Ҳафтаи гузашта ширкати "Яндекс.Go", ки беш аз як моҳ гуфта мешуд, қасди ворид шудан ба бозори Тоҷикистонро дорад, эълон кард, ки сар аз 15 феврал дар Душанбе хидматрасонии онлайни фармоиши сафарҳоро ба роҳ мондааст. Ба ин шаҳрдорӣ дарҳол вокуниш нишон дода, изҳор дошт, ки фаъолияти ин ширкат дар кишвар ғайриқонунӣ аст. Дар навбати худ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таксиронҳоеро, ки аллакай бо ин ширкат ба кор сар карда буданд, боздошт намуданд.
Имрӯз ширкат асли воқеаро ба “Азия-Плюс” шарҳ дод.
“"Яндекс.Go" мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон кор мекунад. Модели хидматрасонии онлайн барои фармоиши сафарҳо барои кишвар нав аст, бинобар ин, сервиси моро иштибоҳан ба сифати мусофирбар қабул карда метавонанд, лекин ин тавр нест.
"Яндекс.Go" платфомаи байналмилалии иттилоотӣ мебошад. Мо худамон ронандаву мошин надорем. Бо шарикони мусофирбари маҳаллӣ кор мекунем, ки онҳо дар навбати худ, бо ронандагон кор карда ба корбарон хидматрасониҳои нақлиётӣ пешниҳод мекунанд”, - гуфта мешавад дар посухи хаттии ширкат.
“Аслан, платформаи мо ба корбарон кӯмак мекунад, ки дархостҳои сафари худро тавассути барнома ҷойгир кунанд ва ширкатҳои хидматрасони нақлиётӣ - онҳоро пайдо кунанд. Бинобар ин, аз ширкати хидматрасонии "Яндекс.Go" амалисозии фаъолияти ширкатҳои хидматрасонии нақлиётӣ (такси) талаб намешавад, аммо мо бодиққат назорат мекунем, ки шарикони мо иҷозатҳои заруриро дошта бошанд”, - шарҳ медиҳад ширкат.
Ба савол дар бораи бо кадом ширкатҳои такси дар Тоҷикистон кор кардан дафтари матбуоти "Яндекс.Go" посух надода, лекин зикр кардааст: “Мо барои ҳамкорӣ бо ширкатҳои таксии маҳаллӣ омодаем. Дар оғоз шарикони нав ва ронадагони онҳо фаъолона ҳамроҳ мешаванд”.
Дар ширкат зикр кардаанд, ки ҳамкорӣ бо шарикони хидматрасон дар саросари ҷаҳон бо шартномаи маъмулӣ танзим мешавад. Ҳамаи хидматрасониҳои байнулмилалии электронӣ дар соҳаҳои гуногун низ бо ҳамин усул кор мекунанд.
Дар хадамоти матбуоти ширкат такрор кардаанд: “шарикони муофирбари мо ба интихоби ронандагон машғуланд. Барои иҷрои фармоиши сервис, ронанда бояд бо ҳамин гуна ширкат дар Душанбе ҳамкорӣ карда, инчунин тибқи қонунҳои Тоҷикистон иҷозатнома дошта бошад. Ғайр аз ин, бояд як қатор талаботҳоро иҷро кунад, аз ҷумла анҷоми расмиёти қонунии автомашина, ранги рақамҳо ва ғайра.
Барои мо муҳим аст, ки шарикон мутобиқи қонунгузории маҳаллӣ кор кунанд.
Ғайр аз ин, мо бо мақомоти давлатии Тоҷикистон дар тамос буда, сохторҳои дахлдорро пешакӣ дар бораи оғози хидматрасонӣ дар кишвар огоҳ кардем”, - хабар доданд дар ширкат.
Дар ҳамин ҳол, дар ширкат доир ба шартҳои ҳамкорӣ бо паркҳои таксии Тоҷикистон ва тақсими даромад аз фармоишҳо хабар надода, танҳо зикр карданд, ки хидматрасонии онҳо, аз ҷумла “ба афзоиши даромади паркҳо ва ронандагони такси бо ёрии технология равона шудааст”.
“Фарқият аз рӯи маблағи фармоиш ғайриимкон аст”
"Яндекс.Go" ҳамчунин хабари сокини Душанбе Саъдӣ Ворисовро, ки аз хидматрасонии ширкат истифода бурда, дар ин хусус дар саҳифааш дар Facebook изҳори назар кард, низ шарҳ дод.
Ба гуфтаи ӯ, маблағи сафар назар ба маблағи дар замима зикршуда зиёд шудааст. Дар ҳамин ҳол, ӯ аз он шикоят карда буд, ки “дар замима, танҳо мошини комфорти қиммат фаъол аст. Интихобҳои арзонаш хомӯш”.
“Шояд бо сабаби бароҳат (комфорт) будани автомашина маблағ зиёдтар шудааст. Дар замима нарх 13 сомонӣ зикр гардида, ман 18 сомонӣ пардохт кардам. Лекин ронандагон қаноатманданд. Ронандаи ман - марди калонсол гуфт, ки аз хидматрасонии маҳаллии “Як.Такси” ба "Яндекс. Go" гузаштааст”, - менависад Ворисов.
Ба ин навишта хадамоти матбуоти ширкат чунин посух додаст: “Арзиши сафар пешакӣ маълум буда, онро корбар ҳангоми фармоиши мошин дар замима мебинад. Фарқияте, ки корбар мегӯяд, дар хидматрасонии мо ғайриимкон аст. Илова бар ин, хадамоти дастгирӣ ҳамаи муроҷиатҳоро санҷид, вале ба мо чунин дархост нарасидааст”.
Қаблан ширкат хабар дода буд, ки ба фармоишҳо автомашинаҳои нав ва бароҳате ба мисли Toyota Corolla, Hyundai Elantra, Kia Rio, Hyundai Solaris меоянд.
Бояд гуфт, ки пас аз нашри эълонҳо ва хабар дар хусуси оғози фаъолияти ширкати “Яндекс GO” дар Душанбе, ҳафтаи гузашта шаҳрдории Душанбе гуфт, ки "фаъолияти ин ширкат дар пойтахт ғайриқонунӣ ба роҳ монда шудааст".
Дар пайи ин, Раёсати ВКД дар Душанбе, бо нашри акси ронандагони боздоштшудаи такси, дар сомонаи худ навиш, ки "фаъолияти ширкати мусофиркашонии "Яндекс такси" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайрирасмист".
Гуфтан ба маврид аст, ки хабарҳо дар хусуси воридшавии ширкати “Яндекс GO” ба бозори хидматрасонии таксии Тоҷикистон замоне расонӣ шуд, ки кормандони БДА-и Душанбе ба чидани рақами қайди давлатии таксиҳое пардохтанд, ки соли бароришашон аз то соли 2016 аст. Он замон мақомот бо ҳар баҳона сабаби аслии ин иқдомро шарҳ надоданд, аммо маҳз дар он замон пайдо шудани эълонҳои таблиғотии ин ширкат дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтугӯҳоро дар хусуси вориди бозор шудани “Яндекс GO” зиёд намуд.
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Очередная смерть солдата, отчаянное видеообращение и награда за поддержку Ягноба
Жапаров подписал закон о запрете электронных сигарет в Кыргызстане
МВД России начинает лишать российского гражданства за непринятие присяги
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 23 ноября 2024 года
Ловушка для Тамкин. Или почему женщины в Таджикистане должны за себя постоянно бороться?
Как оформить банковскую карту в Таджикистане, а забрать - в России
«Не победила, но гордо представила свой народ». Сабрина Зухурова о своём участии в конкурсе Miss CosmoWorld
Власти Узбекистана планируют трудоустроить в развитых странах свыше 200 тысяч узбекистанцев
Ряд населенных пунктов ГБАО получили статус села, а некоторые переименованы
Чартерные полеты внутри Таджикистана: подробности от «Таджик Эйр»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста