амалӣ мешавад, ки дар Конститутсияи кишвар дарҷ ёфтааст. 

- Ин низом алҳол танҳо дар ноҳияҳои озмоишӣ амал мекунад?

- Низоми пешниҳоди кумаки дуюмдараҷаи ҳуқуқӣ алҳол ҳамагӣ дар чор ноҳияи вилояти Суғд ва чор ноҳияи вилояти Хатлон амал мекунад. Дар вилояти Суғд кумаки дуюмдараҷаро адвокатҳо таҳти роҳбарии Муассисаи давлатии “Маркази кумаки ҳуқуқӣ” ва дар вилояти Хатлон дар ҳамдастӣ бо Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон мерасонанд. Корҳо аз рӯи ҳарду моделро Комиссия оид ба мониторинг ва баҳодиҳӣ ба сифати пешниҳоди кумаки ройгони ҳуқуқӣ месанҷад.

Бо назардошти дар Консепсия пешбинӣ гардидани ҷорӣ шудани ҳуҷҷатҳои муваққатӣ, ки барои амалисозии он метавонанд лозим шаванд, Вазорати адлия тартиби муваққатии расонидани кумаки дуюмдараҷаро муқаррар намуд. Ҳуҷҷатҳои таҳияшудаи дахлдор бо ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар – ВКД, КДАМ, Прокуратураи генералӣ, Суди олӣ, Агентиҳои мубориза бо коррупсия ва назорати маводи нашъаовар мувофиқа карда шудаанд. Ин сохторҳо кормандони худро ухдадор намуданд, ки дар ноҳияҳои озмоишии вилоятҳои Хатлон ва Суғд талаботи ҳуҷҷатҳоро иҷро намуда, дар доираи амалисозии Консепсия амал кунанд.

- Зимни тасдиқи Консепсия зикр шуда буд, ки маблағгузорӣ ба амалисозии онро дар муддати се сол сарпарастон (90%) ва давлат (10%) ба уҳда мегиранд. Тӯли 5 соли минбаъда – давраи гузариш пешбинӣ гардида буд, ки ҳар сол давлат саҳми мустақими худро барои амалисозии Консепсия ба миқдори 20 фоиз зиёд мекунад. Ҷараёни маблағгузорӣ аз ҷониби давлат аллакай оғоз гардид?

- Айни замон мо дар марҳилаи охирини амалисозии давраи озмоишӣ қарор дорем, аз ин рӯ, барои татбиқи минбаъдаи Консепсия аллакай бо ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати молия доир ба маблағгузории минбаъда дар давраи гузариш гуфтушунид ва машваратро шурӯъ кардем. Ҳукумат дарвоқеъ ҳам марҳила ба марҳила амалисозии Консепсияро ба уҳда гирифт, дар давраи озмоишӣ саҳми давлат 10%-ро ташкил медиҳад (дар шакли бо бино таъмин кардан, пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ, пойгоҳи мутамаркази маълумоти ҳуқуқии “Адлия” ва ғайра), дар давраи гузариш бошад, бо афзоиши минбаъдаи маблағгузории мустақими ҳамасола ба андозаи 20%.

Қобили зикр аст, ки дар қарори ҳукумат оид ба тасдиқи Конепсия дар банди алоҳида қайд шудааст, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд ба амалисозии ин санад дар маҳалҳо мусоидат намоянд. Бинобар ин, дар ноҳияҳое, ки дар онҳо марказҳои адлия ва биноҳои махсуси худи вазорат мавҷуданд, дар заминаи онҳо дафтарҳои кории давлатӣ фаъолият мекунанд. Дар ҷойҳое, ки марказҳои давлатии адлия вуҷуд надорад, бо муроҷиат ба мақомоти маҳаллии ҳокимият, моро бо он таъмин карданд.  

Тавре дар боло гуфтам, мо ҳоло марҳилаи аввалро ба итмом нарасонида, он соли 2019 хотима меёбад. Бо вуҷуди ин, мо аллакай корҳои омодагӣ ба давраи гузаришро оғоз намудем, дар бораи зарурати роҳандозии 20%-и хароҷот шурӯъ аз соли 2020 аз ҷониби давлат ва мутаносибан ворид кардани ин хароҷот ба буҷети давлатӣ дар соли 2019 гуфтушунид ва машварат дорем.

- Ҷаноби Холиқзода, амалисозии Консепсия ба мардуми оддии кишвар чӣ манфиатҳо дорад?

- Дар навбати аввал, ин дастрасӣ ба адолати судиро беҳтар мекунад, бахусус барои қишри осебпазири аҳолӣ ва шахсоне, ки ба пардохти маблағи ин гуна хизматрасониҳо имкон надоранд. Дар баробари ин, татбиқи Консепсия ба баланд шудани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат намуда, ҳамчунин сарбории мақомоти судии кишварро сабуктар месозад, зеро моҳиятан Консепсия ба ҳаллу фасли мушкилоти шаҳрвандон то марҳилаи мурофиаи судӣ нигаронида шудааст. Бешубҳа, амалисозии Консепсия натиҷаҳои мусбат ба бор хоҳад овард, зеро ҳадафи аслии он дар бунёди асосҳо ҷиҳати рушд ва такмили минбаъдаи низоми давлатии кумаки ройгони ҳуқуқии дастрас ва касбӣ ифода меёбад. Натиҷаҳои озмоиши моделҳо барои таҳия ва қабули қонуни Тоҷикистон “Дар бораи кумаки ҳуқуқӣ”, ҳамчунин мутобиқ кардани дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ барои таъмини фаъолияти низоми нави расонидани кумаки ройгони ҳуқуқӣ бо назардошти таҷрибаи моделҳои озмоишӣ ва мабоағгузорӣ асос шуда метавонанд.

Asia-Plus