Парлумони Қирғизистон тағйирот ба қонун дар бораи интихоботро дар се қироат маъқул шуморид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Жогорку Кенеш.

Мувофиқи ин тағйирот, ҳадди ҳаққи иштирок дар интихобот аз 7 то 3% ва гаравпулии интихоботӣ аз 5 то 1 млн сом (12 ҳазор доллар) поин бурда шудааст. Ҳамчунин овоздиҳӣ тариқи шакл (форма)-и 2 бекор карда шуд. Ин шакл ба шаҳрвандон имкон медод, ки дар берун аз макони қайдашон овоз диҳанд.

Тасдиқи лоиҳаи нави қонунро вакилон Олтинбек Сулаймонов, Айсулуу Мамашова, Абдуваҳҳоб Нурбоев, Мирлан Жеенчороев ва Жанар Акаев пешниҳод карда, зимни овоздиҳӣ он аз ҷониби 84 нафар вакилон дастгирӣ ёфт.

Қаблан Кумита оид ба қонунгузории конститутсионӣ, идоракунии давлатӣ, маосили судиву ҳуқуқӣ ва Регалменти Жогорку Кенеш лоиҳаи қонуни мазкурро дар қироатҳои дуюму сеюм маъқул донист.

Раиси Жогорку Кенеш Кантабек Исоев изҳор доштааст, ки қарори ҳамаи шаш фраксия мавҷуд аст, ки ба якбора қабул кардани лоиҳаи қонун дар се қироат имкон медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.