Муштзани маъруфи кишвар Шоира Зулқайнароваи 23-сола дар қувваозмоии роҳ ёфтан ба даври нимфиналии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс, ки дар шаҳри Деҳлӣ (Ҳиндустон) ҷараён дорад, ба шикаст дучор гардид, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон.

Шоми рӯзи 20 ноябр, дар рақобати даври чорякфиналӣ Шоира қувваозмоиро дар вазни то 64 кило бар варзишгарзани Чин Доу Дан бо ҳисоби 0 бар 5 бохт.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар даври муқаддамотӣ дар вазни то 64кг Шоира бар варзишгари Пуэрто Рико Стефан Ақуино бо ҳисоби 5:0 ва бар намояндаи Чех Мартина Сморанзова бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард.

Гуфта мешавад, ду варзишгари дигари кишвар дар даври аввал аз ҳарифонашон шикаст хурданд: Миҷгона Самадова дар вазни -57кг аз варзишгари Кореяи Шимолӣ Ҷо Сун Ҳуа ва Гулмира Исроилова дар вазни -81кг аз намояндаи Белорус Викториа Кабикова.  

Зикр мегардад, ки Чемпионати ҷаҳон миёни бонувон 15 ноябр дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон оғоз гардида, то 24 ноябр идома меёбад. Дар чемпионат ҳудуди 350 варзишгардухтари ин намуди варзиш аз 73 давлати ҷаҳон ширкат доранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.