“Тоҷик Эйр” - ягона ширкати ҳавопаймоии давлатии Тоҷикистон ду моҳ баъд ба парвозҳо шурӯъ мекунад. Аммо санаи дақиқи оғози парвозҳо мушаххас нест.

Дар ин бора Парвиз Шодмонзода, директори генералии ин ширкат дар нишасти хабарии имрӯз, 28-уми июл, хабар дод.

Ба гуфтаи Шодмонзода, ҳоло масъалаи қарзи ширкат ҳал мешавад, аммо “он ба ҳеҷ ваҷҳ ба азсаргирии кор таъсир намерасонанд”.

Бояд зикр кард, ки дар нишасти матбуотии қаблӣ, яъне шаш моҳ пеш низ Парвиз Шодмонзода гуфта буд, ки  пас аз чанд моҳ парвозҳоро оғоз мекунанд. Бо гузашти ним сол, раиси “Тоҷик Эйр” бори дигар мегӯяд, ки моҳҳои август – сентябр парвозҳо оғоз мешаванд.

Шаш моҳ пеш роҳбари “Тоҷик Эйр” ба хабарнигорон гуфта буд, ки ду ҳавопаймои “Эйрбас” ба иҷора гирифта, мунтазири азсаргирии парвозҳо мебошанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки “Тоҷик Эйр” ягона ширкати давлатии Тоҷикистон буда, чанд сол аст ба мушкили молӣ гирифтор аст. Дар ин давра, чанд роҳбари ин ширкат иваз шудаву баъзеи онҳо ба ҷавобгарӣ низ кашида шуданд.

Дар бораи таърихи муфлисшавии ширкати “Тоҷик Эйр” аз матлаби “Ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз пардохти андоз озод шуданд. “Tajik Air” аз варта раҳо мешавад?” муфассал маълумот пайдо кунед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.