Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки қарзи ШСХК “Барқи тоҷик” назди ҶСК “НБО Сангтӯда-1” ба маблағи 282,4 млн сомонӣ (28 млн доллар), ки аз хариди неруи барқ ба амал омадааст, кам карда шавад.
“Маблағи мазкур ҳамчун ҳиссаи муассис дар сармояи оинномавии ШСХК "Барқи Тоҷик" ба ҳисоб гирифта шавад”, - гуфта мешавад дар қарори ҳукумат, ки 20 декабри соли равон қабул шудааст.
Дар ин санади дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ нашршуда зикр мегардад, ки маблағи мазкур ҳамчун пардохти қисми қарзи ширкати "Барқи Тоҷик" дар назди ҶСК "НБО Сангтӯда-1" ба ҳисоб гирифта мешавад.
Мувофиқи қарор, ба маблағи ба ҳамин баробар (282,4 млн сомонӣ) қарзи “НБО Сангтӯда-1” аз андоз, ки то 1 ноябри соли ба вуҷуд омадааст, кам карда мешавад.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҶСК “НБО Сангтӯда-1”, ҳаҷми умумии қарзи “Барқи тоҷик” ба ин Ҷамъият то 30 нобяри соли 2022 ҳудуди 2 млрд 592 млн сомонӣ (беш аз 254 млн доллар)-ро ташкил дода буд.
Қаблан зикр гардида буд, ки қарзи “Барқи тоҷик” аз ҳисоби барқи гирифтааш аз неругоҳи “Сангтӯда-1” аз 1 октябри соли 2021 то октябри соли 2022 қариб ба андозаи 30% афзуд.
Ба иттилои манбаъ, аз оғози соли 2022 “Барқи тоҷик” аз ин неругоҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон ҳудуди 1,2 млрд киловатт-соат барқ гирифтааст. Сатҳи миёнаи пардохт аз оғози соли 2022 ҳамагӣ 33% аз арзиши барқи интиқолёфтаро ташкил додааст.
Қобили зикр аст, ки ШСХК “Барқи тоҷик” ягона харидори неруи барқи “НБО Сангтӯда-1” мебошад.
ҶСК «Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст. Ҳиссаи ширкатҳои русиягӣ дар сармояи оинномавии неругоҳ – 75% тарҳи 1 саҳмия ва ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон – 25% ҷамъи 1 саҳмия аст.
Низоми муқаррашудаи баргардонидани қарз?
Зимнан, аз эътибор соқит намудани қарзи “Барқи тоҷик” тибқи ин низом аллакай ба таври муназзам сурат гирифта, ин амал тақрибан ҳар сол сурат мегирад.
Бархе аз коршиносон ин амалро ғайриқобили қабул ва ноодилона хонда, онро як навъ "кумакпулии дуҷониба" унвон мекунанд, ки барои яке пардохтҳои ҳатмӣ бахшида шуда, бархеи дигар барои каме таъхири пардохт ҷарима мешаванд.
Қарзи умумии кредитории “Барқи тоҷик” то аввали нимсолаи якуми соли ҷорӣ 32 млрд сомонӣ (ҳудуди 3,1 млрд доллар)-ро ташкил дод.
Аз ҷумла, қарз ба Неругоҳи “Сангтӯда-2” 2,8 млрд сомонӣ, “Сангтӯда-1” - 2,4 млрд сомонӣ, “Ориёнбонк” - 2 млрд сомонӣ ва ба Вазорати молия (ҳукумат) - 23,6 млрд сомониро ташкил дод.
Қарз дар назди Вазорати молия аз ҳисоби амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши электроэнергетика ба вуҷуд омадааст. Барои татбиқи ин лоиҳаҳо дар солҳои гуногун қарзҳои ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ ва кишварҳои ҷудогона ҷалб шуданд. Бо истифода аз ин қарзҳо неругоҳҳои барқи обӣ таъмиру навсозӣ гардида, хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳо, инчунин дигар иншооти зербиноӣ сохта шуданд.
Қарзи кредитории ширкати “Барқи тоҷик” ба аз се як ҳиссаи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар соли гузашта баробар аст.
Дар ҳамин ҳол, қарзи дебитории ширкат (қарзҳои дигарон аз худи ширкат) ба ҳолати 1 июли ҳамин сол зиёда аз 3,4 млрд сомониро ташкил додааст, аз ҷумла аҳолӣ барои истифодаи барқ 1,3 млрд сомонӣ қарздор шудааст.
Реальные «Мстители». Как Парвиз Джамалов показывает историю таджикского народа через героев Marvel
Таджикистан призвал защитить ледники на фоне глобальной борьбы с опустыниванием
Вылившийся при крушении танкеров в Керченском проливе мазут вынесло на побережье в Краснодарском крае
«Никаких «смотрящих» и воров в законе». Камчыбек Ташиев заявил о победе над ОПГ в Кыргызстане
Таджикистан увеличил импорт зерна из Казахстана: более 1 млн тонн за 10 месяцев
Дефицит воды и ошибки управления. В Таджикистане становится все больше непригодных для сева земель
В Истаравшане возбуждено уголовное дело по факту доведения до самоубийства молодой женщины
Мирзиёев: В Узбекистане уволили почти 300 чиновников за лень и безответственность
Во многих районах ГБАО впервые за последние годы введен энерголимит
Трамп назвал данное Украине разрешение бить по целям в России «ошибкой». Он готов ее пересмотреть
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста