“Бар асари буҳрони иқтисодии марбут ба пандемияи COVID-19 ва чорабиниҳои карантинӣ, соли 2020 ҳаҷми интиқоли маблағ дар саросари дунё босуръат коҳиш ёфта, қариб 20%-ро ташкил хоҳад дод”, - қайд шудааст дар маълумоти Бонки ҷаҳонӣ.
Гуфта мешавад, ин коҳиши аз ҳама бузургҳаҷм ба камшавии музди меҳнати муҳоҷирон ва аз даст додани ҷойи кори онҳо вобаста аст: дар давраи буҳрони иқтисодӣ муҳоҷирон зимни ихтисор бештар осебпазиранд.
Дар назар аст, ки ҳаҷми интиқоли пул ба кишварҳои даромадашон паст ва миёна ба андозаи 19,7% коҳиш ёфта, дар маҷмӯъ 445 млрд долларо ташкил хоҳад дод, ки дар навбати худ, бисёре аз хонаводаҳои осебпазир сарчашмаи ҳаётан муҳими маблағгузории худро аз даст медиҳанд.
Дар маълумот қайд мешавад, ки ба вазъи кишварҳо бо иқтисоди начандон бузург, ки ба интиқоли маблағ вобастаанд, ба мисли Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, барқарор шудани фаъолнокии иқтисодӣ дар Русия соли гузашта таъсири мусбат гузошт.
Мувофиқи пешгӯйиҳои иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ, дар натиҷаи пандемияи коронавирус тавъам бо коҳиши нархи нафт, соли 2020 ҳаҷми интиқоли маблағ ба ин кишварҳо тақрибан 28% кам мешавад.
Таҳлилгарони бонк бар ин назаранд, ки коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағ ба Тоҷикистон дар баробари болоравии нархҳо ба маҳсулоти ғизоӣ ва сустшавии рушди иқтисод, ба дурнамои коҳиши камбизоатӣ дар кишвар таъсири манфӣ мерасонад.
Ҳукумати Тоҷикистон маълумот дар бораи ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷиронро ба таври шаффофу ошкоро пешниҳод намекунад. Аммо, тибқи маълумоти Бонки марказии Русия, соли гузашта танҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ ба Тоҷикистон аз ин кишвар наздики 2,6 млрд доллар маблағ фиристода шудааст.
Русия, ки теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон дар он кор мекунанд, қаблан дар бораи баста шудани сарҳадҳояш хабар дод. Ҳамзамон дар Русия сатҳи бекорӣ афзуда, вазъи муҳоҷирони меҳнатиро боз ҳам душвортар кардааст. Бисёре аз онҳо аллакай корашонро аз даст додаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ҳалокати 4 кас ва тақрибан 10 млн сомонӣ зарар. Хисороти сухторҳо дар Суғд дар соли гузашта
Таъмини аҳолӣ бо манзил. Дар Тоҷикистон норасоӣ мушоҳида мешавад
Таҳсили ройгон дар донишгоҳҳои Русия. Чӣ тавр метавон ҳуҷҷат супорид?
“Дар умрам ба касе пора надодаам”. Номаи Аҳмади Иброҳим аз боздоштгоҳ ба унвонии Рустами Эмомалӣ
Хадамоти назорати санитарӣ кори зиёда аз 650 иншоотро муваққатан боздошт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ягонагии ошиқ бо маъшуқ”
Аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон хатсайрҳои нави автобус боз мешаванд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2025
Додситонҳои шаҳри Конибодом ва 6 шаҳру навоҳии дигар аз вазифа барканор шуданд
“Дурӯғи ошкоро”, “азият мекашем” ва “айб нест?”. Сокинон мегӯянд, гоҳо чанд рӯз пайиҳам барқ надоранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста