Корҳои сохтмони қисмати дуюми лоиҳаи сохтмони канали “Қуштеппа” дар Афғонистон 58% иҷро шуд. Дар ин бора дар шабакаи иҷтимоии Х намояндаи лоиҳаи Ширкати миллии рушди канали “Қуштеппа” Саид Забеҳулло Мирӣ хабар додааст.
Гуфта мешавад, айни замон ба корҳои сохтмони канал 3,5 ҳазор нафар одамон ҷалб шуда, 3 ҳазор мошину техника сафарбар шудааст. Саид Забеҳуллоҳ Мирӣ илова намудааст, ки канали “Қуштеппа” баъди 5 сол мавриди истифода қарор мегирад.
Бо назардошти нақшаҳои Толибон*, канали “Қуштеппа” бояд ҳудуди 500 ҳазор гектар заминро дар вилоятҳои Балх, Ҷузҷон ва Форёб бо об таъмин кунад.
Қаблан коршиноси афғонӣ оид ба идоракунии захираҳои обӣ Наҷибулло Садид изҳор дошта буд, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани канали “Қуштеппа” Афғонистон ҳар сол ба ҳисоби миёна 500 млн доллар даромад мегирад.
Ҳамчунин пештар зикр гардида буд, ки бо анҷоми сохтмони канал Афғонистон то 15% оби Амударёро мегирад, ки ин дар навбати худ, барои Ӯзбекистон ва Туркманистон мушкилоти ҷиддӣ ба бор меорад.
Тибқи нақша, дарозии канал бояд 285 километр, бараш - 200 метр ва чуқуриаш - қариб 8,5 метрро ташкил диҳад.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - «Афғонистон» бихонед.