Ҳаҷми интиқоли маблағ аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар семоҳаи авввали соли 2020 ба андозаи 22,3% кам шуд.
Тибқи маълумоти Бонки марказии Русия, маблағи умумии интиқоли пули шахсони воқеӣ ба Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-марти соли равон 359 млн долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (462 млн доллар) ба миқдори 22,3% камтар аст.
Ба иттилои манбаъ, интиқоли маблағ аз Русия ба дигар кишварҳои минтақа низ кам шудааст: ба Қирғизистон - 20,7% ва Ӯзбекистон - 7,2%.
Лекин маблағи миёнаи интиқоли пул аз ҷониби тоҷикистониён аз 139 доллар то ба 149 доллар боло рафтааст.
Маблағи интиқоли пули ӯзбекистониҳо ба ҳисоби миёна аз 349 доллар то 309 доллар ва қирғизистониҳо - аз 199 доллар то 149 доллар поин рафтааст.
Аввали моҳи май дар мактуб-муроҷиати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) зикр шуда буд, ки ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон дар моҳи март ва нимаи аввали моҳи апрел 80 миллион доллар ё худ 50% кам шуд.
“Ба интиқоли маблағ аз Русия маҳдуд шудани сафарҳо ва нархи пасти нафт таъсир мерасонанд. Камшавии ҳаҷми интиқоли пул шояд якчанд моҳ идома ёбад, ки ба коҳиши босуръати истеъмол ва афзоиши бекорӣ, инчунин фишор болои бозори асъор оварда мерасонад”, - таъкид шуда буд дар мактуб.
Ин мактуб рӯзи 29 апрел ба Хазинаи байнулмилалии асъор фиристода шуда, Шӯрои иҷроияи Хазина рӯзи 6 май ба Тоҷикистон ҷудо шудани 189,5 млн долларро тибқи механизми қарздиҳии тезонидашуда тасдиқ кард.
Ғайр аз ин, моҳи апрел Бонки ҷаҳонӣ пешгӯйӣ кард, ки дар саросари дунё ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирони корӣ ба ватан дар соли 2020 ба андозаи 20% коҳиш меёбад.
“Бар асари буҳрони иқтисодии марбут ба пандемияи COVID-19 ва чорабиниҳои карантинӣ, соли 2020 ҳаҷми интиқоли маблағ дар саросари дунё босуръат коҳиш ёфта, қариб 20%-ро ташкил хоҳад дод”, - қайд шуд дар маълумоти Бонки ҷаҳонӣ.
Мувофиқи пешгӯйиҳои иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ, дар натиҷаи пандемияи коронавирус тавъам бо коҳиши нархи нафт, соли 2020 ҳаҷми интиқоли маблағ ба Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон тақрибан 28% кам шуда метавонад.
Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, беш аз 1 млн нафар муҳоҷирони тоҷик дар Русия кор мекунанд.
Бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус Русия дар бисёре аз шаҳрҳои бузургаш карантин эълон кард, ки вазъи муҳоҷирони меҳнатиро боз ҳам душвортар кард. Бисёре аз онҳо аллакай корашонро аз даст додаанд.
Ҳукумати Тоҷикистон маълумот дар бораи ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷиронро ба таври шаффофу ошкоро пешниҳод намекунад. Аммо, тибқи маълумоти Бонки марказии Русия, соли гузашта танҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ ба Тоҷикистон аз ин кишвар наздики 2,6 млрд доллар маблағ фиристода шудааст.
Дар бораи таъсири маблағҳои фиристодаи муҳоҷирон ба иқтисоди Тоҷикистон аз лонгриди мо маълумот муфассал қобили дарёфт аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.