Пулиси вилояти Хатлон мегӯяд, 3 духтареро, ки чанд рӯз пеш бедарак шуда буданд, ёфта, ба оилаҳояшон супоридаанд. Ниҳоди мазкур рӯзи 9-уми сентябр дар иттилоияе гуфт, ки ин духтарон сокинонони деҳаҳои Буриёбофон ва Бандари ноҳияи Хуросон буда, аз Душанбе пайдо гардидаанд.
Ба қавли манбаъ, Зуҳро Раҳмоваи 16-сола ва Суман Содиқоваи 17-сола, ки аввали синфи 10 ва дуюми синфи 11 будаанд, пас аз анҷоми дарс дар мактаб бо Нозия Ёрзодаи 18-сола ҳамроҳ гардида, ғайб задаанд. Ин ҳодиса рӯзи 4-уми сентябр рух додааст.
Наздикони ин духтарон ҳафтаи гузашта ба нашри акси онҳо аз мардум хоҳиш карда буданд, то дар пайдо карданашон ёрӣ расонанд.
Пулиси Хатлон гуфтааст, духтарони бедаракшуда сиҳату саломатанд. Ин ниҳод ҷузъиёти дигаре дар ин маврид ироа накардааст. Маълум нест, ки ин духтарон чӣ тавр аз Хуросон ба Душанбе омада ва чаро дар ин миён бо волидонашон тамос нагирифтаанд.
Зиёд гум шудани духтарон дар моҳҳои охир сокинони Тоҷикистонро нигарон кардааст. Дар ним соли охир пулиси Душанбе дасти кам аз шудани 18 духтар дар пойтахт иттилоъ дод, ки аксарашон ноболиғон буданд. То кунун ин ниҳод пайдо шудани 12 тани онҳоро тасдиқ кардааст. Мақомот то имрӯз шарҳ намедиҳанд, ки духтарон чаро бедарак ва аз куҷо пайдо мешаванд.
Сокинону коршиносон мегӯянд, низоъҳои оилавӣ, ҷанҷолҳои доимӣ бо падару модар, фишор, нофаҳмӣ, зӯроварии равонӣ, ҷисмонӣ ё ҷинсӣ мушкилот дар мактаб, нокомӣ дар таҳсил, фишори иҷтимоӣ, муносибат нохуб бо дӯстон метавонанд сабаби гурехтану гум шудани онҳо бошанд.
Дар ин матлаби мо хонед, ки “Чаро духтарҳои ноболиғ зиёд гум мешаванд ва мақомот онҳоро аз куҷо пайдо мекунанд?”.





Electricity and heating rates to change in Tajikistan — likely to increase
Dushanbe police prevent knife fight among teenagers in Dushanbe
From Tajikistan to Japan: jiu-jitsu team sets sights on 2026 Asian Games
Former Kyrgyz President Almazbek Atambayev stripped of state honors
“Made in Central Asia”: A Regional Brand with Global Potential
Tajikistan and Uzbekistan discuss expanding capacity at Sarazm–Jartepa BCP
Woman in southern Tajikistan accused of driving her daughter-in-law to suicide
Tajikistan needs $6.5 billion over the next five years to develop energy sector
India and Central Asia ready to explore economic and trade opportunities
Tajik and Taliban foreign ministers discuss border clash in rare phone call – Amir Khan Muttaqi
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста