Имрӯз, 12-уми январ, дар вилояти Ботканди Қирғизистон мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи хати сарҳади давлатии кишварҳо - Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қамчибек Ташиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, баргузор гардид.
Дар ин хусус АМИТ “Ховар” бо такя ба КДАМ-и Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
“Зимни мулоқот роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон муҳокимаи масъалаи делимитатсияи хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар қитъаҳои боқимонда идома дода, ҷиҳати боз ҳам фаъол гардонидани гуфтушунидҳои гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматиҳо оид ба делимитатсия ва демаркатсияи хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон супоришҳои мушаххас доданд”, - менависад манбаъ.
Аз ҷараёни мулоқот маълумоти бештар манзур нагардида, танҳо зикр шудааст, ки он “дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд”.
Бояд гуфт, ин мулоқоти аввали Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев дар соли нави 2024 ва ду рӯз баъд аз суханони Ҳакан Фидан, вазири корҳои хориҷии Туркия оид ба имзои созишнома дар бораи сарҳад, аст.
Ҳакан Фидан 10-уми январи соли 2024 пас аз анҷоми сафари дурӯзааш ба Қирғизистон, бо як сафари расмӣ вориди Душанбе шуд ва баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон гуфт, имзои созишнома оид ба марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи март тайид шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ин изҳороти вазири корҳои хориҷии Туркияро шарҳ надодааст.
Ёдовар мешавем, ки дар охирин мулоқоти худ, санаи 12-уми декабр дар шаҳри Бодканд Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев иттилоъ доданд, ки то имрӯз 90 дарсади сарҳади давлатӣ байни ду кишвар муайян ва мувофиқа шудааст. Аммо дар мавриди санаи имзои созишнома чизе гуфта нашуд.
Пештар аз ин, рӯзи 11-уми декабри соли 2023, Содир Жапаров, раиси ҷумҳури Қирғизистон, зимни вохӯрӣ бо сокинони вилояти Ботканд изҳор дошт, ки ҳалли масоили марбут ба сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар арафаи аҷомёбӣ аст ва аз эҳтимол дур нест, ки ин масъала баҳори соли 2024 ба охир расад.
Ҷониби Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ аз санаи дақиқ ё эҳтимолии имзои созишнома оид ба сарҳад бо Қирғизистон сухан накардааст.
Ёдовар мешавем, ки дарозии умумии сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан 980 километр аст. Зиёда аз 400 километр баҳснок ҳисобида мешуд. Агар ба назар гирем, ки 90 дарсади хатти сарҳадӣ мувофиқа шудааст, пас хатти боқимондаи марз, ки то ҳол тавсиф нашудааст, тақрибан 98 километрро ташкил медиҳад.
Дар умум, аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳ шудааст.
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 27 ноября 2024 года
Подборка платформ, где вы можете учиться из дома на русском, таджикском и английском
Суд продлил арест еще трем фигурантам дела о теракте в "Крокусе", этапированным из Дагестана
В Пакистане произошли столкновения между полицией и сторонниками Имрана Хана
Как школьникам Таджикистана попасть в американскую программу Camp Rising Sun
Глава ВТБ: Без мигрантов экономика России не будет дышать
В Таджикистане задержан мошенник: он обманул 42 человека, обещая им поездку в Саудовскую Аравию
Стратегия выживания: Таджикистан готовится к изменению климата
Путин призвал не допустить дестабилизации ситуации в СНГ
В Таджикистане подешевели лимоны и морковь, а мясо и молоко подорожали
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста