Ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон ба ҳолати 1 июли соли равон ҳудуди 3 млрд 256 млн долларро ташкил дод, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ.
Дар сохтори қарзи хориҷии кишвар 3 млрд 151 млн доллараш қарзи бевоситаи давлатӣ аст, ки иҷрои хизматрасониҳои ҳукуматро таъмин мекунад.
Ҳаҷми қарз бо кафолати давлат 96,3 млн доллар ва қарзи корхонаҳои давлатӣ бе кафолати ҳукумат 31,5 млн долларро ташкил медиҳанд.
Қарзи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) назди Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) барои дастгирии тавозуни пардохтӣ ба 5,6 млн доллар баробар аст.
Ҳамчунин БМТ ба Бонки исломии рушд (1,7 млн доллар) ва ҳукумати Чин (1 млн доллар) қарздор аст.
“Хати сурх”
Дар ҳамин ҳол, таносуби қарзи беруна нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 38,2%-ро ташкил медиҳад, яъне бевосита дар наздикии ба истилоҳ “хати сурх” қарор дорад, ки барои кишварҳои дорои даромади паст, аз ҷумла Тоҷикистон дар сатҳи 40% муқаррар шудааст.
Дар сурати ба ин нишондиҳанда расидан, ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ маъмулан бинобар сабаби минбаъд қодир набудан ба пардохт аз додани қарз худдорӣ мекунанд.
Агар ин ё он ниҳоде чунин имкон дошта бошад, танҳо ба таври кумаки бебозгашт маблағ ҷудо карда метавонад.
Ба киҳо аз ҳама зиёдтар қарздорем?
Қарздиҳандаи асосӣ ба Тоҷикистон Чин (зиёда аз 1,2 млрд доллар) мебошад. Қарзҳо аз ҳисоби ҷойгир кардани коғазҳои қиматноки давлатӣ (евробондҳо) дар бозорҳои байнулмилалии молиявӣ 500 млн долларро ташкил медиҳад.
Инчунин назди Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва ХБА низ қарзҳо дар ҳаҷми начандон зиёд вуҷуд доранд.
Нимсолаи аввал барои пардохти қарзи хориҷӣ 115,1 млн доллар маблағ равона гардид, аз ҷумла 77,4 млн доллар барои пардохти қарзи асосӣ ва 37,7 млн доллар барои пардохти фоизҳо.
Давоми сол ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки ба маблағи 453 млн доллар қарзи хориҷӣ дастрас намояд.
Дар маҷмӯъ, ҳаҷми умумии қарзи давлатии Тоҷикистон (бо назардошти қарзи дохилӣ) то 1 июли соли равон 3,8 млрд долларро ташкил дод, ки ба 44,6%-и ММД-и ҷумҳурӣ баробар аст.
То 1 июли соли 2021 ҳаҷми қарзи дохилӣ 500 млн долларро ташкил дод, ки ба 13% аз ҳаҷми умумии қарзи давлатӣ баробар мебошад.
Дар сохтори қарзи дохилии ҷумҳурӣ зиёда аз 40% ба векселҳо (васиқаҳо)-и давлатӣ рост меояд, ки барои дубора маблағгузорӣ ба ду бонки кишвар - “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” нашр шуда буданд. Ин ду бонк айни замон дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доранд.
Ҳамчунин дар сохтори қарзи дохилии кишвар барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти гуногуни давлатӣ облигатсияҳо (вомбаргҳо) ва векселҳои Вазорати молия низ вуҷуд доранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Планы Нозии и Мухаммадрофеъ «петь на радость поклонникам и служить стране»
Tcell подписал меморандум с Ilmhona и Re-skill
«Мы никому не рассылали СМС»: «Почтаи точик» предупреждает о мошенниках
В Узбекистане разрешили передавать вокзалы и железнодорожные составы в частные руки
ЕБРР запускает программу «Молодежь в бизнесе» в Таджикистане
«Мама читала, я запоминала». Как Фарахбахш, несмотря на слепоту, победила в конкурсе «Книга – мудрости зари сиянье»
Как Малика Джуракулова меняет мир и борется за права таджикских женщин
На дорогах Душанбе всё чаще замечают LiXiang L9: что за автомобиль покоряет столицу?
Google Pay с Mastercard от Алифа уже доступен: оплачивайте покупки телефоном бесконтактно
«Барки точик»: Если бы не модернизация, мы могли вообще остаться без электроэнергии
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста