Имрӯз, 14-уми октябри соли 2024, аз таъсиси Ҷумҳурии мухтори шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон 100 сол пур шуд. Ба ин муносибат “Азия-Плюс” перомуни муҳимтарин рухдоди 100 соли охири Тоҷикистон бо доктори илмҳои таърих ва муаррихи шинохтаи тоҷик Сайфуллоҳи Муллоҷон мусоҳиба орост.
Ин муаррих мегӯяд, ки садаи охири Тоҷикистон пур аз рухдодҳои таҳқиқнашуда аст ва таъкид мекунад, ки тақдири иштирокчиёни ҳаракати муқовимат ва қурбониёни солҳои 1934-37 бояд бозбинӣ шавад. Инчунин, дар ин гуфтугӯ перомуни бомбборони Бухоро, талаби мардуми Конибодом аз роҳбарони Иттиҳоди Шӯравӣ, дар деҳа пойтахт сохтан, таъсиси ҶМШС ва ҶШС Тоҷикистон то истиқлоли комили давлатӣ ҳарф зад.
“Дар Хуросони бузург ҳамеша бо забони форсии тоҷикӣ ҳарф мезаданд”
- Сад сол қабл ҶМШС Тоҷикистон таъсис шуд. Аммо Шумо ҳамчун муаррих қабул карда метавонед, ки баъди Сомониён ё Ғуриён давоми ҳазор сол тоҷикон давлатдорӣ надоштанд?
- Не, ин ҳарфҳо дар афҳоми мардум ва ҳатто дар афкори баъзе донишмандон ворид шудааст, аммо асос надорад. Барои он ки ман бидуни факт ҳарф назанам, аз тахрихи се кишвари ҳамсояи мо - Чин, Ҳинд ва Эрон мисол меоварам. Дар давлатдории Чин, Ҳинд ва Эрон низ ҳазорон сол арабҳо, Темуриён, Ғазнавиён, туркҳо, муғулҳо, манжурҳо, ханҳо, киданҳо, қоҷорҳо, англисҳо ва халқҳои дигар ҳукмрон буданд, вале муаррихони онҳо нанавиштаанд, ки давлати фулонҳо, балки танҳо гуфтаанд, давлати Чин, Ҳинд ва Эрон дар замони ҳокимияти фулонҳо.
Таърихи мо низ ҳамчунин. Мо аз асри миёна ба ин сӯ як вожа дорем - турку тоҷик. Барои он ки туркҳо дар сарзамини тоҷикон ворид шуданд ва дар абёти шоирону мутафакирон низ ин вожа ҷойгир шуд. Аммо ҳамон туркҳое, ки сарвари давлатдорӣ буданд, худро мири сарзамини тоҷикон - Хуросон мегуфтанд. Яъне, ҳамон гунае, ки амир Исмоил ва амир Наср худашонро амири Хуросон медонистанд, Маҳмуди Ғазнавӣ низ худро амири Хуросон меномид. Дар адабиёт низ дар ҳар давру замон, бо вуҷуди он ки дигарон ҳоким буданд, сарзамини мо Хуросон ном бурда мешуд. Рӯдакӣ гуфтааст:
Имрӯз ба ҳар ҳоле Бағдод Бухорост,
Куҷо мири Хуросон аст, пирӯзӣ онҷост.
Нуктаи дигаре, ки мавриди таваҷҷӯҳ аст, забон, фарҳанг ва урфу ойини роиҷ мебошад. Дар ҳамаи давру замон дар Хуросони бузург бо забони форсии тоҷикӣ ҳарф мезаданд ва давлатдорӣ мекарданд. Аксарияти мардум тоҷикон буданд ва фарҳанги тоҷикӣ роиҷ буд. Ба ҳамин хотир, гуфтани он ки “мо ҳазор сол бедавлат будем”, ин истеҳзо ба мардум, ба таърих ва ба фарҳанги мост. Яъне, ин ҳарф билкул ғалат аст!
Таърихро аз нигоҳи сиёсӣ баррасӣ мекунанд...
- Бо лашкаркашии Русия ба Туркистон гӯё замина барои таъсиси ҶМШС Тоҷикистон ниҳода шуд. Аммо ин ҷо ду истилоҳи баҳсбарангез аст: ҳамроҳшавии Осияи Марказӣ ба Русия ё ғасби он аз сӯи Русия. Ин ҳарфро чанд рӯзи пеш як вакили Думаи давлатии Русия низ ба баҳс кашид. Аз ин замони таърихӣ чӣ гуфтаниҳо доред ва чаро бо ба даст овардани истиқлоли комил дар китобҳо мо ҳанӯз “ҳамроҳшавии Осияи Марказӣ” менависем?
- Ман дар ин робита вокуниши сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро хондам ва фикр мекунам, ки дар ин ҷо камкории мо муаррихон аст. Мо кам кор кардему кам гуфтему кам навиштем ва аз ин хотир Шоҳин Самадӣ, ки бояд ба корҳои аз ин муҳимтар машғул шавад, маҷбур шудааст посух диҳад.
Инчунин иддаоҳое аз ҷониби мақомоти давлати Русия қаблан ҳам чанд маротиба, на танҳо дар мавриди Тоҷикистон, нисбат ба Қазоқистон ва Ӯзбекистон низ шуда буд. Агар таърихро аз нигоҳи сиёсӣ барасӣ кунед, чизе хоҳед мегӯед ва мардум низ ба ин кор надорад, чун ин гапи сиёсӣ аст. Бар ин масъала бояд муаррихон ҳам ҷавоби илмӣ диҳанд, то ки дигар ҳеҷ давлати дигаре иддаои ноҷо накунад.
Аммо дар мавриди ин ки ҳанӯз дар китобҳо “ҳамроҳшавии ОМ ба Русия” менависанд, ман бо шумо розӣ буда наметавонам. Дар китобҳои имрӯза ошкоро менависанд, ки “истилоҳи Осиёи Миёна аз тарафи Русия”.
Панҷ далели ғасби ОМ аз сӯи Русия
- Хуб, империяи Русия чӣ гуна ба Осиёи Миёна омад ва бо кадом далоил гуфта метавонед, ки ин кор истило ё ғасбкорӣ буд?
- Бо панҷ далел метавонам ба шумо исбот кунам, ки ин танҳо истило буд:
Якум, русҳо дар миёнаи асри XIX ба Осиёи Миёна ҳуҷум карданд. Аз Қазоқистон шурӯъ карданд ва баъди он ба Тошканд, Хуҷанд, Ҷиззах, Самарқанд омаданд. Дар ҳамаи ин ҷойҳо ҷанг шуд ва даҳҳо ҳазор одам кушта шуд. Дар ҷое, ки куштор шудааст, ҳамроҳшавӣ гуфтан мумкин нест.
Дуюм, вақте ки донишмандони худи рус, аз ҷумла муаррихи тавонои рус Терентев бо номи “Истилои Осиёи Миёна” китоб менависад, иқрор мекунад, ки ин ҳамроҳшавӣ набуд, ғасбкорӣ буд.
Сеюм, русҳо пас аз даргузашти Александри II, ки дар замони роҳбарии ӯ Осиёи Миёна фатҳ шуд, барои гиромидошти номаш калисо сохтанд ва дар он як лавҳа гузоштанд, ки хидматҳояш зикр шудааст. Дар ҳамон лавҳ худи русҳо менависанд, ки яке аз муҳимтарин хидмате, ки Александри II барои Русия кард, тассаруф ё забти Осиёи Миёна аст.
Чорум, китобҳои “Таърихи мухтасари халқи тоҷик” ва “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғаффуровро бубинед. Дар китоби аввал гуфта мешавад, ки истилоҳи Осиёи Миёна аз тарафи Русия. Лекин бо таъсири идеология дар китоби дуввум Ғафуров ҳамроҳшавии Осиёи Миёна ба Русия навишта шуд.
Панҷум, агар ба тахрихнигории кишварҳои дигари Осиёи Миёна нигоҳ кунед, ҳама тасарруф ё забти Осиёи Миёна аз сӯи Русия навиштаанд.
Истилоҳи “ҳамроҳшавӣ” ҳам дар солҳои 60-70-уми асри ХХ ба далели корҳои идеологие, ки дар саросари Шӯравӣ гузаронида шуд, пайдо гардид ва ба хулосае расиданд, ки зебанда нест, ки мо якдигарро кишварҳои дусту бародар мегӯем ва дар таърихамон нависем, ки як кишвар кишвари дигарро забт кардааст. Беҳтар аст, ки “ҳамроҳшавӣ” бигӯем. Ин истилоҳро низ олимони ҷоплуси он замон “кашф” карданд. Ҳатто дар он давра як олими тоҷик бо номи “Ихтиёран ба Русия ҳамроҳшавии Осиёи Миёна” китоб навишт.
Ба ҳамин хотир, чун Бобоҷон Ғафуров маҷбур буданд, ки бо баъзе аз маҳдудиятҳои замона бисозанд, то ки “Тоҷикон” нашр карда шавад, дар он “ҳамроҳшавӣ” зикр карданд.
Боз сад далел гуфтан мумкин аст, ки ин сарзамин истило шуд. Дар китобҳои дарсии мо ҳоло калимаи истило истифода шудааст. Ин масъалаи бебаҳс аст ва ин ки як сиёсатмадор ин суханро мегӯяд, ҳарфи шахсии худаш аст, бигзор дар ин масъала донишмандон ҳарф бизананд ва масъала берун аз ин ҳарфҳои сиёсӣ бошад.
Бомбборон кардани Бухоро инқилоб буд?
- Агар ба суқути Аморати Бухоро таваҷҷӯҳ кунем, оё метавон оташ задану бомбборон кардани маркази аморатро инқилоб ном монд?
- Худи болшевикҳо ва ҳатто худи Ленин дар бораи инқилоб китоб ва мақола дорад ва таърифи “дар кадом шароит бояд инқилоб шавад”-ро навиштаанд. Агар аз ҳамин нигоҳи худи болшевикҳо ҳодисаи сентябри соли 1920 дар Бухоро рух додро таҳлил кунем, мебинем, ки як табаддулот, як таҳоҷум, як ҳамлаи бераҳмона ва ваҳшиёна ба сари мардум будааст.
Ин бомбборон кардан бо мақсади ғасби Бухоро ва сарнагун сохтани амири он буд. Азбаски болшевикҳо ҳама чизҳо дар ихтиёр доштанд, таърихро низ ба хостаи худ сабт карданд ва “инқилоби Бухоро” гуфтанд. Аммо ҳанӯз дар замони Шӯравӣ ошкоро гуфта мешуд, ки ин инқилоб набуд ва як табаддулот буд, ки хостанд амирро сарнагун кунанд.
Тоҷикон дар ҳошия ронда шуданд...
- ҶМШС Тоҷикистон бо кадом мушкилот таъсис дода шуд ва барои ин киҳо замина гузоштанд?
- Як нуқтаро мехоҳам дар ибтидо бигӯям, ки мо тоҷикон дар таъсису фурӯпошии Шӯравӣ ҳеҷ саҳме надорем. Инро ба он хотир мегӯям, ки сӯитафоҳум нашавад. Мо тоҷикон дар қатори дигар халқҳои минтақа ва ҷаҳон ба раванди ҳодисаҳо ворид карда шудем. Яъне мехоҳем - намехоҳем ин кор шуданӣ буд. Имрӯз низ ба ҳодисаҳои ҷаҳон бингарем, мебинем, ки баъзе аз кишварҳо новобаста аз хоҳиш ба раванди ин ё он масъалаи мубрами ҷаҳонӣ ворид мешаванд. Ин ҳодисаҳое, ки дар ибтидои асри ХХ шуда гузашт, ба мо дахл надошт ва аз рӯи хоҳиши мо набуд.
Ҳодиса соли 1919 аз як номаи Ленин шурӯъ шуд ва дар асоси он “Комисияи туркӣ” таъсис ёфт, ки ҳадафаш тақсими миллӣ-марзии ОМ аз рӯи халқҳо буд. Дар ин нома ба унвони роҳбарони ОМ дастур дода мешавад, ки ин минтақаро аз нигоҳи нав ҷудо кунед ва ба ҷумҳуриҳои ӯзбекия, қирғизия ва туркмания тақсим намоед. Дар ин нома номе аз тоҷик бурда намешавад ва аз аввал то охир мо дар ин тақсимот, мутаасифона, халқи маҳрум ва ҷабрдида ҳастем. Ин тарҳи тақсимот тарҳи мо набуд, ин тарҳе буд, ки аз ҷониби ҳукумати болшевикҳо гузаронида мешуд.
То августи соли 1924 номе аз тоҷик дар тақсимот бурда намешуд, чунки Ленин муайян карда буд, ки дар байни се ҷумҳурӣ тақсимот ба анҷом расад. Танҳо дар охири тақсимот гуфтанд, ки ба тоҷикҳо низ минтақаи хурд ҷудо карда шавад. Тавре ҷудо карданд, ки як нуқтаи доғ дар байни ҳамаи ин ҷумҳуриҳо боқӣ мондааст. Дар аввал хостанд, ки ба мо вилоят диҳанд, баъдан дар ҳайати Ӯзбекистон ҷумҳурӣ доданд.
Дар мавриди саҳмгузории тоҷикон гуфта метавонем, ки Нусратулло Махсум дар садри ин ташаббускориҳо меистад. Аз моҳи августи соли 1924 Нусратулло Махсум вориди баҳсҳо мешавад ва пойфишорӣ мекунад, ки ба тоҷикҳо низ як воҳид дода шавад.
Дар атрофи ӯ инчунин Шириншоҳ Шоҳтемур, Чинор Имомов, Абдуқодир Муҳиддинов, Абдураҳим Ҳоҷибоев ва чанде дигар тоҷикони худшинос буданд, ки дар раванди тақсимот фаъолтар шуданд. Мо акнун гуфта метавонем, ки хидматҳову ҷонбозиҳои ҳамин афрод аст, ки мо соҳиби давлат шудем.
- Оё ҳастанд нафароне, ки дар таъсиси ҶМШС Тоҷикистон саҳм гузоштаанд ва мо онҳоро фаромӯш кардаем?
- Агар воқеиятро бигӯем, дар таҳқиқи таърихи 100 соли охири Тоҷикистон нақзу камбудии муаррихон ҷой дорад. Бояд дар ин замина таҳқиқот бештар бурда шавад, мо як китоб неву даҳҳо китоб ба нашр расонем. Мо бояд дарк кунем, ки тақсимоти соли 1924 танҳо таърих нест, балки сабақҳои зиёде ба мо медиҳад. Пас бояд дар ин замина пажӯҳишҳо бештар анҷом дода шаванд, чунки таърих такрор меёбад.
- Ҳамчунин, дар тахрих номи тоҷиконе ҳам зикр мешавад, ки бар зидди таъсиси Тоҷикистон будаанд...
- Бале, бадбахтона чунин нафарон ҳам буданд. Масалан, Файзулло Хоҷаев дар тақсимот муҳрае алайҳи тоҷикон буд. Ӯ соли 1924 як мақола менависад ва мегӯяд, ки асоси мавҷудияти як қавм забони ӯст, вале ба ин маъно ошкоро таъкид мекунад, ки “гардиши замон бар манфиати забони форсӣ нест, бояд ба бародарони тоҷик бигӯем, ки аз баҳри ин забон бароянд ва бо забони турк-ӯзбекӣ гуфтугӯ кунанд”.
Зулм ва ситаме, ки дар солҳои 1924-1929 нисбати тоҷикон сурат гирифт, иттифоқӣ набуд. Бо ин гуна “ташаббусҳо” забоне, ки ҳазор сол забони минбару даргоҳи минтақа буд, дар ҳошия ронда мешавад ва ба ин васила қариб буд, ки халқи тоҷик ҳам ба гӯшаи фаромӯшии таърих равад. Яъне, ин гуна корҳо огоҳона ва барномаризишуда буданд. Дар он протоколҳое, ки дар таърих сабт шудааст, аз оғоз дида мешавад, ки моро аз майдони сиёсӣ берун рондаанд.
Талаби таърихии мардуми Конибодом
- Чолишҳои муҳими дигаре, ки давоми солҳои 1924-1929 кадомҳо буданд ва Тоҷикистон бо ташаббуси киҳо ва бо кадом мушкилот аз ҳайати Ӯзбекистон бароварда шуд?
- Яке аз ҳодисаҳои муҳиме, ки байни солҳои 1924-1929 рух дод, корнома ё қаҳрамонии мардуми Конибодом буд. Онҳо огоҳона қаторае, ки дар он раиси парлумони Иттиҳоди Шӯравӣ Каленин нишастаро бозмедоранд ва ошкоро мегӯянд, ки мо мехоҳем аз ҳайати Ӯзбекистон ба ҳайати Тоҷикистон гузарем. Онҳо натанҳо худро наҷот доданд, балки тамоми округи Хуҷанду Исфараву Ашту дигар ноҳияҳоро ба ин васила ба ҳайати Тоҷикистон ворид сохтанд.
Ва ҳамон замон мо имкон ёфтем, ки се шарте, ки барои таъсиси давлат муҳим буд (аҳолӣ аз 1 млн нафар зиёд бошад, бояд бо як кишвари хориҷӣ ҳамсоя бошад ва аз 50 дарсади зиёди аҳолӣ бояд аз як миллат бошанд), иҷро кунем ва даъвои аз ҳайати Ӯзбекистон баромаданро дошта бошем.
Дуввум, ин корномаи рангини устод Айнӣ буд, ки бар муқобили нафароне, ки вуҷуди мардуми тоҷикро инкор мекарданд, китоби “Намунаи адабиёти тоҷик”-ро навиштанд. Устод Айнӣ исбот карданд, ки мардуми тоҷик мардуми бумӣ ё ин ки решадор аст ва аз Рӯдакӣ то Туғралро ҳамчун намуна пешниҳод карданд.
- Ба ғайр аз инҳо боз кадом нуктаҳо буданд, ки замина шуданд, то Тоҷикистон аз ҳаяти Ӯзбекистон бароварда шавад?
- Нуктаи дигар ин пойфишорӣ ва ҷонисории тоҷикони мо ба мисли Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Чинор Имомов, Абдуқодир Муҳиддинов, Абдураҳим Ҳоҷибоев ва Аббос Алиев ва дигарон буд. Дуюм хадамоти саршори устод Айнӣ ва сеюм ҳодисаҳои Афғонистон буд, ки ба мо таъсир расонид. Чун забони Эрон ва Афғонистон форсӣ буд, барои Шӯравӣ низ як ячейкае лозим буд, ки забонаш форсӣ бошад. Ин авомиле, ки номбар кардам, дар якҷоягӣ даст ба дасти ҳам доданд ва дар соли 1929 мо аз Ҷумҳурии Мухтор ба Ҷумҳурии Шӯравӣ табдил ёфтем.
Шаҳр надоданд, деҳаро пойтахт кардем
- Дар ин байн шаҳрҳои бузург ва маркази тамаддуни тоҷикон аз даст рафтанд. Оё бо ин ҳам метавон таъсиси аввал ҷумҳурии мухтор, баъд ҶШСТ-ро васф кард ва шукр кард, ки мо соҳиби давлат шудем?
- Агар ин тарҳи тақсимоти марзӣ танҳо барои мо - тоҷикон мебуд ё дар ин моваро ба мо муфт давлат медоданд, мо як маротиба, не сад маротиба шукр мекардем. Аммо дар ин давраи таърих ба мо басо ҷавр шуд. Барои халқе, ки дар тӯли таърих сад шаҳр сохтааст, соли 1924 ҳатто як шаҳр надоданд. Мо шаҳре надоштем, ки пойтахт кунем, деҳаро пойтахт кардем. Дар ин робита рӯшанфикрони тоҷик вокуниш карданд, ки чӣ хел дар деҳа пойтахт созем? Ин вақт барои даъвои Самарқанд накунем, пойтахти Ӯзбекистонро аз Тошканд ба Самарқанд кӯчониданд. Баъдтар вақте масъалаи зиёд шудани қазоқҳо дар Тошканд зиёд шуду масъалаи пойтахти тоҷикон ҳал гардид, соли 1930 дубора пойтахтро боз ба Тошканд кӯчониданд.
Дар ин моваро ман ноогоҳии худи тоҷикро низ кам намебинам. Мо ҳам гуноҳ дорем ва он набудани эҳсоси худшиносии милли байни мо буд.
“Давлат - давлати миллӣ набуд”
- Мардуми Конибодом тавонистанд эътироз кунанд, чаро мардуми Самарқанд ва Бухоро эътироз накарданд, ҳол он ки мардуми шаҳрнишин ва соҳибтамаддун буданд?
- Мо бояд иқрор шавем, ки дар он замон тафриқаи иҷтимоӣ байни тоҷикҳо, ҳатто миёни шаҳриҳову рустоиҳо хеле зиёд буд. Баъдан, давлат - давлати миллӣ набуд, ба ҳамин хотир мо натавонистем ҳамдигарро бишиносем. Севум, мо аз нигоҳи худшиносии миллӣ натавонистем, ки давлати миллӣ бисозем ва ташаккул ёбему ҳамрайъ бошем.
- Пас гуфта метавонем, ки мо сарвари миллӣ надоштем, ки халқи тоҷикро гирди ҳам ҷамъ оварад?
- Бале, мутаасифона, мо сарвари миллӣ надоштем.
Босмачигарӣ ё ҳаракати муқовимат?
- Шумо борҳо мавқеи худро нисбати босмачиҳо гуфтед ва бар ин назар ҳам будед, ки онҳо бояд сафед шаванд. Аммо бархе донишмандон бар ин назаранд, ки дар кишварҳои дигари ОМ, ки босмачиҳоро сафед карданд заминаҳои ҳуқуқӣ буд. Оё ин заминаҳо дар Тоҷикистон низ вуҷуд дорад?
- Мо вақте дар бораи масъулият ва худшиносии миллӣ ҳарф мезанем, набояд амру фармонеро интизор шавем ва худ корҳоеро ба сомон расонем. Ин ҳаракат на танҳо дар ҳудуди Тоҷикистон, балки дар маҳдудаи ҳама кишварҳои ОМ сар зад ва аз он ҳама халқҳои ОМ зарар диданд. Ҳар ҳукумате, ки дар тӯли таърих дар қудрат будааст, ҳеҷ гоҳ душмани худро таъриф накардааст. Аммо мо ҳанӯз ба ин ҳодиса аз чашми ҳукумати Шӯравӣ назар мекунем. Акнун фикр мекунам, вақташ расида, ки аз сиёҳкунии саросарӣ даст кашем ва номи таҳқиромези ин ҳаракатро аз “босмачигарӣ” ба “ҳаракати муқовимат” иваз намоем.
- Агар аз ҷанбаи дигар нигарем, дар садри ин ҳаракат ононе буданд, ки бойигарӣ ва моликияти зиёд доштанд ва аслан барои амволи худ ба по хестанд. Ба ин нукта назар чӣ мегӯед?
- Мо 50 сол қабл аз ҳаракати муқовимат дар ҳайати Русияи подшоҳӣ қарор доштем, вале чаро ба зидди Александри II ва Никалайи II касе ба по нахест? Барои хотири ки Русияи подшоҳӣ ба амвол, расму ойин ва дини мардум кор надошт. Вале ҳукумати болшевизм ҳам дар масъалаи сиёсӣ, ҳам дар масъалаи иқтисодӣ ва ҳам дар масъалаи фарҳангӣ ифротӣ буд. Аз ин хотир ҳаракате, ки бар зиддашон шуд - ҳаракати худҷӯш буд ва дар ҳама ҷо муқовимат бархост.
- Дар мавриди халқияти босмачиён чӣ мегӯед: ононе, ки бар алайҳи шӯравӣ ҷангиданд, туркону лақайҳо буданд?
- Агар ба фактҳои таърихӣ нигаред, дар саросари маҳдудаи онвақтаи Тоҷикистон мардум бамуқовимат бархеста буданд. Дар Қаротегин - Фузайлмахсум, дар Мастчоҳ – Нусратшо ва Ҳомид, дар Фалғар - Юсуфи Фатмевӣ, дар Кӯлоб - Давлатмандбӣ муқовимат мекарданд, ки ҳама тоҷикони бумӣ буданд. Дар қисмати Душанбе Иброҳимбек мубориза мебурд, ки аз лақайҳои маҳаллӣ буд.
- Аммо ғайр аз Иброҳимбек, мо метавонем аз Анварпошшои турк ном барем, ки даъвои қудрат дошт...
- Анварошшоро ба ОМ Ленин фиристонд ва вақте ӯ дид, ки мардум ба ин гуна ҳокимият розӣ нест, ҷонибдории мардумро кард. Агар бар сари шумо зулм кунанд, хомӯш меистед? Не! Пас бояд муқовимат сурат мегирифт.
Ман намегӯям, ононеро, ки дар ҳаракати муқовимат ширкат карданд, қаҳрамон эълон кунем. Ҳоло танҳо бо дидгоҳи миллӣ ба корномаашон нигоҳ кунем ва аз сиёҳкунии саросарӣ даст кашем, кофӣ аст. Корномаи онҳоро дертар таърих баҳои холисола хоҳад дод.
“Соли 1937 ҳокимияти ифротӣ ҷорӣ буд”
- Тоҷикистони соли 37. Ба ин давраи таърих чӣ мурур доред ва дар “тройкаи сталинӣ” мо киҳорову чиҳоро аз даст додем?
- Дар ин замина низ камкории мо - муаррихон зиёд эҳсос мешавад. Мо дар бораи заводу фабрикаву стансияҳои тракторҳо навиштему дар бораи ҳазорҳо қурбонӣ нанавиштем. Барои чӣ соли 37 ин қадар машҳур аст? Ба он хотир ки аз соли 1934 ба ин сӯ дар саросари шӯравӣ ҳазорон худшиносро куштанд. Мо ҳам Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Чинор Имомов, Абдуқодир Муҳиддинов, Абдураҳим Ҳоҷибоев ва Аббос Алиевро аз даст додем, аммо ба ҷуз инҳо ҳазорҳо нафари дигар қурбон шуданд ва дар соли 1937 ин ҳолат “ба авҷи аъло” расид.
Мо дар бораи ин ҳодисаҳо ягон таҳқиқоти арзишманд анҷом надодем. Ҳатто ба поси хотири онҳо ягон коре ҳам накардем. Ҳол он ки дар дигар кишвари пасошӯравӣ ин гуна нест ва ҳазорон ҷонфидоёни худро сафед кардаанд.
Бубинед, худи болшевикҳо вақте Сталинро худхоҳ эълон карданд, он замон террори соли 37-ро низ маҳкум карданд. Тақрибан 90 дарсади кушташудагонро сафед карданд. Вақте ҳокимият туро мекушаду боз сафедат мекунад, маънояш он аст, ки ҳокимият - ҳокимият ифротӣ будааст.
- Оё вақти он нарасидааст, ки маҳкумшудаҳои солҳои 37-ро ва ҳатто пештар ва баъдтар аз онро бозбинӣ кунем ва сафед кунем?
- Ҳоло вақташ аст ва мо бояд дар замина ақаллан таҳқиқоти беғаразонаву воқеъбинона анҷом бидиҳем.
Мактаби Турсунзода ва корномаи Лоиқу Бозору Гулрухсор
- Шумо дар оғоз гуфтед, ки тоҷикон дар аввали солҳои 1900-ум худшиносии миллӣ кам доштанд. Ба бедории миллӣ ва худшиносии тоҷикон дар солҳои 70-80-ум чӣ заминаҳо вуҷуд дошт ва ин ду даҳсолаи охири давлатдории шӯравӣ мо чӣ ба даст овардем?
- Якум, таъсиси давлати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Шӯравӣ оғози худшиносии миллӣ буд ва ин бо ҳамаи камиву костиҳояш ҳодисаи бузург дар таърихи мо аст. Ин давлат аз нигоҳи этникӣ ба мо ҳувияти миллӣ бахшид. Мо дигар аз гуфтани ту мастҷоҳиву ман қаротегинӣ фаротар рафтем ва тадриҷан раванди тоҷикшавии мо бо кундӣ шакл гирифт.
Дуюм, ин донишмандони худро шинохтем ва нақши онҳо барои худшиносии миллӣ бештар аст. Сар аз талошҳои устод Айнӣ то корҳои басомонрасондаи Бобоҷон Ғафуров ба худшиносии тоҷикон замина гузошт.
Севум, мо бояд аз мактаби Мирзо Турсунзода миннатдор бошем, ки шоири худшиносе чун Қаноат доду ӯ Лоиқу Бозору Гулрухсорро тарбият намуд. Ин мактаб дар солҳои 70-80-ум басо ба худшиносии миллии тоҷикон таъсир расониданд.
Ҳусну қубҳи ҳукумати шӯравӣ
- Бо тамоми ҳусну қубҳаш ҳукумати шӯравӣ 70 сол ҳокимият ронд: дар ин давра шӯравӣ ба мо чӣ дод ва аз мо чӣ гирифт?
- Якум, чизи аз ҳама муҳиме, ки Шӯравӣ ба мо дод, ин таъсиси давоати Тоҷикистон буд. Дуюм, саноат рушд кард. Сеюм, таҳсилро иҷборӣ кард ва бо таъсиси мактабҳои маҳви бесаводӣ бою камбағалро босавод кард. Чорум, занҳо ба ҷомеа ворид шуданд ва ҳуқуқи додани овоз ба занҳо, баробарии ҳуқуқи зану мард роиҷ гардид, бе розигии худи духтарон онҳоро ба шавҳар намедоданд. Панҷум, пояҳои низоми тандурустии мо гузошта шуд.
Аммо шӯравӣ якум чизеро, ки аз одамон гирифт, ин озодии онон буд, Шӯравӣ ба ғайр аз он ки молу мулки мардумро гирифт, ҳаққи озоди макони зистро низ аз онҳо гирифт. Дуюм, дар байни мардум тарсу ваҳмро ба вуҷуд овард. Сеюм, бар ҳукумати забони мо итмом бахшид ва забони форсии моро ба ҳошия ронд. Забони тоҷикӣ басо залил шуд ва ҳатто академикҳои тоҷик он замон “ба диққататон раҳмат” ё “бо иштиҳои том” мегуфтанд. Чорум, хатти моро ду бор иваз карданд ва моро аз таърихи ҳазорсолаи худ ҷудо намуданд. Панҷум, фарҳанг ва адабиёти моро қариб аз байн буданд ва нагузоштанд, ки мо Наврӯзро ҷашн гирем ё девони Мавлоноро хонем. Шашум, ба эътиқоди мардум кор гирифт ва дину оини ононро ба тамасхур кашид.
- Аммо тарафдорони шӯравӣ мегӯянд, ки муҳимтарин чизе, ки шӯравӣ ба тоҷикон дод - давлати Тоҷикистон аст. Мунаққидон бошанд, мегӯянд, ки шӯравӣ замини васеъи тоҷиконро гирифту ба дигар халқҳо “эҳдо кард” ва як гӯшаи хурди онро “ба тоҷикон бахшид”. Шумо чӣ мегӯед?
- Воқеан, тақсимоти ноадолатона буд ва ҳеҷ кас инро инкор намекунад. Мо шаҳрҳои бузург ва марокизи тамаддунии худро аз даст додем ва ин ҷои баҳс надорад. Аммо ба ин ки аққалан маҳдудаи имрӯзаро ба даст овардем, боиси шукргузорӣ аст.
Заминаҳои истиқлоли Тоҷикистон чиҳо буданд?
- Истиқлоли Тоҷикистон чӣ гуна ба даст омад: оё истиқлол тӯҳфаи илоҳӣ буду шӯравӣ пош хӯрду мо соҳиби давлати мустақил шуд ё барои ба даст овардани он талошҳое ҳам доштем?
- Не, агар бигӯем, ки истиқлол ҳамту ба даст омад, ин беэҳтиромӣ мешавад нисбати он насле, ки барои расидан ба он мубориза бурданд. Заминаҳои истиқлол аз солҳои аввали таъсиси ҶМШС Тоҷикистон гузошта шуд ва раванди авҷи он ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ додан буд.
От курутоба Гиссара до форели Варзоба. Как в Таджикистане организовать кулинарный туризм?
Праздник Весны: как китайский Новый год объединяет миллионы людей
Потребительская уверенность в Таджикистане выросла после трех месяцев падения
ГЭС, ветровые и гелиостанции. В Узбекистане запустили 18 новых энергетических объектов
Джонибек Муродов: «В жизни не бывает лёгких путей»
Таджикистан и Пакистан указали на важность скорейшей реализации CASA-1000
Рустам Ятимов стал самым дорогим голкипером в Центральной Азии
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Русский язык - всему голова, амбициозные планы по цифровизации и новые убийства в Канибадаме
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 14 декабря 2024 года
Семь вместо 108. Сможет ли Россия заменить Boeing и Airbus самолетами собственного производства?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста