Дар Лаҳистон 5 шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони робита бо гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” (Тоҷикистон ин гурӯҳро террористӣ эътироф кардааст), мағзшӯйии лаҳистониҳову укроиниҳо ва қасди анҷом додани амалиёти террористӣ дар қаламрави Лаҳистон, ихроҷ кардаанд. Дар ин бора Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ дар такя бо Radio Poland хабар медиҳад.
То кунун шахсияти ин шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ихроҷ карда шудаанд, барои расонаҳо ошкор карда нашудааст. ВКД Тоҷикистон мегӯяд, то кунун ба онҳо дар ин замина иттилое нарасидаст ва шахсияти ин шаҳрвандон барои ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз маълум нест. Вале дар моҳи майи имсол 4 шаҳрванди Тоҷикистон дар ин кишвар боздошт шуда буданд. Он замон дар хабарҳо гуфта мешуд, ки нафари панҷуми ин гурӯҳ дар натиҷаи ҳамкории хадамоти байналмилалии зиддитеррористӣ дастгир карда шуд, ки моҳи декабри 2019 аз Лаҳистон фирор карда буд.
Ба навиштаи Ожонси амнияти дохилии Лаҳистон, ӯ қасд доштааст, ки ба Сурия биравад ва дар ҷиҳод ширкат кунад, то бо аъзои гурӯҳи террористии “Ал-Қоида” тамос барқарор кунанд.
Гуфта мешавад, ки баъди ихроҷ вуруди ин шаҳрвандони Тоҷикистон ба Лаҳистон ва кишварҳои дигари қаламрави Шенген мамнӯъ мебошад.
Ин бори аввал нест, ки дар Аврупо шаҳрвандони Тоҷикистон ба гумони робита доштан ба гурӯҳҳои террористӣ гунаҳкор дониста мешаванд.
4 август Албания шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон Комрон Зуҳуровро ба Олмон интиқол дод, ки барои узвият дар ДИИШ ва омодагӣ барои амалиёти террористӣ гунаҳкор мешуд. Додситонии ин кишвар гуфта буд, ки Зуҳуров мехост ба қароргоҳи неруҳои амрикоӣ дар Олмон ҳамла кунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
«Работники Рогуна могут не поститься». Муфтий Таджикистана рассказал, кому разрешено не держать рузу
Женщины-лидеры – лицо дипломатического и международного сообщества в Таджикистане
В Таджикистане совместно с Россией создадут промышленный парк
Ответы на самые частые вопросы про платные парковки в Душанбе
Встреча Зеленского с Трампом закончилась скандалом. Переговоры сорваны, украинская делегация досрочно покинула Белый дом
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Исторический компромисс, Навруз с Wildberries и без доступа на освещение выборов
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 1 марта 2025 года
Как поехать учиться в другую страну в 2025 году: возможности и стипендии для граждан Таджикистана
В Таджикистане завершились съёмки фильма «Тропа гнева». Когда его покажут?
Skype всё? В мессенджере заметили сообщение о скором его закрытии
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста