Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи “Барқи тоҷик” мушкилоти таъминот бо барқро дар ҷумҳурӣ ба қарзи аҳолӣ назди ширкат марбут медонад.
Дар ин робита дар сомонаи АМИТ “Ховар” муроҷиатномаи ширкат нашр шудааст, ки дар зер манзуратон мегардонем:
“Истифодабарандагони муҳтарами нерӯи барқ!
Бояд ҳар яки мо огоҳ бошем, ки истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва сари вақт пардохтани маблағи барқи истифодашуда барои таъминоти пурра ва муназзами кишвар бо барқ аз шартҳои асосӣ ба шумор мераванд. Чанд сол муқаддам мо орзу мекардем, ки маҳдудият барҳам дода шавад. Инак, аз 14 январи соли 2017 инҷониб дар сар то сари ҷумҳурӣ ин маҳдудят бардошта шуд ва ин боиси кам шудани ташвишу ногувориҳои мардум гардидааст. Вале, мутаассифона, исрофи беҳудаи неруи барқ ва пурра пардохт нагардидани маблағи барқи истифодашуда имрӯз боиси нигаронии ҷиддӣ қарор дорад. Тамоми зимистон бо барқ таъмин будан, истифодаи дигар намудҳои сӯзишвориро маҳдуд намудааст, вале дар як вақт муштариён бобати пардохти ҳаққи барқ масъулияти ҷиддӣ нишон намедиҳанд. Ин аст, ки то имрӯз қарзи аҳолии кишвар аз барқ ба як миллиард сомонӣ наздик шудааст. Дар ин ҳолат таъмини пурра ва муназзами кишвар бо барқ хеле душвор ва то дараҷае ғайриимкон гардидааст.
Бале, барқ як неруи фавқулода ва барои зиндагиву рӯзгори мо хеле зарурист. Муштарӣ барои дастрас намудани он вақт сарф намекунад, пешакӣ маблағ ҳам пардохт намесозад; пахш намудани тугмачае кифоя аст, ки барқ ба хизмати мо, ба рӯшану гарм намудани манзили мо ва ҷои кори мо, ба осону гуворо намудани лаҳзаҳои ҳаёти мо бирасад… Вале оё мо боре андеша кардаем, ки ин неруи олиҷаноби бесадову бебӯву беранг ва ба ҳама дастрас бо чӣ душвориҳо, бо чӣ заҳматҳо тавлид меёбад ва то ба хонаи мо, то корхонаи мо интиқол ёфтанаш кадом масофа ва чӣ монеаҳоро пушти сар менамояд. Барқ ҳам монанди ангишт, ҳезум, газ ва дигар маводи сӯхт маҳсулот аст, нарху арзиш дорад. Аз ин рӯ, ҳангоми аз он истифода бурдан бояд маблағаш ҳатман пардохт гардад. Ин барои бо барқ таъмин будани мо ва такроран истеҳсол намудани неруи барқ хеле зарур аст.
Барои он ки ҳар як шахс ва кулли кишвари мо пурра ва бетаваққуф бо барқ таъмин бошанд, маблағҳои зиёде хароҷот мешаванд, зиёда аз 13 ҳазор нафар кормандони соҳа шабу рӯз, дар гармиву сардӣ машғули меҳнатанд, тамоми неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ беист барқ истеҳсол менамоянд, ҳамаи 60 804 километр хатҳои интиқоли барқ ва 18 617 адад трансформаторҳои иқтидорҳояшон мухталиф муттасил зери шиддатанд. Инчунин, барои бунёди неругоҳҳои нав, таъмиру таҷдиди неругоҳҳои мавҷуда, ки муҳлати истифодаи аксарияташон алаккай гузаштааст, таъмиру таҷдиди инфрасохтор, хулоса — фаъол нигоҳ доштани ниҳоди энергетикӣ низ маблағҳои калон лозиманд. Ба ғайр аз ин Ширкати «Барқи тоҷик» ҳар сол танҳо барои истифодаи об то 40 миллион сомонӣ андози роялтӣ месупорад. Бо назардошти ин ҳама, ҳар як муштарӣ агар ҳаққи барқи истифодашударо пардохт насозад, ҷиҳати такроран истеҳсол намудани неруи барқ ва таъминоти пурраи ҷумҳурӣ бо барқ душвориҳои ҷиддӣ пеш меоянд ва ҳатто имкони бемаҳдудият бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва идораю корхонаҳо халалдор мегардад.
Тамоми мушкилот бартараф мегардад, ба шарте, ки ҳамаи муштариён сари вақт ва пурра ҳаққи барқро пардохт намоянд. Бале, барқ маҳсулот аст ва ягон маҳсулот ройгон ба даст намеояд. Фарқият дар он аст, ки барои дигар навъи маҳсулот, ҳатто ҳар дақиқаи телефони мобилӣ, мову Шумо маблағро пешпардохт мекунем; яъне, аввал пулашро медиҳему баъд онро дастрас менамоем. Вале барқ насия дода мешавад, аввал онро мегирем, истифода мебарем ва баъд бояд маблағашро пардохт намоем. Аз ин рў, пардохти маблағи барқ нишонаи маданияти баланд ва аз гӯшаи имону виҷдони ҳар инсон аст. Бовар кунед, нисбат ба бисёр аз маҳсулоте, ки Шумо харидорӣ мекунед, масалан аз ҳамон дақиқаҳои телефони мобилӣ дида, барои мову Шумо барқ муҳимтару заруртар аст.
Вобаста ба ин ҳама ШСХК «Барқи тоҷик» ба Шумо, муштариён бо камоли эҳтиром муроҷиат менамояд, ки барои доимо бо барқ таъмин будан, ҳаққи барқи истифодашударо пурра ва сари вақт пардохт намоед. Мо ба хотири доимо нурборону пурзиё будани хонадони шумо ягон чизи зиёдатӣ талаб надорем. Фақат хоҳиш мекунем маблағи барқи истифода бурдаатонро, яъне маблақи барқи насия гирифтаатонро пардохт намоед!
Истифодабарандагони муҳтарами нерӯи барқ!
Алҳол Ширкати «Барқи тоҷик» имконияти техникии ба таври инфиродӣ хомӯш намудани барқи ҳар як муштарии қарздорро надорад. Аз ин рӯ, дар натиҷаи зам шудани қарзҳо моро лозим меояд, деҳаҳои алоҳида, ҷамоатҳо, шаҳраку микрорайонҳоро аз неруи барқ маҳрум созем. Аз дигар тараф, ин нисбат ба муштариёне, ки маблағи барқи истифода бурдаашонро сари вақт пардохт менамоянд, ноинсофӣ мешавад. Аз ин рў, мо ба шаҳрвандони ҳисси масъулияташон баланд хоҳиш менамоем, ки бобати пардохти маблағи барқи истифодабурдаашон нисбат ба ҳамсояҳои худ таъсир расонанд.
Ҷиҳати сари вақт ва пурра пардохт намудани маблағи барқи истифодашуда мо аз аҳли зиё, муаллимон, кормандони соҳаи санъат ва уламову имомхатибони масоҷид хоҳиш менамоем, ки дар тарғиби аҳолӣ кумаки худро дареғ надоранд. Дуздидани барқ ин дуздии оддӣ нест, балки он даст халондан ба кисаи давлат, ба хазинаи ҷомеа ва рабудани ҳаққи ҳамсояву ҳамдеҳа аст. Бигузор, уламои дини мубини ислом шарҳ диҳанд, ки хӯроке, ки бо барқи дуздӣ тайёр карда мешавад, оё ҳалол аст? Ё ибодати мусулмоне, ки барои ба намоз омода шудан аз барқи дуздӣ истифода мебарад, қабул мегардад? Дар суннати миллати мо дуздӣ бадтарин гуноҳ аст. Ҳатто пеш аз ҷаноза мепурсанд, ки маит оё аз касе қарздор нест? Ва дуздони барқ низ дер ё зуд албатта ба ҷазо гирифтор мешаванд!
Барои пешгирии исрофи беҳуда ва ғайриқонунӣ истифода бурдани барқ дар сатҳи баландатарини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои мушаххас пешбинӣ шудааст. Мутобиқи супориши банди 20-и протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2019, № 2 як қатор ниҳодҳои муҳими ҳукуматӣ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, дигар вазорату идораҳо ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дастур гирифтанд, ки муроҷиат ва корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ оид ба истифодаи сарфакорона ва сариштакоронаи қувааи барқ ва сари вақт пардохт намудани ҳаққи истифодаи барқро ба таври судманд ва оммафаҳм ба роҳ монанд. Ба низоми энергетикии кишвар дастур дода шудааст, ки интиқоли барқро ба ташкилоту корхонаҳои қарздор қатъ намоянд.
Тадбирҳои дар ин ҳуҷҷат пешбинишуда дахолати мунтазам ва ҷиддиро тақозо менамояд. Чунки вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз натиҷаи иҷрои супориши ин протокол бояд ҳар се моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
Истифодабарандагони муҳтарами нерӯи барқ!
Ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» ба ҳар сокини кишвар муроҷиат менамояд, ки худ бобати пардохти ҳаққи истифодаи қувваи барқ масъулияти баланд нишон диҳанд ва ҷиҳати ошкор намудани ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии он бетарафӣ зоҳир насозанд. Фаромӯш набояд кард, ки касе аз барқи дуздӣ истифода мебарад, сарфакорона истифода бурдани онро ба гӯшаи хотир ҳам намеорад. Чунин шахсони худхоҳу ғоратпеша боиси он мегарданд, ки ба таъминоти мову шумо бо барқ халали ҷиддӣ ворид гардад.
Мо ҳамеша дар фикри таъминоти пурраи аҳолии кишвар бо нерӯи барқ мебошем ва ин вазифаи ҷонии ҳар як корманди соҳаи энергетикаи мамлакат мебошад. Аз муштариёни муҳтарам бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоем, ки дар ин кори муҳим ба мо кумаку дастгирии худро дареғ надоранд. Ин ба манфиати тамоми ҷомеа мебошад”.