Ноҳияи Ашти вилояти Суғд натанҳо бо захираҳои зиёди намаксанг ва гили табобатӣ машҳур аст. Дар ин ҷо зардолуҳое мерӯянд, ки таъму ширинии онҳо дар ҷаҳон ҳамто надоранд. Аммо бо сабаби сатҳи баланди муҳоҷирати меҳнатӣ, касе нест, ки ҳосилро ҷамъоварӣ кунад ва пардохти меҳнати коргарони кироя чандин маротиба гарон шудааст.

Интихоб нест

Ноҳияи Ашт яке аз бузургтарин минтақаҳои боғу токзорҳо дар шимоли Тоҷикистон мебошад. Масоҳати умумии онҳо тақрибан 20 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки 90%-и ин заминҳо ба боғҳои зардолу рост меоянд.

Камолиддин (ном иваз шудааст), сокини шаҳраки Шайдон (маркази маъмурии ноҳияи Ашт), зиёда аз 20 сол аст, ки ба парвариши зардолу машғул аст. Масоҳати боғҳои ӯ 50 гектарро ташкил медиҳад.

Ӯ мегӯяд, ки солҳои охир бинобар норасоии қувваи корӣ, маҷбур аст худаш дар ҷамъоварии ҳосил иштирок кунад. Ҳамчунин ҳоло коргарон хеле каманд, зеро аз ноҳияи Ашт натанҳо мардон, балки тамоми аҳли оилаҳо низ ба Русия кӯчидаанд.

«Қаблан мо коргаронро интихоб мекардем, масалан, занон ва кӯдаконро намегирифтем, фақат мардони ҷисман қавӣ ва тобоварро ҷалб мекардем, - мегӯяд Камолиддин. – Ҳоло бо камбуди шадиди қувваи корӣ дучорем.

Агар чанд сол пеш дар мавсими ҷамъоварӣ дар боғҳои ман 40-50 нафар кор мекарданд, ҳоло агар 5-10 нафарро ҷамъ кунем ҳам, ин аллакай хуб аст».

Ба гуфтаи боғдорон, аз сабаби норасоии қувваи корӣ, нархи меҳнати кироя чандин маротиба баланд шудааст. Ҳоло ҳадди ақалли пардохти хидматрасонии коргар барои ҷамъоварии ҳосил аз 150 сомонӣ дар як рӯз оғоз мешавад.

«Мо ҳанӯз имконияти автоматӣ кардани ҷамъоварии ҳосил, ба навъҳо ҷудокунии зардолу ва гирифтани донакҳоро надорем. Аз ин рӯ, барои ҳамаи ин корҳо одамон лозиманд. Ҳоло ин дар ҳақиқат ба мушкили бузург табдил ёфтааст. Қисме аз коргарони мо аз деҳаи Гудос буданд. Ҳоло аз он ҷо 80% сокинон кӯчида рафтаанд, фақат пиронсолон боқӣ мондаанд», - мегӯяд мусоҳиби мо.

Бино ба маълумоти Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат дар вилояти Суғд, то моҳи июли соли 2024 тақрибан 24 ҳазор сокинони ноҳияи Ашт дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ки 7 ҳазор нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Омори пешниҳодкардаи ин ниҳод нишон медиҳад, ки раванди муҳоҷирати сокинон танҳо афзоиш меёбад. Дар охири соли 2023 ин нишондиҳанда 17,5 ҳазор нафарро ташкил медод, ки 5 ҳазори онҳо занон буданд.
Бо сабаби норасоии коргарон, занону кӯдакон ҷалб мешаванд

Бомазатарин ва ширинтарин

Маъмулан боғҳои зардолу барои бисёре аз сокинони ноҳияи Ашт манбаи асосии даромади оилавӣ маҳсуб меёбанд. Қисме аз ҳосили ҷамъоваришуда дар ҳолати тару тоза фурӯхта шуда, боқимондаашро хушк мекунанд ва дар зимистон мефурӯшанд.

Боғдорони маҳаллӣ зиёда аз 30 навъи зардолуро парвариш мекунанд. Дар байни онҳо навъҳои маҳаллии «мирсанҷалӣ», «қандак», «бобоӣ», «майский», «мочалка», «лола», «юбилейный» ва ғайра хеле машҳуранд.

Бинобар сабаби норасоии яхдон барои нигоҳдории меваҳо, боғдорони маҳаллӣ маҷбуранд, ки дар давоми чанд рӯз зардолуро ҷамъоварӣ намуда, ба харидор фиристанд.

Тибқи гуфтаи сокинони маҳаллӣ, чанд сол пеш зардолуҳо то 17 май мепухтанд, аммо ҳоло бо сабаби болоравии ҳарорат дар саросари ҷаҳон, ҷамъоварии ҳосил аз 9 май оғоз мешавад.

 

Яке аз навъҳои зардолуи Ашт
Сурат: Asia-Plus

Назар ба кор дар замин, кор дар муҳоҷират бештар фоиданок аст

Ба ҳисоби миёна дар 1 гектар замин аз 160 то 220 дарахти зардолу мерӯяд. Барои ҷамъоварии ин миқдор ҳосил ҳадди ақалл 8 нафар лозим аст.

Сокини шаҳраки Шайдон Ширин (зан хоҳиш кард, ки насабаш гуфта нашавад) соҳиби 3 гектар боғҳои зардолу мебошад. Аз чор писараш се нафари онҳо бо оилаҳояшон ба Русия кӯчидаанд.

“Ман шавҳар надорам, бинобар ин ҳосилро бо писарам ҷамъоварӣ мекунем. Барои киро кардани коргарон пул лозим аст - ҳоло касе бо камтар аз 200 сомонӣ ба чунин кор розӣ намешавад. Ҳатто хоҳишмандон низ каманд, мардум бо оилаҳояшон ба Русия кӯчида истодаанд», - нақл мекунад зан.

Дар мавсими ҷамъоварии ҳосил (ки аз моҳи май то июн давом мекунад), Ширин бо писараш дар як манзили муваққатӣ, ки дар замин сохта шудааст, зиндагӣ мекунанд.

«Қаблан дар ҷамъоварии ҳосил мушкиле надоштем. Ҳамаи аҳли оила ба заминҳо мебаромаданд ва кӯдакони ҳамсоя низ кумак мекарданд. Барои онҳо ин як навъ лагери кории тобистона буд. Ҳоло бошад, дар ду хона одамон зиндагӣ карда, дар чор хонаи дигар касе нест. Тамоман одам намондааст», - мегӯяд зан.

Кӯчаҳои холиву беодами Шайдон
Сурат: Asia-Plus

Фарангис Шарипова, ки кӯдакии худро дар ноҳияи Ашт гузаронидааст, он лагерҳои «меҳнатии» тобистонаро хуб дар хотир дорад. Тамоми мавсими ҷамъоварии зардолуро ӯ бо дигар кӯдакон дар замин мегузаронд ва ба калонсолон ёрӣ медод.

«Мо зардолуро бо усули анъанавии ҳашар ҷамъоварӣ мекардем, яъне ин ёрии дастаҷамъонаи ихтиёрӣ буд, - мегӯяд зан. - Ҳеҷ кас барои ин пул намегирифт. Барои мо, кӯдакон як шириние мисли шоколад кофӣ буд. Албатта, ҳоло замон дигар шудааст, ҳеҷ кас бепул кор намекунад. Дар ноҳияамон ҳам одамон ҳарчи камтар мемонанд.

Барои бисёриҳо кор дар Русия нисбат ба даромад аз ҷамъоварии мавсимии зардолу манфиатноктар аст. Ин кори вазнин аст».

Фарқи даромадро таҳлилгарон низ нишон медиҳанд. Масалан, тибқи таҳқиқоти Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ, як деҳқони тоҷик дар як моҳи кор дар Русия метавонад ҳамон қадар даромад ба даст орад, ки аз 1 гектар замини худ дар тӯли 7-8 моҳ мегирад.

Бинобар сабаби норасоии коргарон пардохти пули коргарони кироя бамаротиб боло рафт
Сурат: Asia-Plus

Хубтар барои касонест, ки замин надоранд

На ҳамаи одамоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, имкон доранд, ки боғҳои худро нигоҳубин кунанд.

Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, баъзеҳо бо деҳқонон шартнома мебанданд, то онҳо бо пардохти музде дарахтонро нигоҳубину онҳоро об диҳанд. Дигарон дар мавсими ҷамъоварӣ ба ватан бармегарданд ва ҳосилро бо нархи паст фурӯхта, зуд дубора бармегарданд.

Аммо на ҳама чунин имконият доранд, аз ин рӯ, ҳарчи бештар қитъаҳои боғҳои бесоҳиб монда, дарахтон тадриҷан хушк мешаванд.

Сокинон мегӯянд, ки ҳоло таҷрибаи «50/50» маъмул аст — яъне нисфи боғи худро барои ҷамъоварии ҳосил ройгон медиҳӣ.

Макони зисти муваққатии боғдорон дар мавсими ҷамъоварии ҳосил
Сурат: Asia-Plus

«Дар асл, фоиданоктар барои касонест, ки замин надоранд: онҳо барои андозу обёрӣ ва нуриҳои минералӣ хароҷот намекунанд. Онҳоро танҳо лозим аст, ки ҳосилро ҷамъоварӣ кунанд. Аммо деҳқонон нисфи даромади худро аз даст медиҳанд ва боқимондаашро боз ба боғҳо сармоягузорӣ мекунанд. Онҳо маҷбуранд, ки ин корро кунанд, танҳо барои напӯсидани ҳосил», - мегӯяд боғпарвар Камолиддин.

Камбуди об ва эрозияи хок

Яке аз мушкилоти ҷиддӣ барои боғдорони ноҳияи Ашт норасоии об барои обёрӣ мебошад.

Аксари заминҳои кишоварзӣ аз ҳисоби канали Фарғона, ки аз дарёи Сирдарё дар ҳудуди Ӯзбекистон об мегирад, обёрӣ мешаванд.

Аммо бо сабаби азхудкунии заминҳои нав дар кишвари ҳамсоя, сатҳи маҷрои об тавассути ин канал чандин маротиба коҳиш ёфтааст.

Илова бар ин, таҷҳизоти пойгоҳҳои обкашӣ, ки ҳанӯз дар даврони шӯравӣ насб гардида буданд, корношоям шудаанд. Ҳоло, ба гуфтаи деҳқонони маҳаллӣ, аз чор обкаш (насос) танҳо яктоаш кор мекунад.

«Нисбат ба себ, нок ё гелос зардолу дарахти хеле тобовар ва мутобиқ ба гармӣ аст. Муҳимаш – сари вақт об додан аст, - шарҳ медиҳад боғпарвар Камолиддин. - Дарахтони зардолуро дар як моҳ 3 маротиба об додан лозим аст. Ҳоло бошад, мо метавонем танҳо як маротиба дар 20 рӯз об диҳем. Бахусус барои боғҳои дурдаст, ки об то он ҷойҳо намерасад, душвор аст».

Барои ҳалли мушкили об дастрас кардани оби зеризаминӣ тавассути пармакунии чоҳҳо метавонад ёрӣ расонад, аммо барои ин маблағҳои калон лозиманд. Ғайр аз ин, хок дар ноҳияи Ашт хеле серсанг буда, барои коркарди он техникаи махсус лозим мешавад, ки барои як деҳқони оддӣ дастрас нест.

1/5

Мушкили дигаре, ки ба он натанҳо заминҳои ноҳияи Ашт, балки тамоми Тоҷикистон осебпазиранд, ин таназзули заминҳо ва эрозияи хок мебошад.

Муҳаққиқон зикр мекунанд, ки тақрибан 30% заминҳои кишоварзии Тоҷикистон дар ҳолати бад қарор доранд – ин баландтарин нишондиҳанда дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.