Хатти марзи Тоҷикистону Қирғизистон 94 дарсад муайян карда шудааст ва интизор меравад, ки баъди 3 соли баста будан, сарҳади ду кишвар ба наздикӣ боз шавад. Дар ин бора Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд имрӯз, 26-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ки аз соли 2022 коммисия оид ба муайян кардани хатти сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон пайваста корбарӣ карда истодааст.
“То имрӯз 94 дарсади хатти сарҳад пурра муайян шудааст. Боварӣ дорем, ки ояндаҳои наздик ҳамааш мусбат ҳал мешавад”, - гуфт Аҳмадзода.
Дақиқ нест, ки 6 дарсади дигари ҳалношуда дар кадом минтақаҳои баҳсӣ аст.
“Рӯзҳои 21-24-уми июл намояндагони Қирғизистон ва Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз ҷойҳои баҳсии Чоркӯҳу Ворух боздид карданд, комиссия бисёр фаъол аст, Худо хоҳад, моҳҳои наздик санадҳо ба имзо расонида мешавад”, - афзуд раиси вилояти Суғд.
Дар идомаи посух раиси вилоят аз нақшаҳои моҳи оянда дар масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон гуфт, ки аз 11 то 17-уми август дар шаҳри Ботканди Қирғизистон вохӯрии навбатӣ баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки пас аз даргириҳои 14-17 сентябри соли 2021 марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон баста шуд.
Як сол баъд аз оғози муноқишаҳои мусаллаҳи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон мулоқоти намояндагони коммссия оид ба сарҳад ва дигар масъулини ду кишвар дар вилояти Суғд баргузор гардид.
Аз соли 2022 то имрӯз даҳҳо вохӯриҳо дар масъалаи марз миёни ду кишвар баргузор шуд ва дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам борҳо “Оши оштӣ” ташкил карданд.
Сабаби оғози аксари муноқишаҳо номуайянии марз миёни ду кишвар аст. Масофаи сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад.
Се сол боз баста будани марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон сокинону тоҷиронро нигарон кардааст. Аз баста шудани марз сокинони минтақаҳои наздимарзӣ бештар нигаронанд ва ҳар рӯз дар интизори кушода шудани марзи миёни ду кишвари ҳамсоя ҳастанд.
В Генпрокуратуре Таджикистана раскрыли подробности дела осужденного адвоката Файзи Оли
«Истиклол» завершил своё участие в Лиге чемпионов Азии-2 поражением от «Сепахана»
Рубль упал, но причем тут трудовые мигранты?
Таджикистан на мировой арене ритейла: Асадулло Рахмонов поделился секретами успеха на ПЛАС-Форуме в Ташкенте
Таджикистан и Евросоюз подписали соглашение о финансировании зелёного перехода в хлопководстве
Президент Таджикистана назначил дату парламентских выборов
Кому же достались столичные квартиры? Банк «Эсхата» подвел итоги акции «Интиколи бурднок 2024»
Как власти Таджикистана борются с загрязнением атмосферного воздуха
Мигрантам в Твери с 2025 года запретят работать еще в 46 сферах
Эксперт: концепция снижения вреда может помочь в профилактике рака
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста