Додгоҳи Басманнийи Маскав муҳлати ҳабси пешакии чаҳор гумонбари аслии ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Ҳол”-и Маскавро дубора барои 3 моҳ, яъне то 22-юми ноябри соли 2024 тамдид кард. Дар ин бора Хадамоти матбуотии додгоҳҳои салоҳияти қазоии умумидоштаи шаҳри Маскав хабар медиҳад.
Мурофиаи додгоҳӣ имрӯз, 16-уми август ба таври пӯшида баргузор шуд.
Ба иттилои манбаъ, мувофиқи қарори додгоҳ Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Шамсиддини Фаридун то 22-уми ноябри соли 2024 дар ҳабси пешакӣ боқӣ мемонанд.
Сабаби тамдиди муҳлати ҳабси пешакии онҳо шарҳ дода нашудааст.
Бо қарори ҳамин додгоҳ онҳо то 22-юми август бояд дар ҳабси пешакӣ қарор мегирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки ин бори дуввум аст, ки додгоҳи Басманнийи Маскав ҳукми чаҳор гумонбари аслии ин ҳамларо тамдид мекунад.
Рӯзи 16 майи соли равон додгоҳ муҳлати ҳабси онҳоро, ки аз рӯзи боздошташон 23-юми март то 22-юми май буд, барои 3 моҳ то 22-юми август дароз карда буд.
Мувофиқи ҳуҷҷатҳои судӣ вобаста ба ин ҳодиса 18 нафар дар боздошт қарор доранд.
Маъмулан, муҳлати ҳабси пешакӣ замоне тамдид мешавад, ки тафтишот барои исботи гуноҳи гумонбаршуда, далели кофӣ дар даст надорад.
Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фаридуни Шамсидин як рӯз пас аз ҳодисаи “Кроскус Сити Ҳол” -23-юми марти соли равон боздошт ва бо қарори Додгоҳи ноҳияи Басманнийи Маскав то 22-юми майи соли равон ба ҳабс гирифта шуда буданд.
Шеваи боздошту ба ҳабс гирифтани онҳоро ҳомиёни ҳуқуқи инсон интиқод каранд. Ҳамаи онҳо дар додгоҳ бо рӯи кафидаву осори зарбу лат намудор шуданд.
Наздикону пайвандон ва ҳамсояву омӯзгорони ҳамаи гумонбарон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, бовар надоранд, ки Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фариддуни Шамсиддин ҳамлаи террористӣ анҷом дода, даҳҳо нафарро кушта бошад.
Ёдрас мекунем, ки амали террористӣ дар толори “Крокус Сити Холл”-и вилояти Маскав шоми рӯзи 22 март рух дод. Пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” мардони мусаллаҳ ба тирпаронӣ дар толор оғоз намуданд, ки дар пайи он сӯхтор сар зада, майдони 13 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифт. Бар асари ин амали террористӣ 145 нафар ҳалок шуда, зиёда аз 550 кас осеб диданд.
Масъулияти ҳамларо бахши афғонистонии созмони террористии "Давлати исломӣ" - Вилояти Хуросон ба уҳда гирифт.
Баъди ҳамлаи террористӣ фишор болои муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби мақомоти Русия ва бегонаситезӣ аз сӯйи афроди алоҳида бештар шуд.
Маълумоти бештар дар бораи ин ҳодиса ва ҷараёни боздошти гумонбаронро дар ин пайванд хонед.
«Я не ожидала такой поддержки!» Модель из Таджикистана Сабрина Зухурова участвует в конкурсе Miss CosmoWorld
Иранская компания намерена дать работу 500 женщинам Хатлона
"Неделя международного образования" проходит в Душанбе
В Люберцах задержан гражданин Таджикистана за избиение пятимесячной дочери до смерти
Внешний долг Таджикистана продолжает расти. Незначительно
1000 дней войны в Украине в цифрах
«Благополучие детей висит на волоске». Какие права детей нарушаются в Таджикистане и какое будущее их ждет?
От рисовых полей до лидера в экономике. Как Китай стал экономическим гигантом
Узбекистан планирует упростить пересечение границ с Таджикистаном
Таджикский шахматист Сухроб Хамдамов стал чемпионом Азии
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста