Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон пешниҳоди ҳукуматро доир ба танзими қарзҳои "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк", ки дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доранд, маъқул донист.
Ин ҷо сари баргардонидани қарзҳои ҳукумат, ки барои дубора сармоягузорӣ кардани ин бонкҳо аввали соли 2017 дода шуда буд, сухан меравад.
Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ба вакилон пешниҳод намуд, ки амволи бонкҳои мавриди барҳамдиҳӣ қарордошта ба тавозуни ҳукумат бо фурӯши минбаъда гузаронида шавад.
Ӯ таъкид дошт, ки мутобиқи қарори ҳукумат аз 12 декабри соли 2016 “Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки ҶТ барои сармоякунонии бонкҳо”, ба “Тоҷиксодиротбонк” 2,25 млрд сомонӣ ва “Агроинвестбонк” - 1,07 млрд сомонӣ ҷудо шуда буд.
Вазири молия изҳор дошт, ки барои таъмини ин қарзҳо он замон амволи бонкҳо ба гарав гузошта шуда буд.
Қарзҳои ҳукуматро он замон ин бонкҳо ба муҳлати 5 сол бо 2%-и солона гирифтанд. Соли 2017 бонкҳо бояд 5%, соли 2018 - 20% ва 3 соли минбаъда - 25%-и маблағи гирифтаро бармегардониданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҳоким Холиқзода 10 феврали соли ҷорӣ дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки ин бонкҳо амволи худро дар он ҳаҷме, ки имкон диҳад бо ҳамаи қарздиҳандагон ва саҳҳомонашон ҳисоббаробарӣ кунанд, фурӯхта наметавонанд.
Ҳамааш аз рӯйи навбат
21 майи соли равон БМТ иҷозатномаҳои фаъолияти “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-ро бозхонд карда, раҳбарияти бонкҳоро барканор ва мудирони худро дар онҳо таъин кард.
“Мудирон барои идора кардани бонкҳои мазкур бо мақсади таъмини ҳифзу нигоҳдории дороиҳои онҳо то лаҳзаи аз ҷониби суд таъин кардани мудирони махсус масъул мебошанд”, - зикр гардида буд дар хабари Бонки миллӣ.
Пас аз таъини мудири махсус ҳамаи ваколатҳо оид ба идоракунии ташкилоти қарзӣ (маҷлиси умумии саҳҳомон, шӯрои нозирот, раёсат, раис) қатъ гардида, мудири махсус ягона намояндаи қонунии бонк мешавад.
Ҷараёни барҳамдиҳии бонк муҳлати на беш аз ду соли тақвимиро дар бар гирифта, дар сурати зарурат бо дархости мудири махсус суд метавонад онро боз ба муҳлати ду сол дароз кунад.
Тибқи маълумоти БМТ, маблағҳои 23,7 ҳазор амонатгузорон (86%)-и “Агроинвестбонк” ва 3,5 ҳазор амонатдорон (64%)-и “Тоҷиксодиротбонк” пурра аз ҳисоби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ пардохт мешавад.
Пулҳои 14% (4 ҳазор) боқимонда саҳмдорони “Агроинвестбонк” ва 36% (2 ҳазор) амонатгузорони “Тоҷиксодиротбонк” аз ҷониби ин Хазина қисман баргардонида мешаванд.
Маблағи пасандози шахсони воқеӣ бо пули миллӣ то 30 ҳазор сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ то 21 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Пардохти ҷуброни суғуртавӣ ба амонатгузорони “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” бо анҷоми 14 рӯз аз содир шудани қарори суд дар бораи барҳамдиҳии ин ташкилотҳои қарзӣ дар бонк-агент сурат мегирад.
Маблағи боқимондаи амонатҳои шахсони воқеӣ дар баробари қарзҳо ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳисоби фурӯши дороиҳои ин бонкҳо пардохт мешавад.
Дороиҳо дар музояда аз ҷониби мудири махсус ба фурӯш гузошта шуда, пули бадастомада аз ҳисоби фурӯши онҳо ба мизоҷон бо тариби муқарраршуда пардохт карда мешавад.
Мувофиқи қонун “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” маблағи амонатгузорон аз рӯйи чунин навбат пардохт карда мешаванд.
- маблағҳое, ки барои раванди муфлисшавӣ ва фаъолияти мудири махсус харҷ шудаанд;
- музди меҳнати кормандони ташкилоти қарзӣ;
- маблағҳое, ки ҳукумат ё БМТ ба ташкилоти қарзӣ пешниҳод кардаанд;
- ҳама гуна талаби пасандоздорон, ки пардохт нашудааст: шахсони воқеӣ, ташкилоту дигар шахсони ҳуқуқӣ ва дигарон.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Год таджикского мигранта: боль, унижения и нарушение прав
Российские аналитики определили главные вызовы для стран Центральной Азии
«Теперь лезут через заборы». В Душанбе демонтировали 17 пешеходных переходов
В Душанбе стартовали предновогодние ярмарки с продуктами по сниженным ценам
Кто они – новые заместители Эмомали Рахмона в НДПТ?
УМВД: В компьютерном центре в Душанбе подростки употребляли наркотики
Президент Грузии Саломе Зурабишвили отказалась уходить с поста и потребовала назначить новые выборы парламента
Трамп: «Правительство США будет признавать только два пола – мужской и женский»
Таджикские дзюдоисты завоевали медали на международном турнире Russian Judo Tour
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 23 декабря 2024 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста